arzon replenishment
КАЛЯНКАШОНРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ?
3775

Яке аз проблемаҳое, ки ҷомеаи моро ба торикӣ бурда истодааст, ин ба марказҳои дилхушӣ ва колянбарҳо рӯ овардани ҷавонон мебошад. Хонандагони мактабу донишҷӯёни донишгоҳҳои кишварамон харидорони асосии калян буда, “калянбизнесмен”-ҳо аз ҳисоби онҳо киссаҳои бетагашонро то кафидан пур мекунанд.

Лекин он ҷавонони кӯтоҳандеш бехабар аз онанд, ки худро ба оғӯши марг мепартоянд. Қадами аввал ба сӯйи каляну арақнӯшӣ сигоркашӣ мебошад. Сигор инсонро “ошиқ” - и худ карда, оҳиста - оҳиста “дилдода” - ашро ҷониби маводи заҳролуду хатарнок роҳнамоӣ мекунад. Сигоркашӣ то як давраи муайян кайфиятбахш ҳасту халос. Барои “доза”-и кайфият бисёр шудан ин тоифа ҷавонон дар ҷустуҷӯйи дигар сарчашмаҳои сархушкунанда, ба мисли калянбару клубҳои шабона мешаванд. Аз дигар ҷониб рӯ овардан ба калян мӯд шудааст, чунки аз нигоҳи ҷавонони калянкаш гӯё ҷавонӣ ҳамин асту барои ҷавонон ин гуна амалҳо зебанда аст.

Тибқи хулосаи табибон одамоне, ки ба чунин амалҳо даст мезананд, оҳиста - оҳиста қобилияти фикрронии худро аз даст дода, ба бемориҳои гуногуни ҳатто маргбор гирифтор мешаванд. Инчунин, аз онҳо насли солим ба дунё омадан дар гумон аст. Зарари чунин одамон солҳои зиёд ба ҷомеаи мо мерасад.
Нафароне, ки ба чунин амалҳои паст даст мезананд, номуси падару модарашонро ба хок яксон менамоянду ҷомеаро доғдор мекунанд. Калян дуд кардану “бакали” арақ бардоштан барояшон аз волидайну наздикон гуворотар аст.
Ин ғоратгари кисса бо номи Каляни низ як навъи тамоку буда, дар Ҳиндустон бо номи “галюн” (Ghalyun) пайдо шудааст. Сипас, он аҳолии Ҳиндухитой ва Марокашро низ бо абри сиёҳи худ печонда гирифт. Он дар асри XIX бозори сиёҳи Аврупоро гарм кард. Арабҳо онро “шиша” ё “наргилла” меноманд. Ин маводи сархушкунанда дар заминҳои Афғонистон баробари ҳашиш корида мешавад. Бояд зикр кард, ки наргила ном гирифтани “калян” бесабаб нест, чунки норгила номи дарахти чормағз буд ва аввалин бор ҳам чилимро аз чӯби ҳамин дарахт сохтаанд. Байни каляни даврони гузашта ва муосир тафовути калоне дида мешавад, чунки дар гузашта калян нисбатан безарартар буд.


НОМАРДИИ ПАДАРАМ МАРО ПИРДУХТАР КАРД


Калянкашон барои фиреб додани худ ё ба ибораи дигар сафед кардани амалашон калянро безарар муаррифӣ мекунанад, вале таъкид намудан бамаврид аст, ки зимни омодакунӣ ба дохили калян якчанд номгӯи маводи хушбӯйкунанда ҳамроҳ карда мешавад, ки ба истифодабаранда эҳсоси гуворову форам мебахшад. Дар он дуди тамокуро полоиш дода, сипас, нарму хунук карда, барои маззагирӣ аз об ва спирт пур мекунанд. Дар зарфи обдор бошад найчае пайваст аст, ки тавассути он дуд ба зери об рафта ба воситаи қубури дигар ба димоғи истифодабаранда меравад. Кори филтр ё тозакуниро асосан об иҷро мекунад.
Ба мо маълум аст, ки тамоку дорои никотин буда, консентратсияи он дар як куттии 50 - грамма ба 0,05% баробар мебошад. Тасаввур кунед қуттие, ки 50 грамм тамоку дорад, дар таркибаш 25 мг никотин мавҷуд аст. Ҳангоми тайёр кардани калян як куттиро 4 маротиба истифода мекунанд. Яъне, барои як маротиба истифода кардани калян 6,25 мг никотин рост меояд. Агар мо калянро бо сигор муқоиса кунем, зарараш нисбати он даҳҳо маротиба зиёдтар аст. Сигор дар таркибаш 0,8 мг никотин ва чилим бошад 7,5 маротиба зиёдтар никотин дорад. Ҳангоми истифодаи калян инсон хуморӣ шуда, ҳарорати баданаш баланд мешавад. Дар натиҷа кори дили истифодабаранда суст шуда, дар узвҳо камҳаракатӣ дида мешавад. Тибқи нишондоди Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ солона тахминан 5 млн. одам дар натиҷаи истифодаи тамоку ва майзадагӣ ба ҳалокат мерасанд.Хонандаи азиз, истифодаи чунин маводи ифлос тибқи ҳадису оятҳои ислом низ манъ шудааст. Калян (чилим) ва тамоку ҳам аз шумори чунин маводи манъшуда аст. Истеҳсолгарони сигор, тамоку ва калян ба хотири худсафедкунӣ дар пушти қуттӣ “Истифодаи тамоку ба саломатии шумо зарар дорад!” навиштаанд. Агар онҳо ҳақиқатан ғами саломатии мову шуморо мехӯрданд, ба ҷойи ин маводи зарарнок ягон истеҳсолоти манфиатоварро ба бозор мебароварданд. Пас, биёед, мо ҳам худамонро дидаю дониста ба коми марг тела намедиҳем. То кай мо хӯрҷинкиссаи пурнашавандаи он душманони саломатиро пур кунем, ҳол он ки онҳо ҳеҷ дар фикри беҳбудии мо нестанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД