Овозхони ҷавон ва шинохтаи тоҷик Меҳрнигори Рустам акси худро бо ҳунарпеша ва сарояндаи эронии муқими Амрико Гугуш нашр намуд.
Як рӯз қабл овозхон дар саҳифаи Инстаграми худ навореро аз ҷараёни консерти Гугуш дар шаҳри Ню-Йорк ва аксеро ҳамроҳаш нашр намуда, меҳру муҳаббати самимии худро нисбат ба ӯ баён кардааст.
“Имрӯз бо модарам ба консерти мӯҳташами ин бонуи ҳунар роҳ ёфтем. Ин орзуи модарам буд ва шукр, ки модарамро ба орзуяш расондам. Пушти саҳна гуфтугӯҳову оғӯшҳову ашкҳову самимиятҳое доштем бо хонум Гугуши азиз. Шуморо дӯст медорам, Гугуш”,-навиштааст Меҳрнигори Рустам дар зери навор.
Ҳамзамон, овозхон барои таклиф ба барномаи консертӣ аз Шаҳром Норз, продюсери Гугуш миннатдор аст.
Ёдовар мешавем, ки Меҳрнигори Рустам пас аз бурди корти сабзи Амрико бо модараш дар хориҷ аз кишвар қарор дорад ва корҳои эҷодии худро низ ҳамон ҷо идома дода истодааст.
Овозхон ва ҳунарпешаи эронии муқими Амрико Гугуш низ аз соли 2000-ум инҷониб дар шаҳри Лос-Анҷелоси Амрико зиндагӣ ва фаъолият мекунад. Баъди як Инқилоби исломӣ аз соли 1979 ҳунарнамоии Гугушро дар Эрон манъ карданд.