formula
Ишқи Шаҳноза писарамро кушт
2016

Писарам Акбарҷон Шаҳноза ном духтареро сахт дӯст медошт. Тамоми ҳаққу ҳамсояҳо рафтору кирдори бади он духтарро хуб медонистанд ва таъкид мекарданд, ки писарамро аз роҳи хато баргардонам, вагарна ин духтар як рӯз не, як рӯз ба сари фарзандам балои азимеро меорад.

Чанд бор гуфтам, ки «Ҳой бача, дигар думболи он духтар нагард, ҳама ӯро бероҳаю бадгашт мегӯянд», вале писарам чунон асиру волаи ҳусну ҷамоли Шаҳноза гашта буд, ки ба ҷуз вай дигар ҳеҷ касро намедид. Акбари ошиқи шайдо рӯзе ба Шаҳнозааш гуфтааст, ки тайёр шав, имрӯз ё пагоҳ ба хонаатон хостгор мефиристам. Шаҳноза писханд зада гуфтааст: «Ту дар бисотат ба ғайр аз модарат дигар чӣ дорӣ, ки зан гирифтан мехоҳӣ?! Пул надорӣ, мол надорӣ, мошин надорӣ, падари ман чунин домодро магар ба сарашон мезанад?!» Акбарҷон сари нангу номус омада: «Шаҳноза, маро бо чашми кам мабин, ба хотири ту ба муҳоҷират рафта кор мекунам ва Худо хоҳад, соҳиби ҳама чиз мешавам» гӯён, бедимоғ ба хона баргаштааст.


ҶУФТИ ТИЛЛОӢ ДАР ХИЁБОН(ВИДЕО)


Ҳамин тавр, ду рӯз пас ба хотири ишқу муҳаббаташ писарам рахти сафар баста ба мулки рус пулкоркунӣ рафт, то бо маблағи кироӣ баргашта, бо тӯю тамошо маҳбубаашро ба хона биёрад. Бачаи бечораи ман ба хотири ин духтар дар мулки бегона ранҷу азоб мекашиду Шаҳнозаи бевафо бошад, дар ин ҷо бо кайфу сафои худаш машғул буд ва заррае парвои Акбар надошт. Як рӯз ҷӯраҳои писарам ба мошини бадвоҳимае нишастани Шаҳнозаро дида, он мошинро пайгирӣ мекунанд. Ронанда мошинро дар лаби ғоре нигоҳ доштааст ва аз он се марди тануманд фаромада, ҳамроҳи Шаҳноза ба ғор даромадаанд. Дар он ҷо қариб як соат ҳаял карда, онҳо чӣ номаъқулиҳо кардаанд, танҳо Худо медонаду худашон. Ҷӯраҳои писарам ҳамаашро дар телефонҳояшон сабт карда, оварда ба ман нишон доданд. Бо дидани он наворҳо ҳуш аз сарам парид. Намехостам писарам барои ин духтари тардоман дар мулки ғарибӣ азоб кашида гардад, барои ҳамин худро бемор вонамуд сохта, аз Акбарҷон хоҳиш кардам, ки ҳарчи зудтар ба Ватан баргардад. Ҳамон шоми ба Ватан баргаштанаш ҷӯраҳояш наворҳоро ба писарам нишон додаанд. Акбарҷон, ки бисёр бачаи баномус буд, ба шармандагии арӯси хиёнаткораш тоб наоварда, баъди рафтани дӯстонаш раги дастонашро бо корд буридааст. Мани бадбахт вақте аз ин ҳодиса хабардор шудам, ки писаракам дар талвосаи ҷонканӣ буд. Акбарҷонро дарҳол ба духтур бурдем. Табибон ҷонашро харида бошанд ҳам, писарам ақлашро аз даст дода девонаавзоъ шуда монд. Қариб 13 сол касалбонӣ кардам, вале писарам дигар ба худ наомад ва оқибат бо дарду доғи Шаҳнозаи фоҳиша ин дунёро падруд гуфт. Зиндагӣ баъди марги писарам дар назарам бемаънӣ менамояд. Дигар зистан намехоҳам. Шабу рӯз Худоро зорӣ мекунам, ки ҷони маро бигирад, то ба назди Акбарҷонам равам, вале парвардигор нолаи дили сӯхтаи маро намешунавад….

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД