Arzon march 2024
Гузал бо айби профессори зоишгоҳ ҷон дод? (3 -акс)
23245

Чанд рӯз қабл дар яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе як модари тоҷик ,баъди таваллуд карданаш аз хунравии зиёд ҷон ба ҷонофарин супурдааст.

Тавре Нилуфар Мухторова, хоҳари хурдии марҳум дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, хоҳарам Гузал бо айби духтур риштаи ҷонаш канда гашт. Ҳамчунин қайд кардааст, ки  нафарони зиёд, шояд ин ҳодисаи ба сари мо омадаро дида, аз рафтан ба назди чунин дутурон худро канор гиранд. Ман умедворам, ки шумо дард ва фиғони қалби моро мешунаведу мефаҳмед.
Мавзуф зикр кардааст, ки рӯзи ҷумъаи гузашта, пас аз 9- ум рӯзи таваллуди фарзандаш, хоҳарам Мухторова Гузал Ҷаҳонгировна бо иштибоҳи духтур Абдураҳманова Фирӯза Муиновна, ки худро профессор номида буд, вафот кард.⠀
Хоҳарам Гузал дар он лаҳзае, ки  бо марг даст ба гиребон буд, профессор Фирӯза Абдураҳманова бо баҳонаи ба охир расидани рӯзи корӣ ба хонааш рафт. Ҳатто раҳмаш наомад, ки хоҳарамро муина кунаду илоҷи табобатро ёбад.
Хоҳари марҳум дар охири мактубаш гуфтааст, ки ҳангоми ҳомиладорӣ Гузал ба ягон мушкили рӯбарӯ нашуда буд. Пеш аз таваллуд, ба ӯ сӯзандорӯ барои кушода кардани роҳи бачадон гузаронданд. Дар натиҷаи ин сӯзандорӯ бачадони Гузал ба тазриқ(разрыв) шурӯъ намудд. Ин ҳолати ӯро духтурон дида бошан ҳам, вале беаҳамиятӣ зоҳир карда, чораҳои зарурӣ наандешиданд.
Гузал дар зери наркоз, баъди азобҳои зиёд духтарча таваллуд кард, вале натавонист рӯи мубораки тифлашро бубинад. Пас аз таваллуд ӯ дар давоми 9 шабонарӯз беҳушу беёд хобида аҳволаш рӯ ба беҳбуди наовард. Баракс хуни зиёдро аз даст дода буд. Духтурони бераҳм ба ҳеҷ кас иҷозати даромадан ба ҳуҷраи Гузалро намедоданд.
Ба наздиконаш ҳамеша мегуфтанд, ки вазъ муътадил асту ҳамааш хуб мешавад, аммо соате пас ҷасади беҷони хоҳарамро ба берун бароварда ба дасти мо супурданд. 
Гузал ҳамагӣ 28 сол дошт. Шавҳару 3 духтари хурдсолаш дар хона модар меҷӯянд. ⠀
Аз ҳамин хотир ба мардум гуфтаниям, ки чунин духтурон ҳуқуқ надоранд, ки дар мансаби худ боқӣ монанд! Тавре, ки маълум гашт, аз рӯи беаҳамиятии ин духтур бисёри нафарон дучори мушкилиҳои ҷиддӣ шудаанд. Худ қазоват кунед, мо хоҳарамонро бо чеҳраи хандон ба таваллудхона бурдему бо чашми гирён ҷасадашро ба хона овардем?! Ин магар аз рӯи адолат аст. Мо даъво дорем, ки мақомот аз рӯи Фирӯза Абдураҳмонова чораҳои зарурӣ андешид!


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД