Ману шавҳарамро волидонамон хеле барвақт, дар синни 18 солагӣ оиладор карданд. Ҷавону хом будем, қариб ҳар рӯз барои дупула гап ҷангу ҷанҷол карда, хонаро ба сарамон мебардоштем. Сабаби моҷаро бардоштани ман ҷӯрабозии шавҳарам буд.
Вай рӯзи дароз бо дӯстонаш дайдугӣ карда, на парвои ман дошту на ғами фарзандашро мехӯрд, гӯё занро барои волидонаш гирифта бошад, маро бо пиру кампир танҳо гузошта баромада мерафту нимаи шаб ба хона меомад. Рӯзе дар сари қаҳр фарзандамро гирифта ба хонаи волидонам рафтаму ба аҳли оилаамон гуфтам, ки дигар бо шавҳарам зиндагӣ кардан намехоҳам, агар маро маҷбуран ба хонаи хусуру хушдоманам бурда монанд, дору хурда худамро мекушам ё худро ба дор меовезам. Наздиконам авзои беҷоямро дида, дигар чизе напурсиданд.
Ҳамин тавр ман дар хонаи волидонам мондам. Аз рӯзи аввали омаданам янгаам қошу қавоқ гиронда, ба ҳар гапу корам эрод мегирад ва мисли замбӯр мудом маро неш зада мегардад. Саҳар аз ӯ барвақттар хеста, ҳавливу назди дарвозаро об зада мерӯбам, тамоми кору бори хонаро мекунам, вале ҳеҷ дили янгаамро наёфтам, ки наёфтам. Бародарам писарчаи хурдсоли маро дӯстдорӣ кунад, ранги рӯйи занаш мисли помидори пухта суп- сурх шуда, аз қаҳру ғазаб дегро ба коса мезанаду косаро ба дег. Бечора акаам аз тарси ин зани шаттоҳ бо ман ҳатто дуруст гап намезанад. Келинамон алови чашми модарамро ҳам гирифтааст, очаам ҳар рӯз бадкориҳои ӯро бинад ҳам, хомӯш мешинад. Ростӣ, чӣ кор кардану ба куҷо рафтанамро намедонам. Шавҳарам аз ман ранҷида дигар ба суроғам намеояд, ҳатто аз ҳоли фарзандаш хабар намегирад. Тавассути ҳафтаномаи шумо ба шавҳарам гуфтаниям:
-Субҳиддин, ману фарзандатро соҳибӣ кун, нагузор, ки ҷигарбандат пеш-пеши пойи янгаи золими ман хору зор гардад!
Субҳиддин:
Занак, чӣ хеле, ки рафтӣ, ҳамон хел биё!
Рӯзе, ки занам қаҳр карда, ба хонаи волидонаш рафтааст, ман дар хона набудам. Аз ин кори занам асабам вайрон шуда, ба қароре омадам, ки бигзор аз хонаи падараш сер шавад. Нозу нузи ҳар як фарзандро падари худаш мебардорад, Гулсара бо гумони он ки мисли давраи духтарияш дар хонаи очааш давру даврон карда мегардад, ароз карда аз хонаи мо баромада рафт, вале аллакай пушаймон шудааст. Дар хонаи мо касе пишаки Гулсараро пишт намегуфт, бо як кампиру мӯйсафед, ки муросо карда натавонад, ихтиёр дорад. Занам мехоҳад, ки ман рӯзи дароз бо ӯ бошаму аз баҳри рафиқонам гузарам, бигзор ин хобашро рафта ба об гӯяд. Ману ҷӯраҳоям аз давраи мактабхонӣ якҷоя ҳастем ва дар тамоми лаҳзаҳои тангиву вазнинӣ дӯстонам маро бародарвор дастгирӣ мекунанд. Ба хотири зан шуда ман аз баҳри ҷӯраҳоям намегузарам. Гулсара худаш нағз медонад, ки ман одати аз қафои зан давидану зораву илтиҷо кардан надорам, барои ҳамин ба занам гуфтаниям, ки чӣ хеле ба хонаи очаҷонаш рафтааст, ҳамон хел худаш ба хона баргаштан гирад. Касе рафта дар назди ӯ ба зону намезанад. Шарти дуюмам ҳамин аст, ки минбаъд занам бе иҷозати ман пояшро аз дарвоза берун намегузорад. Гапи хонаи моро ба хонаашон намебарад. Як бори дигар қаҳр карда ба хонаашон равад, аз баҳри чунин зан мегузарам, ана баъд умре хизматгори янга шуда мегардад.
Маслиҳати равоншинос:
Мушкили ин зану шавҳар дар он аст, ки ҳарду ҳам хеле ҷавонанду ниёз ба насиҳатгар доранд. Аз волидони ҳарду тараф эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки ҷавононро сари мусолиҳа оварда, минбаъд таҳти назорат гиранд, то боз як оила вайрону як кӯдак зиндаятим нашавад.