Arzon march 2024
Гӯри падарат даргирад, Самеҳи «саг»
7044

 

Соат тақрибан сеи рӯз буд, ки садои тақ-тақи дар баланд шуд. Кушода бинам, духтараки зебое дар паси дар истодааст. Баробари маро дидан духтарак даступо хӯрда беҷуръатона пурсид:

-Акаи Рустам шумоед?

-Бале хоҳарҷон, Рустам ман ҳастам, ягон хизмат буд?

-Ҳа, саргузаштамро нақл карданӣ будам,-забон хоида гуфт меҳмон.

Ӯро ба меҳмонхона таклиф намудам. Духтарак дар як лаби курсӣ амонат нишаст ва оҳи сарде кашида қисса кард:

-Ба гирифтани номи ӯ забонам намегардад. Беҳтараш ӯро саг мегӯям, чунки одам мебуд, ҳеҷ гоҳ ин корро намекард.

-Равшантар гап занед, кист оне, ки шумо сагаш мехонед ва чӣ кори ношоиста кардааст?

-Ман Сумая, аз шаҳри Ваҳдат. Дар ҳамсоягии мо Самеҳ ном ҷавон зиндагӣ мекард. Аз сабаби бисёр одами бад буданаш ҳама ӯро «Самеҳи саг» мегуфтанд. Аз рӯзе, ки аз хизмати аскарӣ баргашт, саги бӯйгир барин аз пушти хонаҳои духтари қадрас дошта дур намешуд. Духтарҳо ӯро бубинанд, мисли баррачаҳои аз дур гурги гуруснаро дида рӯ ба гурез мениҳоданд, чунки худо накарда духтаре дар кӯчаи беодам ба чангаш афтад, Самеҳи саг зӯран ӯро ба оғӯш гирифта, аз гардану лабонаш мебӯсид. Қатори дигар духтарон мо ҳам аз Самеҳ ҳазар мекардем, вале як рӯзи шум ин худозада ба хонаамон даромад. Ҳамон рӯз ману апаам Ҳанифа дар хона танҳо будем. Аз куҷое танҳо будани моро фаҳмида, Самеҳи гӯрсӯхта мисли гурги гурусна ба мо ҳуҷум кард. Баробари дидани симои манфури он бешараф ба танамон мурғак дамид. Апаам Ҳанифа хост ӯро аз хона ронад, вале Самеҳи авбош ба сараш даст бардошта ӯро заданӣ шуд. Ман сахт тарсида ҷонҳавл табақи ангурро ба сараш ҳаво додам. Табақ ба китфаш бархӯрду ба замин зада шикаст. Самеҳ як лаҳза дасту по хӯрда, гаранг шуда монд. Хостам аз фурсат истифода бурда апаамро аз чанголи ин гург халос кунам, вале мушти оҳанине ба сарам фуруд омаду пеши чашмонам сиёҳӣ заданд, чӣ тавр ба замин афтиданамро нафаҳмида мондам. Вақте ки ба худ омадам, он ҳайвони бевиҷдон зӯран ба номуси апаам Ҳанифа дастдарозӣ менамуд. Чашмони апаам аз гиря суп-сурх шуда буданд. Ба худ омадани маро дида вай ишора кард, ки ба берун баромада мардумро ба ёрӣ хонам. Нав аз ҷоям бархоста будам, ки чашми Самеҳ ба ман афтид ва апаамро монда аз паси ман давид. Аллакай дар долон вай ба ман расида гирифт ва чун дарранда аз банди дастам дошт. Доду фиғон бардоштам, дасташро газидам, то маро раҳо намояд, вале он гург сайди муфт ба чангаш афтодаро раҳо карданӣ набуд. Самеҳи золим бо лагад ба шикамам, ба рӯям ва сару гарданам зада, маро мисли гове, ки зӯран куштанӣ мебаранд, кашолакунон боз ба хонае, ки апаам Ҳанифаи номусбохта бо либосҳои дарида мехобид, овард. Дастони Ҳанифа баста буданду заррае муқобилият карда наметавонист. Самеҳ маро ҳам мисли апаам бо ресмон баст ва либосҳоямро дар танам пора-пора намуду ба зориву таваллоям нигоҳ накарда, номусамро доғдор кард. Ӯ аз ҳайвон монданӣ надошт, гоҳ ба ман мечаспиду гоҳи дигар ба апаам Ҳанифа часпида чӣ коре, ки дилаш мехост, мекард. Баъди оташи шаҳваташ паст шудан Самеҳи саг думашро хода карда, аз тирезаи хонаамон парида рафт. Ману апаам барои номуси доғдор гаштаамон, барои поймол шудани шаъну шарафи духтариамон зор-зор гириста чӣ кор карданамонро намедонистем. Ҳамин вақт Садаф аз дарс баргашту моро дар чунин аҳвол дида, ба даҳшат афтид ва зуд ба модарам занг зад. Модарам дар як миҷа задан ба хона омад ва ману апаамро бо сару рӯи хуншору домони пур аз хун дида, аз тарс дар ҷояш шах шуда монд. Хоҳарам Садаф ба милиса ва ба «Ёрии таъҷилӣ» занг зад. Кормандони милитсия аз мо баёнот гирифтанд, сипас моро ба мошини “Ёрии таъҷилӣ” бор карда ба беморхона бурданд. Самеҳи ҳайвонбашараро баъди се рӯз аз як қишлоқи дур аз хонаи холааш ёфтанд. Гунаҳкор бе ҷазо намонда ба муҳлати 18-сол аз озодӣ маҳрум карда шуд, аммо зиндонӣ шудани Самеҳ ба дарди мо дармон нагашт. Бадномзадагӣ аз марг ҳам бадтар будааст, сарамонро дар кӯча бардошта наметавонем. Касе бо нияти хостгорӣ дарамонро намекӯбад. Апаам Ҳанифа чанд бор қасди худкушӣ кард, вале худованд сари вақт ба додаш расида, модарам ӯро аз ҳалқаи дор раҳо кард. Ояндаи мо чӣ мешавад, намедонам…

Духтарак рӯяшро бо кафи дастонаш пӯшида зор-зор гиря кард. Дилам мехост ӯро таскин диҳам, дилбардорӣ намоям, ашки сӯзони чашмонашро пок созам, вале чӣ гуфтанамро намедонистам.

Худованд аз Самеҳ барин разилон ҷумла духтаронро нигаҳбон бошад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД