Formula novemver 2024
Эшонбача се бародарро маҷрӯҳ кард
5360


Дар шаҳри Норак як ҷавон се акаву додарро бо корди говкушӣ захмдор кардааст.

Тавре, ки як шоҳиди ҳодиса бо исми Умар ба хабарнигори сомонаи Оила-тч гуфт, ин фоҷиаи хунин дар бӯстонсаройи Норак ба вуқуъ пайвастааст. Байни Файз ном ҷавони 34-солаи маҳаллӣ ва се бародарон,ки истиқоматкунандагони шаҳри Норак буда, баҳри тамошои баҳр ба ин мавзеъ омада буданд, баҳсу мунозира сар зада, кор ба ҷангу ҷанҷол ва корзанӣ мерасад. Умар мегӯяд дар корд хӯрданашон аслан худи ҷабрдидагон гунаҳкоранд. Аз рӯйи гуфти ин шоҳиди ҳодиса сароғоз се бародар Файзро мурданивор лату кӯб карда, ба замин афтонданд, эшонбача ба хотири ҳимояи худ бо корд ба онҳо ҳуҷум намуда, ҳарсеро захмӣ намудааст. Мавсуф зикр намуд, ки ин се бародар яке аз шикам, дигарӣ аз узви мардона ва саввумин аз маъқад корд хӯрдааст. Моҷарои хунин аз назари кормандони ШВКД-и шаҳри Норак дур намонда, худи ҳамон лаҳза Файзро дастгир намуданд.


Худи авшуда дар суҳбати видеоӣ ба мо гуфт, ки аз авф шуданаш хабар надорад ва ин муждаро бори аввал аз мо мешунавад.


Ҷароҳатбардоштагон фавран ба беморхонаи марказии шаҳри Норак интиқол ёфта, таҳти назорати табибон қарор доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД