Баъди боздид намудан аз хонаи пиронсолон, роҳбари ин даргоҳ Ашуралӣ Соҳибов аз мо хоҳиш карданд, ки ба ошёнаи дуюми бино рафта, аз сарнавшти талхи Кифоятхола Рауповаи 80- сола огоҳ гардем.
...Ҳуҷраи холаи Кифоятро аз фаррошони хонаи пиронсолон пурсон шудем. Зан бо ангушт ишора кард ва боз тоқат накарда, моро то утоқи хоби холаи Кифоят бурд. Шояд ӯ андеша мекард, ки мо наберагони ӯ ҳастем ва ба аёдати бибиямон омадаем, вале сад афсӯс, ки ин гуна набуд ва шояд ин гуна ҳам нашавад. Аз беруни утоқи холаи Кифоят аллакай як садое аз дуриҳои дур, яъне мусиқии солҳои 60-70-уми даврони Шӯравӣ ба гӯш мерасид. Аз оҳанги ин мусиқӣ дарк карда мешуд, ки дар ин утоқ оҳанги зиндагӣ дигаргуна садо медиҳад. Яъне, на он тавре, ки худашон мехоҳанд. Оҳанги маъюсонаву нигаронкунанда, оҳанге, ки гӯё аз дили онҳо садо медод. “Туро интизорам”, “Ба дидорам биё”, “Хонаи маро меҷӯӣ”, Хорам макун, зорам макун” мавзӯи сурудҳое, ки дар ин макон аз ҳар ҳуҷра шунида мешуд, ҳамин гуна буд. Ҳар касе тоза ба ин даргоҳ биёяд, аз ин оҳангу наво зуд дарк месозад, ки ин ҷо ҳама онҳое ҳастанд, ки чашминтизоранд.
Аз паси ин садо меравему дар боз мекунем ва аз ҳолу аҳволи пирони барҷомонда, ки дохили ин хона бистарӣ ҳастанд, пурсон мешавем.
Ҳаво боронӣ буду тираву тор. Мисоли тақдири хуфтагони ин утоқ. Аз дили ин пирзанҳое, ки дохили ин хона хобидаанду ниёз ба як сухани хуш доранд, чӣ мегузарад, танҳо худашон медонистанду Худо. Пардаҳаки нимроғ, деворҳои фарсуда, чойники бе чой, рахтхобҳои ороставу пероста, аммо бе нур, бе ҳаловати хонагӣ. Дар пештоқи хонаи хоб, кати Кифоятхола ҷойгир буд. Дар ду паҳлӯяш бошад, ду ҳамроҳу ду ҳамсуҳбати доимиаш, ду зану ду модар, ба бистари беморӣ мехкӯбшуда, дар интизори фарзандони модарбезори хеш буданд...
-Холаи Кифоят, назди шумо меҳмонҳо омаданд,-садои баланди фаррошзан онҳоро ба худ овард. Яқин буд, ки холаи Кифоят хоб не, балки дар андеша ғута зада буд. Бо оҳанги ҳазин, “Бедорам бачам, биё, ки гарданам дард мекунад, тоб хӯрда наметавонам, биё ку бишин...”
-Бибиҷон! Ман журналисти ҳафтаномаи “Оила”. Бо мақсади аз ҳолу аҳволатон бохабар шудан меҳмонӣ омадам. Итминони комил дорам, ки дар навиштани сарнавиштатон зиддият нишон намедиҳед ва ҳар чизе дар ҳаётатон рух дода буд, қисса мекунед...
-Майлаш бачем, чӣ бгум? Гуфтаниҳо бисёр, надонам аз куҷояш қисса кунам? Хай бачем, ту чӣ мехоҳӣ, аз ҳаёти бибият бифаҳмӣ? Сарнавишти бибият садҳо китоб мешавад, кадом як дардамро гӯям, бачам?
-Мехостам, сабаби ба хонаи пиронсолон афтоданатонро нақл кунед.
-Ману бобоят мисли Лайлию Маҷнун ишқу ошиқӣ карда, хонадор шуда будем. Ягон бор бобоят маро танҳо намегузошт. Мудом, чӣ мехӯрӣ, чӣ мепушӣ, бароят чӣ анвову чӣ ширинӣ орам гуфта, гирдам парвона буд. Ишқи зинда доштем, дар идомаи зиндагиямон ашки чашмонам нарехта буд, ҳамеша хушбахт буданамро назди ҳама нақл мекардам. Хатои бобоятон ҳамин буд, ки аз ман пеш зан дошт ва ӯ як духтарча дошту бинобар сабаби аз ҳамдигар ҷудо шудан, ҳамсараш духтарашро партофта, тарки манзили шавҳар мекунад. Ана ҳамон замон бобоят ба хонаи мо, ки ҳар ду зодаи ноҳияи Айнӣ ҳастем, хостгор фиристода, маро ба занӣ мегирад. Аз мо дида, хушбахттарин оила дар маҳаллаамон набуд. Мо як мавизро бе якдигар намехӯрдем, мисли Лайливу Маҷнун аз ҳамдигар чашм наканда, бо иззату ҳурмати дутарафа наздиконамонро хурсанд мекардем.
Ҷодугарии Мунира Ашрафро девона кард
- Рафта- рафта, ба зиндагии мо чашми душман расид, чунки солҳо турнасон мегузаштанду ягон фарзанд насибамон намегашт. Духтари шавҳарамро бо оби тилло калон карда, модарвор сарашро сила намуда, шабҳоро бо суруди “алла” болои гаҳворааш суруда, ба камол расонидам. Худованд ба ману шавҳарам фарзанд надод ва ману шавҳарам тамоми муҳаббатамонро ба фарзанди ӯ бахшидем. Духтарамон Зеборо чун гул парвариш намуда, ба камол расонидем. Гумон кардем, ки дар пирӣ ёвару мададгорамон шуда, умре ману падарашро хор гаштан намегузорад, вале....
Зебо болиғ шуду аз худ рафт. Аввал “хонаву ҳарамро ба номам гузаронед”, гуфта, падарашро ба ҷону ҳолаш намонд. Аз рӯи дилсӯзӣ, мо ҳама суханҳои духтарамонро ба ҷо оварда, хоҳишҳояшро сари вақт иҷро менамудем ва ин эркасозиҳоямон балои ҷонамон шуда монд.
Боре шавҳарам хоҳиш кард, ки барои табобат ба Хоҷа Оби Гарм равем ва ба сухани ӯ итоат карда, розӣ шудам. Мо ба Варзоб омада, табобат гирифтем ва ҳангоми он ҷо будан дилам худ аз худ сиёҳӣ овардан гирифт.
Хавотир гашта, шавҳарамро ба ҷону ҳолаш намондам, ки зудтар ба Айнӣ баргардем, то духтарамон аз танҳоӣ дилгир нагардад. Чунин ҳам кардем, вале нафаҳмида мондем, ки тақдири бераҳм моро дар ин роҳ якумра ҷудо сохт. Ҳамон рӯз садама рух дод ва дар натиҷа аз чор нафаре, ки дар мошин будем, ба ҷуз ман дигар ҳама ба ҳалокат расиданд.
Ба озодии занон ҳасад мебарам!
Муддати як моҳ дар беморхона беҳушу беёд хобида, баъдан ба худ омада, фаҳмидам, ки шавҳари аз ҷон азизам дар он рӯзи шум ҷон ба ҷонофарин супурдааст. Бачаҷон, аламакома овардӣ, намехостам сарнавишти талху бемаъноямро ба ёд оварда, дарунамро зардоб гардонам. (Холаи Кифоят, ин суханҳоро мегуфту зор зор гириста, оби дидагонашро бо остинаш тоза мекард)
Баъдан ба худ омадан духтарам гуфт: “Хонаву дарро падарам ба номи ман кард, дигар дар ин манзил зистанат бефоида аст, баро рав”.
Ман, ки сарам сафед шуда буд, ҳеҷ гоҳ аз духтарам ин суханро интизор набудам. Астағфуриллоҳ, гӯй духтарам, о ман туро бо чӣ азобҳо ба камол расонидам, ту бошӣ, маро таҳқир карда, аз хонаам меронӣ? Ту обрӯи моро фикр намекунӣ, мардум ба ҳолат хандида мегӯянд, ки духтараш баъди сари падараш модарашро аз дар берун кард.
Духтарам ба гиряву зориҳоям нигоҳ накарда, маро беодобона дашном дода, аз дар берун кард. “Ҷойи рафтан надорам, духтари ҷавон нестам, ки ба хонаи падару модарам баргардам, охир онҳо кайҳо ин дунёро падруд гуфтаанд, ин корат қаҳри Худоро меорад, духтарам”, гуфта, насиҳат кардам, вале ба гӯши ӯ панду насиҳатҳоям намедаромад. Дид, ки ба осонӣ ҳавлиямро тарк намекунам, ба шиносҳояш занг зада, маро аз мӯйҳоям дошта, зада-зада шинонду ба хонаи пиронсолони ноҳияи Шаҳринав оварда партофт.
Тахминан, 17 сол мешавад, ки ман дар ин макон умр ба сар мебарам. Пойҳоям аз ҳисоби пирӣ аз кор монданд ва рӯи ҷойгаҳ мехкӯб шуда мондаам. Мисли шумо барин одамон омада, аз аҳволам хабар гирифта мераванд. Ҳар кадомаш сарнавишти маро донистан мехоҳанд ва ин шумо ягона нафаре ҳастед, ки то охир нақли маро гӯш кардед. Шояд шуморо ҳам монда карда бошам а, бачам?
-Не, бибиҷон! Ман аз нақли шумо бисёр чизҳоро омӯхтам ва ният дорам, ки гуфтаҳои шуморо рӯи саҳифа оварда, ба дигарон чун ибрати зиндагӣ пешниҳод кунам...
-Бачам, ашки чашмонам хушк намешаванд, Худованд ҳам ҷонамро зудтар намеситонад, ки аз дунё халос шавам.
-Ин хел нагӯед, бибиҷон! Шумо пешиХудованд вазифаатонро иҷро кардед, вале беэҳтиромии духтаратон назди офаридгор нобахшиданист.
-Раҳмат, ки ба аёдати мо омадед. Худованд аз шумо кормандони ҳафтаномаи “Оила” розӣ бошад! Ҳар ҷо бошед, қадаматон сабз, коратон бобарор ва хонандагонатон сершумор гардад. Омин!
Рустам Азимӣ,
Душанбе-Шаҳринав- Душанбе