Идомаи қиссаи зиндагии Кампирдухтар
Бо маслиҳати ҳамин мулло бародаронам маро зӯран ба марде, ки шояд ҳамсоли падарам буд, бе ягон тӯю сур никоҳ карда доданд, аммо шаби аввали арӯсӣ ман аз оғӯши домод гурехта, соати дуи шаб бо чашми пуроб ва доду фиғон пойи пиёда аз деҳаи Чанори Сӯхта ба хонаи худамон, ки се деҳа болотар буд, омадам. Шавҳарам аз пасам бо асп омада, хост маро дубора ба хонааш барад, вале худамро дар пеши пойи бародаронам партофта, гуфтам, ки агар маро бо ин мард фиристанд, ҳам худамро мекушаму ҳам ӯро. Мӯйсафеди бечора аз таҳдидҳои ман тарсида, дар шоҳидии бародаронам талоқамро доду баромада рафт….
Хушдоманамро лагадкӯб кардаму…
Бародаронам бо гумони он ки шояд бо сабаби пир буданаш ман бо шавҳарам зистан нахостам, баъди чанд вақт маро ба писари тағоям, ки аз худам ҳамагӣ 3-4 сол калон ва занаш сари фарзанд рафта буд, ба шавҳар доданд. Ин дафъа низ мисли дафъаи аввал худамро ба девонагӣ зада, намондам, ки домод ба ман ҳатто наздик шавад. Хушдоманам, яъне зани тағоям хост ба писараш ёрӣ расонда, маро зӯран ба оғӯши ӯ андозад, вале дар сари қаҳру ғазаб янгаи бечораамро чунон лагадкӯб кардам, ки қариб мурда буд. Писари тағоям бо як азоб модарашро аз таги шаттаи ман халос карда, ба берун баровард, то ки дар ҳавои тоза ба худ биёяд. Аз фурсат истифода бурда, мани наварӯс рӯ ба гурез ниҳодам…
Туҳмат
Зани тағоям баъди аз оғӯши писараш гурехтанам овоза паҳн кард, ки ман ошиқ дорам, барои ҳамин бо ягон марди дигар зистан намехоҳам.
Бародаронам шабу рӯз қаровулӣ мекарданд, то маро бо ошиқам доранд. Шабҳо то саҳар нахуфтани онҳоро дида, хандаам меомад, чунки дӯст доштану ишқу ошиқӣ кардан он тараф истад, ман бо ягон мард ҳатто гап намезадам. Мардро бинам, дилам беҳузур мешуд…
Шавҳар не, Азроил
Субҳгоҳон ҳамроҳи дигар занону духтарон ба пахтачинӣ мерафтем. Дар сари замин ҳам мудом гапи ман буд. Занҳо умратро беҳуда нагузаронда, тезтар ягон одамро ёфта гир, гӯён, ҷонамро ба лабам мерасонданд. Аз гапу калочаи мардум безор шуда, ночор бори сеюм ба шавҳар баромадам. Ба худ қавл дода будам, ки чӣ хеле набошад, ин дафъа тоқат карда, зиндагӣ мекунам, вале нашуд.
Шаби аввали арӯсӣ вақте ки домод ба ман наздик шуд, ба назарам чунин намуд, ки ин мард не, Азроил аст ва барои гирифтани ҷони ман омадааст. Бо тамоми овоз дод задам, ки ба ман наздик нашав. Шавҳарам ба доду фиғонам эътибор надода, хост зӯран бо ман ҳамхоба шавад. Қасди ӯро пай бурда, худамро аз тиреза ба берун партофтам ва табарро аз кундаи дарахт кашида гирифтаму дубора ба хона даромада, бо чашмони оташбор таҳдид кардам:
-Ба ман наздик шуда бин, мағзи саратро бо ҳамин табар пош медиҳам!
Бо дидани арӯси табар ба даст домод талхакаф шуда, дарақ-дарақ меларзид. Вай дар пеши поям афтида, зорӣ кард, ки аз гуноҳаш гузарам, аз безанӣ мурад ҳам, дигар ба ман наздик намешавад.
Ҳамин тавр шаб то саҳар дар як дастам табару дар як дастам корд дар хонаи домод бедор нишастам ва баробари дамидани субҳ роҳи хонаи акаамро пеш гирифтам…
Ҷинбарор
Хабари аз хонаи шавҳари сеюмам низ фирор кардани маро шунида, ҳаққу ҳамсояҳо овоза карданд, ки Зулфия ҷини мардина дорад ва ҷин ӯро никоҳ карда гирифтаасту намемонад, ки бо ягон марди дигар зиндагӣ кунад…
Бародаронам ба сафсатаи мардум бовар карда, аз ким-куҷо муллоҳои машҳури ҷинбарорро ёфта меоварданд. Муддати се моҳ маро ҷинхонӣ карданд, вале тамоми аъзои баданам аз зарби қамчини домуллоҳо сиёҳу кабуд гашта бошад ҳам, дилам ба ҷинси мард ҳеҷ гарм нашуд, ки нашуд. Ба ҷойи он ки аз банди “ҷин” халос шуда, минбаъд одамвор зиндагӣ кунам, баръакс нафратам ба ҷинси мард даҳчанд гашт. Акнун дар пешам номи ягон мардро бигиранд, дилам беҳузур мешуд…
Кампирдухтар
Ҳамин тавр, се бор шавҳар карда, ман духтари бокира мондам. Синну солам аз 70 гузаштааст. Ҳамсолони ман кайҳо соҳиби набераву абера шудаанд, вале мани кампирдухтар то ҳол дар хонаи акаҳоям зиндагӣ мекунам. Бародаронам аз дунё гузаштанд, вале фарзандонашон бо ман бисёр меҳрубонанд. хонаву дар ва фарзанд надошта бошам ҳам, ҷиянҳоям намегузоранд, ки азоб кашам. Ягон ҷоям дард кунад, ҳама кору борашонро партофта, маро ба духтур мебаранд. Мегӯянд, ки аз ман бӯйи падар ба машомашон мерасад. Мани пиракӣ ҳамеша дуои ҷони ҷиянҳои меҳрубонамро карда мегардам, вале дар ягон тӯй ба таги чодари арӯсӣ намедароям, чунки намехоҳам ягон арӯс ба мисли ман бе бахту бе тахт ва бе фарзанд монад…
Анҷом