Субҳи имрӯз донишҷӯйи курси 2-и Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон Дилангез Абдуллохонзода ба идораи Oila.tj занг зада аз он шиква намуд,ки дар нақлиёти хатсайри 19 касе телефони мобилияшро аз кисааш дуздидааст.
Мавсуф инчунин таъкид намуд, ки чунин ҳолат бори аввал нест, соли гузашта низ дар автобуси рақами 18 телефони мобилияшро аз кисааш рабуда буданд.
Ин нахустин ҳодисаи телефондуздӣ дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ нест, қариб ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинон аз ба яғмо рафтани пулу ҳамён ва дигар ашёҳои қиматбаҳои худ шиква мекунанд. Сокинони пойтахт ва навоҳии гирду атроф аз дасти ин дуздони беинсоф ба дод омадаанд, бинобар ин, барои бартараф намудани ин мушкилот ва гирифтани пеши роҳи чунин дуздони беинсоф мақомоти дахлдор бояд ҳарчӣ зудтар чораи зарурӣ андешанд. Ҳадди ақал дар нақлиёти ҷамъиятӣ камераҳои назоратӣ насб карда шаванд, то ки чашми мардум каме ҳам бошад ҳаросад ва дар сурати содир шудани ҷиноят дуздро аз рӯйи наворҳои камера пайдо карда тавонанд.