Arzon march 2024
Бадахлоқии донишҷӯ дар нақлиёт!
2100

Дирӯз барои омода намудани маводи вобаста ба кӯдакони оворагард ба Прокуратураи шаҳрӣ, ки робита бо чунин ҳодисаҳо доранд, раҳсипор гаштам.

Дар роҳ, аниқтараш дар нақлиёти ҷамъиятии хатсайри 25 шоҳиди як ҳодисае гаштам, ки бо дидану шуниданаш чанд соат ба худ наомадам.

Як ҷавонписари тахминан 22-23- сола ҳамроҳи ду рафиқаш дар курсии охири нақлиёт нишаста, бо садои баланд ҳар гуна суханҳои дағалу гӯшхарош мегуфтанд.
Ҳамин лаҳза ба телефонаш нафаре занг зад, аён буд, ки нафари паси гӯшӣ буда, мард аст. Бо садои дилбеҳузуркунандааш тарафи муштарияш мегуфт:
-Ҳа, беномус! Бепул монӣ, ба мада занг мезанӣ. Э тра меган, Расия рафтай, думи ҳаму беномуси дигарита гирифта, рафтӣ а? Хай худо тра задагияй-ку, як тинут ду тин намешавад. Тра истодант дар и ватан ҳаром буд. Хуб кардӣ, нест шуда, аз пеши мо рафтӣ. Э ҳаромак, гӯш ку мара , меган Обида м...й, ростай?
Ҳамин гуна суханони дағалу бефаровез аз даҳони он ҷавон пайдарҳам садо додан мегирифт. Тоқати як нафар ҷавони дар паҳлӯи онҳо нишаста тоқ шуд ва бо овози баланд гуфт:
-Ҳамун телефоната куш, айбай!
Аз садои баланди он ҷавон каме тарс дар банди ҷони ӯ пайдо шуд ва чанд лаҳзаи дигар бо овози паст суҳбаташро идома дод. Ӯ гумон кард, ки дар нақлиёт ба ҷуз ӯ дигар касе нест ва боз хандида, садояшро баланд кард:
-Э беномус! Мо имон дорем, намозмон панҷ вақт ҳаст, неки ту беномус бисмиллоҳро намедонӣ, дар ун дунё чӣ ҷавоб мегӯӣ. Хай рост намегум, беномус?!
Чунин тарзи гапзанӣ ҳар як мусофири даруни он нақлиётро дилтанг мекард ва касе ҷуръат намекард, ки ба он баддаҳон ҷояшро фаҳмонад.
Худамро дошта натавонистам ва зуд телефонамро аз ҷайбам бароварда, чанд акс гирифтам ва ба худ аҳд кардам, ки бемаданиятии ин донишҷӯи дарсгурезро дар ҳафтанома менависам, то ба дигарон дарси ибрат гардад.
Хонандагони азиз! Аз калонсолон ба мо омадааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва роҳу гузаргоҳҳои серодам бо садои баланд гап задан, донаи офтобпараст хӯрдан ва ё касеро таҳқир кардан аз рӯи одоб нест. Пас, чаро баъзе инсонҳо ахлоқро риоя накарда, бешармона ҳар чизе аз даҳонашон барояд, гуфтан мегиранд?!
Рустам Азимӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД