Мустафо Наимови 28-сола барои як телефони мобилӣ, ки 1800 сомонӣ арзиш дорад, қурбон гашт...
Ин ҳодисаи нохуш ду рӯз қабл дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт ба вуқӯъ пайвастааст. Шоми 22-юми сентябр, тахминан соатҳои 19:20 дақиқа сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе Тугеев Артури 24-сола ба ҳамлаи ғоратгарона дучор гаштааст. Як ҷавони 20-25 сола ошкоро ба Артур ҳуҷум намуда, бо роҳи зӯрӣ телефони мобилии тамғаи «Редми-нот-7»-ро аз дасти ӯ кашида гирифта, ҷониби бозори “Деҳқон”-и маҳаллаи Гипрозем рӯ ба гурез мениҳад. Артур ғоратгаррро думболагирӣ мекунад.
Мустафо Наимов шоҳиди ин манзара гашта, бетараф монда натавонист ва ҳамчунин аз паси телефондузд афтид. Онҳо дар наздикии бозори “Деҳқон” дуздро ба чанг афтонида, дастгир карданӣ шуданд, аммо ғоратгар Мустафоро корд зада, аз ҷойи ҳодиса фирор намуд.
Мустафои дар хуни худ ғарқро фавран ба беморхона бурданд, вале наҷот додани ҷони ин ҷавони далер ба табибон муяссар нагашта, дар роҳи адолат қурбон гашт.
Бо фармони Вазири Корҳои Дохилии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода Наимов Мустафо Ҳайдарович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, аъзои гуруҳи фаъоли “Авангард” барои шуҷоати нишон додааш, пас аз марг бо медали «Барои далерӣ» қадрдонӣ карда шуд.