arzon replenishment
Домоди замонавӣ (ҚИСМИ 2)
2217

Мағрур, худпараст ва аблаҳ

- Ту чаро бо забони тоҷикӣ гап намезанӣ?,- пурсид Мӯниса аз Акрам.

- Ман ҷавони современний, яьне замонавӣ.

- Магар одамҳои замонавӣ бо забони тоҷикӣ гап зананд, айб мешавад? Шимат чаро ҷо-ҷо кандагӣ?

- Э ту бутун қишлоқӣ будаӣ-ку! Ин мода аст.

- Баъд зан гирӣ ҳам, ҳамин хел мода карда мегардӣ?

Аз афташ оҳанги гуфтори масхараомези Мӯниса ба ҷавон сахт расид, ки лабашро бурма карда, гуфт:

- Инаш кори ман! Арӯс агар мисли ту қафомонда бошад, намегирам.

Мӯниса ба ин домоди замонавӣ нигариста, ҳам хандааш меомаду ҳам гиряаш, вале сир бой намедод. Ҳамин тавр, онҳо гап-гап карда, то назди Театри опера ва балет омаданд. Акрам намоишкорона телефони қимматбаҳояшро аз сумкааш бароварда, аз Инстаграм аксҳои мисли мардҳои модел гирифтаашро ба Мӯниса бо ифтихор нишон дод, вале…

Мулоқоти бебарор

Аксҳои нимурёни домодшавандаро дида, асаби Мӯниса тамоман вайрон шуд. Аз дил гузаронд, ки хайрият пеш аз тӯй ӯро дид, вагарна бо ин “супердомод” ҳаёташ хазон мешуд.

Акрам ӯро ба кафеи сари роҳ даъват намуд, вале Мӯниса серкориашро баҳона карда, рад намуд. Ҳангоми хайрухуш вай ҳамчунон табассумкунон ба Акрам гуфт:

- Ҷӯра, метавонӣ бегоҳ ба падару модарат бигӯӣ, ки арӯси ёфтагиатон қишлоқӣ будааст, рафта тӯйро гардонед. Ман ҳамон духтаре ҳастам, ки волидони ту таги чашм карда, хостгорӣ намудаанд. Духтари замонавӣ набошам ҳам, ҳаргиз зани ту намешавам…

Домод телефон дар дасташ ҳайрон монд, Мӯниса бошад, дигар ба пасаш нигоҳ накарда, тез-тез қадамзанон аз ӯ дур шуд…

Тӯй вайрон шуд, вале…

Мӯниса ба хона омада, ба модараш гуфт, ки фотиҳаро гардонанд, чунки сад сол бешавҳар монад ҳам, вай ҳаргиз ба он ҷавон намерасад. Модар ҳайрону зор монда, чӣ гуфтану чӣ карданашро намедонист. Дудилагии модарашро пай бурда, Мӯниса ӯро ба оғӯш кашида, гуфт:

- Очаҷон, мард бояд дар зиндагӣ такягоҳи зан бошад. Ин бача ба ғайр аз чашмонашро ранг кардану дар назди камера худро намоиш дода, сурат гирифтан дигар дар фикри ягон чиз нест. Ман намехоҳам ба чунин ҷавони худпарасту мағрури аблаҳ ба шавҳар баромада, як умр худам аробаи зиндагиро тани танҳо кашам. Аз чунин шавҳар доштан бешавҳар мондан сад бор беҳтар аст!

Ҳамин тавр, тӯй вайрон шуд, вале Мӯниса аз ин заррае ғамгин набуд. Чанде нагузашта, ӯро ба ҷавони дигар фотиҳа ва тӯй карданд. Домодшаванда қишлоқӣ бошад ҳам, ҷавони ҷиддӣ буд ва Мӯниса боварӣ дорад, ки бо чунин марди асил дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор намешавад…

Ш. НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД