Субҳи имрӯз Фарзона Маҳмуродова, як тан тоҷикзани вилояти Хатлон ба хабарнигори сомонаи Оила тариқи телефон иброз намуд, ки зиндагии душвор ӯро маҷбур карда истодааст, ки ба Русия рахти сафар бандад.
Фарзона модари ду фарзанд аст ва мехоҳад дар мулки рус кор карда, каму кости зиндагиашро бо меҳнати ҳалоли худ бартараф намояд, зеро пайвандонаш бо мушкилоти рӯзгори худ овораанду касе дар фикри ваю кӯдаконаш нест. Шавҳари Фарзона чанд сол пеш ба Русия рафта, то ҳол аз худ дарак намедиҳад. Ҷавонзан ният дорад, ки падари фарзандонашро аз таги замин бошад ҳам, кофта ёбад. Фарзона Маҳмуродова мегӯяд додарони шавҳарам мехоҳанд маро бо ду кӯдакам аз дар берун карда, хонаеро, ки ҳаққи ҳалоли фарзандони ман аст, соҳибӣ намоянд. Ҷангу ҷанҷоли онҳо ба дилам задаст, охир то ба кай ба сари раиси маҳалла рафта аз рӯйи қайниҳоям шикоят мекунам?!
Ҷонам аз моҷаро бо лабам расидааст. Ҷавонзан дар охири суҳбат гуфт, ки маҷбур аст ду писарашро партофта ба Русия равад ва аз он ки дар набудани вай додаршӯйҳояш метавонанд бо тағобозӣ хонаро ба номи худ гузаронанд, хавотир аст. Ҳадафи ҷавонзан аз муроҷиат намудан ба сомона он аст, ки мақомотҳои болоӣ нисбати бародарони шавҳараш ягон чора андешида нагузоранд, ки онҳо хонаи ӯву фарзандонашро аз худ намуда, сари ҳар қадам ба пайвандони Фарзона фишор биёранд.