Раёсати корҳои дохилии марказии Бишкек ба санҷиши аъмоли номзади собиқи раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон Арстанбек Абдилдаев, ки худро Худо эълон кардааст, шурӯъ кардааст.
Ба амалҳои Абдилдаев баҳои ҳуқуқӣ дода шуда, изҳороти ӯ аз ҷониби олимони дин ва забоншиносон санҷида мешавад.
Мурофиаи судӣ дар бораи барангехтани адовати қавмӣ, миллӣ, динӣ ё байниминтақавӣ идома дорад,-менависад Интерфакс бо истинод ба хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии марказии Бишкек.
Қаблан, Абдилдаев зимни як нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки ӯ Худо аст ва дар соли 2020 президенти коинот хоҳад шуд.
Тарафдорони Абдилдаев талаб карданд, ки президенти Қирғизистон Сооронбай Ҷеенбеков "бо роҳи осоишта қудратро" ба Абдилдаев диҳад.
Изҳороти Абдилдаев боиси эътирози мардум гашт. Дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон, директори Комиссияи давлатӣ оид ба корҳои дин Зайрбек Эргешов эълон кард, ки изҳороти Абдилдаев бояд мавриди баррасӣ қарор бигирад.
Абдилдаев, ки бо номи Арстан Алай ҳам маъруф аст, дар солҳои 2011 ва 2017 ду маротиба номзадиашро ба мансаби президентӣ пешниҳод карда буд.
Абдилдаев пайрави мазҳаби тенгрианизм (дини қадимаи наҷодпарастони туркӣ-муғулӣ) мебошад.