Ин духтараки фариштарӯю фариштахӯй ҳамагӣ 19-сол дошт, вале қаблаш моломоли муҳаббат буд.
Муҳаббати бепоён нисбат ба Ватан. Мавзуна Ҳасанова аъзои фаъоли “Пайравони пешвои миллат”-и бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Деваштич буд ва бо тамоми ҳастӣ мехост ба диёри бостониаш, ба миллати азизаш хизмат намояд. Бо он ҷиду ҷаҳд ва талошу ковишҳое, ки дошт, Мавзуна метавонист ба қуллаҳои баланди зиндагӣ бирасад. Эҳтимол рӯзе миллати тоҷик бо ин духтари фарзонаю оқилааш фарх мекард, аммо...
Марги фоҷиавӣ тамоми орзуҳои Мавзунаро ба хоки сияҳ яксон намуд. Рӯзи 11-уми январ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар ҳудуди ноҳияи Деваштич бархӯрди маргбори ду автомобили тамғаи Opel Zafira рух дод. Ба қавли шоҳидони ин садамаи хунин дар ҷойи ҳодиса як зан ба ҳалокат расида, мусофирони дигар ҷароҳат бардоштаанд. Қурбонии беэҳтиётии ронандагон аз рӯйи баъзе маълумотҳо маҳз Мавзуна Ҳасановаи 19-сола будааст.
ДАР КОНИБОДОМ ДУ БАЧАИ 14-СОЛАРО КӢ БО МОШИН ПАХШ КАРД?
Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, бархурд ба ҳадде сахту шадид буд, ки бархе аз маҷруҳонро натавонистаанд, бе кумаки наҷотдиҳандагон аз мошинҳои шикаста берун оранд. Зарардидагони садама айни замон дар бемористон таҳти назорат ва табобати табибон қарор доранд, ҷисми бе ҷони Мавзунаи ормониро бошад, падару модар, ёру бародар ва дӯстону ҳамдеҳагонаш бо нолаҳои зор ба хок супурданд.
Хонандагони азиз, агар шумо ҳам шоҳиди чунин ҳодисаҳо ё воқеае гаштед, ки барои аҳли ҷомеа донистани он зарур аст, метавонед он лаҳзаро дар телефони мобилии худ сабт намуда ба идораи Oila.tj фиристед ё ба рақами 985-81-89-81 занг зада, бо мухбири мо дар тамос шавед.
Сомонаи Оила. ТҶ аз ҳамкорӣ бо шумо хушнуд хоҳад гашт!