Дирӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба Далер Назаров, овозхон ва оҳангсози шинохта аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ супорида шуд.
Дар расми тақдими ҷоизаи мазкур зикр гардид, ки тибқи қарори Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2024, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, гурӯҳи офарандагони филми ҳунарии “Роҳ” дар бахши театр ва синамо бо ҷоиза сарфароз шуданд ва исми Далер Назаров барои офаридани оҳанги филм дар феҳристи ҷоизагирон буд.
Қаблан Ибодулло Машрабов, котиби Кумитаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ба Oila.tj гуфта буд, ки дар баробари дигар довталабон ҳайати филми ҳунарии “Роҳ” - коргардон Носир Саид, муаллифи сенария Сафар Ҳақдод, оҳангсоз Далер Назаров, наворбардор Георгий Дзалаев ва офарандагони нақшҳои асосӣ - Надежда Муҳаммадҷонова, Зулфия Қодирова, Мавлонбибӣ Наҷмиддинова ва Абдукарими Машраб бо ин ҷоизаи олӣ қадрдонӣ шуданд.
“Коргардони филм Носир Саидов аз дасти Пешвои миллат ҷоизаро гирифтанд. Ба 7 нафари боқимонда дар ҷаласаҳои тантанавии соҳавӣ мукофоти олӣ тақдим мешаванд”,- гуфта буд мавсуф.