35 years of independency
Арӯси ғарибу домоди маккор (Қисми 3)
152

Арӯси ғариб
Қисми 3
Саид худашро пеши пойи Лена партофта, узр пурсид. Гуфт, ки ба балои қарз задам ва маҷбур шудам ҳавлиятро фурӯшам, вале қавл медиҳам, ки онро харида, ба ту бармегардонам...
Лена боз ӯро бахшид, ба хона роҳ дод ва аз гуноҳаш гузашт, вале…
Саъдӣ кам ҳам бошад, ба зану фарзандаш ёрӣ медод. Мошини бадвоҳимаи хориҷӣ дар зери пой, либосҳои зебо дошта бошад ҳам, худро қарздору муфлис мехонд. Ин ҳама дар дили Лена гумону шубҳаро зиёд мекард. Боз Саъдӣ ягон шаб бо ӯ намемонд, «дар як идора посбонам» гӯён мерафт. Як бегоҳ Лена аз қафои Саъдӣ оҳистакак поён фаромаду дар таксие нишаста, аз пушти мошини шавҳараш рафт. Ҳарчанд Нисо масти хоб буд, вале дилаш кашоли хонаву духтаракаш буд, мехост ҳақиқатро ошкор кунад. Мошини Саъдӣ хеле рафту пеши бинои баландошёнае қарор гирифт. Лена ба ронандаи таксӣ гуфт, ки интизор бошаду аз пушти шавҳар аз зинаҳо боло шуд. Ошёнаи сеюм, утоқи 86… Саъдӣ дарро пӯшиду Лена занги дарро зер кард. Дарро ба рӯяш ҷавонзани болобаланди абрӯсиёҳе кушод. Саъдӣ, ки нав кафшашро кашида буд, аз дидани Лена дар ҳайрат шуд…
Маълум шуд, ки ҳангоми дар Тоҷикистон будани Лена Саъдӣ духтари дилхоҳи модарашро ба занӣ гирифта, ба Русия овардаву ҳавлии ӯро фурӯхта, барои оилаи наваш хона харидааст. Зани Саъдӣ Ленаро ҳақорати бисёр кард. Ҷавонзан, ки акнун аз шавҳари тоҷикаш дилаш ба тамом монда буд, аввал ба рӯйи Саъдӣ як шаппотӣ заду баъд бо нафрат туф карда, поён фаромад. Лена ба хонааш даромад. Нисоча бехабар аз номардии падару ноҳақ таҳқир шудани модар барача барин хоб буд.
Лена ариза навишта, аз Саъдӣ ҷудо шуд. Рӯзи мурофиаи судӣ ӯ ҳатто гирифтани ёрдампулиро аз ин номард рад кард. Баъди ҷудоӣ духтаракашро ба боғча дода, худаш ба кор баромад. Шабу рӯз заҳмат мекашид ва ҳастияшро ба духтари сиёҳмӯйи сиёҳабрӯяш мебахшид. Бо гузашти солҳо хонаашро иваз намуд, хонаи дигар харид. Духтараш дар беҳтарин мактаб бо баҳои аъло мехонд, аз чизе танқисӣ надошт. Ба саволи Нисо дар бораи падараш ҷавоб медод, ки падарт дар садама фавтидааст…
 
Оҳи арӯси ғариб
Лена намедонист, ки Саъдӣ дар ҳақиқат баъди шаш моҳи ҷудоӣ аз ӯ дар садамаи автомобилӣ ҳалок гаштаасту занаш шавҳари нав карда, дар хонаи бо пули ӯ харида зиндагӣ мекунад. Ӯ инро вақте фаҳмид, ки додарони Саъдӣ ягона нишонаи бародарашонро суроғ карда омаданд. Зани тоҷики Саъдӣ баъди вафоти ӯ кӯдаки батнашро исқоти ҳамл кардааст ва гуфтааст, ки дарди сар барои ман лозим нест.
Лена, ки худаш ягон хешу табор надошт, монеи дидори Нисо бо пайвандонаш нашуд. Хешу табори Саъдӣ Лена ва духтарашро ба меҳмонӣ даъват карданд. Лена аввал розӣ нашуд, зеро азобҳояшро ба хотир овард, аммо Нисо мехост бибиву бобояшро бинад. Ин дафъа модари Саъдӣ Ленаро бо оғӯши во ва ашки шашқатор пешвоз гирифта, дастонашро мебӯсиду аз ӯ узр мепурсид. Нисоро бошад, болои дидаҳо мебардоштанд. Аҷаб тазодҳое дорад зиндагӣ! Лена сари гӯри Саъдӣ рафту ҳамон ҷо ҳама гуноҳи ӯро бахшид, вале нагирист. Сахтиҳои зиндагӣ ашки ин бонуи аз кӯдакӣ азобкашидаро хушк карда буданд.
Лена назди Нисои наҷотбахшаш низ рафт. Дугонааш ӯро ду шабу ду рӯз меҳмондорӣ кард. Онҳо мегуфтанду гоҳ механдиданд, гоҳ ба андеша мерафтанд.
Аҷаб дунёе, ба Нисо тақлид карда, ширин мегуфт Лена…
 
Рухсора Саид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД