35 years of independency
Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2027 ба 80,1 миллиард сомонӣ мерасад
30.10.2026
Оила
39

Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2027 ба 80,1 миллиард сомонӣ мерасад

Ҳаҷми даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2027 аз ҳамаи сарчашмаҳо 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба буҷаи тасдиқшудаи соли 2026 ба андозаи 15,1 миллиард сомонӣ ё 23,2 фоиз зиёд мебошад.
29-уми октябр таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумат баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷа барои солҳои 2028–2029 баррасӣ шуданд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2027-ум 36,7 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад. Ин маблағ 44,8 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, даромади буҷети давлатӣ барои соли 2028 ба андозаи 90,2 миллиард сомонӣ ва барои соли 2029-ум 104,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД