Arzon march 2024
Чурка
4301

 

Саргузашти талхи муҳоҷири тоҷик Давронбек Тӯйчизода, ки Русияро биҳишт гумон мекард, вале азоби ҷаҳаннамро дар мулки рус кашид

Давронбекро падараш бо сад орзуву ҳавас ба Душанбе овард, то хонда одам шавад, вале шаҳри зебою духтарони нозанини ронҳои сап-сафеди пояшон намоёнро дида, оби даҳони ин бачаи қишлоқӣ рехту барои чи аз як деҳаи дурдасти кӯҳистон ба ин шаҳри пурғавғо омаданашро дар як моҳ пурра фаромӯш кард. Ба ҷойи ба дарс рафтану илму ҳунар омӯхтан рӯзи дароз аз қафои духтарҳои лӯхтакбашара кашола шуда, дискотека ба дискотека мегашт. Маблағи дар кӯҳистон бо хуни ҷигар ба даст овардаи падарашро сарфи харидани тӯҳфаю нӯшу неъмат барои ин нозанинҳои бевафо менамуд. Ҷӯраҳои бекорхӯҷаи зиёде ёфта, бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ гуфтагӣ барин, аз кӯчаи одамгарӣ баромад. Дигар на хуши хондан дошт, на парвои падару модари меҳрубонаш, фикраш танҳо банди духтарҳою ҷӯрабозӣ буд.

 Россия биҳиш аст, биҳишт!
Рӯзе яке аз ҷӯраҳояш таклиф кард, ки хонданро партофта, ҳамроҳи ӯ ба Русия мардикорӣ равад. «Дар Тоҷикистон дигар зиндагӣ маънӣ надорад, барои ҳамин ҳарчи тезтар Россия рафтан даркор! Дар он ҷо пули калон кор карда, ба қатори одамон медароем. Россияҷон биҳишт аст, биҳишт!» оби даҳонашро ба чор тараф пош дода, таъриф мекард ҷӯраи кӯчагардаш ва Давронбек фирефтаи ин суханони ҳавоӣ шуда, қарор дод, ки донишгоҳро мепартояду Русия коркунӣ меравад.

 Бе пир марав, ки дар бимонӣ…
Падару модараш азми Давронбекро шунида хурсанд нашуданд. Гуфтанд, ки бе маълумот ва забони русиро хуб надониста дар он ҷо азобҳои сагро мекашад, вале Давронбеки волаю шайдои Русия дигар гӯши пандшунав надошт. «Шумо кӯҳистониҳо маънии зиндагониро аз куҷо мефаҳмед» гуфта, ду пояшро ба як мӯза андохт, ки монеи бахташ нашаванд. Модар бо чашми гирён ва дили реш-реш ба дасти писари эркааш барои рӯзи мабодо 3000 рубли русӣ дод ва Давронбек бо волидонаш ҳатто дуруст хайрухуш накарда, чиптаи тайёра харид. Орзуи зудтар ба Москва рафта соҳиби пули калон шудан он қадар саргарангаш карда буд, ки гирифтани дуои неки падару модарро низ фаромӯш кард.

 Танҳои танҳо
Ҷӯрааш ваъда карда буд, ки як дӯсти бизнесменаш Давронбекро дар фурудгоҳ пешвоз мегирад, вале рӯз бегоҳ шуду аз пешвозгиранда дарак нашуд. Давронбек чанд маротиба ба рақами додаи ҷӯрааш занг ҳам зад, аммо аз он ҷониб ҷавоб нашуд. Пардаи шом рӯйи шаҳри пурғавғоро мепӯшид ва бори аввал дар умраш ба дили бачаи қишлоқӣ тарсу ҳарос роҳ ёфта, осемасараш кард. Ба ёд овард, ки як хеши дурашон дар ҳамин шаҳр мардикор аст, тарсидаю ларзида ба ӯ занг зад ва бо овози гиряолуд вазъияташро фаҳмонд. Хешаш аз занги Давронбек хурсанд нашуда бошад ҳам, ночор нишонии ҷойи зисташро гуфт ва фармуд, ки такси киро карда биёяд. Назди чандин ронанда рафта арзи матлаб намуд, вале ҳама пули калон талаб мекарданд, хайрият, ки як таксисти озарӣ бараҳмтар будааст ва розӣ шуд, ки бар ивази 1000 рубли русӣ ӯро ба ҷойи лозима барад.

 Аз афсона то ҳақиқат
Хеши дурашон Давронбекро бо чеҳраи гирифта пешвоз гирифта ба вагоне, ки ҷойи зисташон будааст, даровард. Аз дари вагони чиркин даромадан баробар кайфи Давронбек парид, вале дигар ҷойи рафтан, ки надошт, ночор ба ҳаминаш ҳам шукр гуфта, сумкаашро зери кат гузошт. Аз он кару фаре, ки дар деҳа ва дар шаҳри Душанбе мекард, дигар ному нишоне намонд буд ва вай оҳи сард кашида, худро рӯйи бистаре, ки аз чиркинӣ рангашро аниқ карда намешуд, партофт. Дар вагон қариб 20 тоҷикбачаи муҳоҷир зиндагӣ мекардаанд. Муҳоҷирон хаставу лакот баргашта буданд ва хуши бо Давронбек ҳамсӯҳбат шуданро накарда, хӯрокашонро хӯрданду сар ба болин ниҳоданд. Дар як дам садои хур-хуркунон хурок кашиданашон баланд шуд. Ҳама масти хоб буданд, вале Давронбекро дар бистари ифлос ҳеҷ хоб намебурд. Аз курпаи болояш бӯйи баде ба машомаш расида дилашро беҳузур мекард. Баданаш ба хориш даромад. Даст бурда ҷонзодеро дошт ва дар равшании чароғак зеҳн монда нигаристу дид, ки дар кафаш шабушк аст. Ҳамон шаб то саҳар кайку шабушкҳо ба қавле ӯро тала карда, хобидан намонданд.

 Азобҳои бачаи эрка
Саҳар соати шаш бригадир ҳамаро аз хоб бедор кард. Ба Давронбек низ либоси кӯҳнаи корӣ дода, фармуданд, ки ҳамроҳашон равад. Мусофири навро ба бригадаи бетонрезҳо ҳамроҳ карданд. Дастони нозуки Давронбек қуввати бардоштани занбарро намекарданд, вале дар ин ҷо касе ба вай раҳм надошт. «Ҳой бача, Россия хонаи очат нест, ки як почата имрӯзу пойи дигарата пагоҳ бардорӣ! Тезтар ҷумб» дод мезад бригадир ва коргарон ба ҳоли Давронбек тамасхуромез механдиданд. Дастонаш дигар мадори бардоштани занбарро надошт, аммо ҳарчанд зорӣ мекард, имкони дамгирӣ намедоданд. Марди армание роҳбарашон буд ва намемонд, ки бачаҳо нафасашонро рост кунанд. Ҳамаро кор мефармуду худаш дар болои деворе нишаста, соатҳо бо телефон лақ-лақ мекард ва ҳар замон сигор дуд медод. Вай ҳатто хуши барои обнӯшӣ фаромаданро надошт ва бачаҳоро маҷбур мекард, ки аз ошёни 7-ум фаромада барояш об биёранд. Тоҷикбачае ҷонҳавл ба поён давида, ҳаллосзанон об мебаровард, вале ба ҷойи миннатдорӣ аз армании ношукр шатта мехӯрд. Армании беинсоф бо болға ба тахтапушти тоҷикбача мезаду дигар тоҷикон ба ҷойи ҳамдиёрашонро тарафгирӣ намудан ба ҳоли ҷавони шаттахӯрда хандида мегуфтанд: «Ара молодец!» Касе аз тоҷиконро парвои он набуд, ки ҳаммиллаташонро таҳқир мекунанд, мезананд ё мекушанд.


Пилинг амалиёти бедард ва хеле одӣ бошад ҳам, мо онро ба як тоифаи бонувон тавсия намедиҳем. Инак, ба киҳо пиланг кардан мумкин нест.

 


Ҳамин тавр бо азобҳои алим рӯзи аввалини кори Давронбекам ба охир расид ва вай хаставу шалпар базӯр хӯрокашро нимколахӯр карда, худро рӯйи бистар партоф. Ҷогаҳои чиркини пур аз кайку шабушк акнун дар назараш биҳишт менамуд. Саҳар бо садои дағали бригадир, ки аз овози дуҳул ҳам гӯшхароштар буд, бедор шуд, вале мадори бархостан надошт. Гӯшашро ба карӣ зада, худро ба хоб андохт. Бригадири арманӣ ҳанӯз сар аз хоб набардоштани Давронбекро дида, девона шуд ва бо лагат ба пушташ чунон сахт зад, ки аз чашмонаш оташ парид. Аз тарси сиёсати арманӣ дарҳол парида хест ва дасту рӯяшро шусту як бурида нонро ба кисса андохта, аз қафои шариконаш сӯйи сохтмон давид...

(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор бошед!)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД