Arzon march 2024
7-зарари пилинг ба занҳо
2047

 

Дар кошонаҳои ҳусн дар бораи амалиёти пилинг бисёр мешунавам. Мегӯянд, ки агар пилинг нодуруст анҷом дода шавад, ба ҷойи фоида зарар мерасонад. Пилинг чӣ гуна амалиёт аст ва онро чӣ хел мегузаронанд?

Насиба, ш. Душанбе

Аслан пилингро барои ҳамвор кардани ожангҳои рӯй ва рафъи ноҷуриҳо аз қабили наракҳо ва доғҳои пигментӣ мегузаронанд. Пилинг амалиёти бедард ва хеле одӣ бошад ҳам, мо онро ба як тоифаи бонувон тавсия намедиҳем. Инак, ба киҳо пиланг кардан мумкин нест.

  1. Зан ҳое, ки пӯсти ҳассосу нозук доранд, пилинг кардан ба онҳо тавсия дода намешавад. Ба ақидаи мутахассисони соҳаи пӯст нодуруст гузаронидани амалиёти косметикии пӯст-пилинг метавонад пӯсти занро тамоман даҳшатнок сохта, занро ба аҷуза монанд гардонад, агар пӯсташ нозук бошад.
  2. Ба бонувони то синни 30-сола пилинг кардани рӯй лозим нест, зеро пӯст худаш барқарор мешавад.
  3. Хонумҳои аз 30-сола болое, ки мехоҳанд тавассути ин амалиёт пӯсташонро ботароват созанд, танҳо дар сурати дар пӯсти рӯяшон купероз, яъне васеъшавии рагҳои пӯсти рӯй ё гипертрихоз- сермӯйии пӯсти рӯй надоштан пилинг карда метавонанд.
  4. Истифодаи пилинг ба бонувони ҳомиладор қатъиян манъ аст.
  5. Модарони кӯдаки ширхора дошта, бояд то аз ширмакӣ баромадани фарзандашон аз гузаронидани пиллинг худдорӣ намоянд.
  6. Занҳое, ки пӯсти рӯяшон ҷароҳат, яра ё табхол дорад, агар пилинг кунанд, ҳолати пӯсташон табоҳ гашта, ба аҷуза монанд мешаванд.
  7. Бонувоне, ки аллергия дорад, дар вақти фаъолнокии офтоб, яъне фаслҳои баҳору тобистон ба онҳл пилинг кардан манъ аст.

 

Дар сурати солим будани пӯстатон шумо

Метавонед пилингро ин тавр гузаронед:

Аввал ба дорухона рафта маҳлули калсий хлориди 5-10% ва чанд диски пахтагину собуни кӯдакона харидорӣ намоед. Ампуларо боэҳтиёт кушода, диски пахтагинро дар маҳлул тар кунед ва дар пӯсти рӯятон мувофиқи хатҳои маҳсӣ молиш диҳед. Пӯст бояд маҳлулро пурра ҷабида гирад. Амалиётро 5-8 маротиба такрор кардан лозим аст. Дар пӯст каме эҳсоси сӯзиш пайдо мешавад, вале пӯст набояд сахт ба сӯзиш дарояд. (Мабодо пӯстатон сахт ба сӯзиш дарояд, дарҳол рӯятонро бо собун шӯед) Баъди хушк шудани қабати охирини маҳлул, нӯги ангуштатонро ба об тар карда ба собуни кӯдакона молиш диҳеду ба пӯсти рӯй гузошта маҳскунон молед. Зарур шуморед, метавонед ангуштонро аз нав дар обу собун тар карда пӯстро тоза кунед. Пӯстатонро, ки тоза эҳсос кардед, бо оби ширгарм рӯятонро бишӯед. Ин амалиётро пеш аз кӯчабароӣ гузаронидан мумкин нест. Одатан баъди пилинг пӯст хушк мешавад, бинобар ин, мо ба шумо молидани ниқоби нармкунанда ва ғизобахшро маслиҳат медиҳем. Фаромӯш накунед, ки дар як моҳ танҳо як ё ду маротиба пилинг кардан мумкин аст.

 

 

Ниқоб аз полисорб

Хокаи полисорбро аз дорухона дастрас карда, ним халтачаашро бо ҳамон миқдори об омехта намоед. Аввал камеашро ба баногӯшатон молед, агар пӯстатон ба сӯзиш надарояд, ниқобро ба рӯятон молида 10-15 дақиқа истед ва баъдан бо оби зиёд шӯед. Полисорб чарби зиёдатиро кашида пӯстро таранг месозад. Баъди ин ниқоб ҳатман малҳами ғизобахш молидан лозим аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД