Formula novemver 2024
Чаро ҷавонон "алкаш" мешаванд?
2545

Вобаста ба талаботи замон имрӯз дар байни ҷавонон истеъмоли машруботи спиртӣ ва истифодаи тамоку, нос, сигору дигар маводи ба зиндагӣ ва саломатӣ зарароварро бисёр истифода мекунанд. Зери ин мавзӯъ мо танҳо ҷавононро гунаҳкор карданӣ нестем.


Замоне фаро расидааст, ки мутаассифона, аксар одамон тамоку истифода мекунанд. Дар ин ҷо баъзе ҷавонҳои ба балоғат нарасида ҳам ба истифодаи нос даст мезананд. Аниқтараш, саволе ба миён меояд, ки чӣ сабаб мешавад, ҷавонон ба истеъмоли ҳамин гуна маводи зараррасон рӯ меоранд?Сабаби асосӣ, ба андешаи мо, ин надоштани маълумоти кофӣ дар бораи ин маводи зараровар мебошад. Хабарнигори сомонаи Оила ин мавзӯъро пайгирӣ намуда, бо чанде аз роҳгузарон ҳамсӯҳбат гашт, ки фишурдаашро пешниҳодатон менамоем:

     Шарифзода Меҳрулло, омӯзгори МТМУ № 33-и ноҳияи Ховалинг

- Ба андешаи ман, аксари ҷавононро муҳоҷират ва хизмати ҳарбӣ бероҳа мегардонад, чунки дар он ҷойҳо ба кашидани тамоку сар карда, аз ин амалашон дигар даст кашида наметавонанд. Сустиродагӣ онҳоро ба ин роҳҳо мебарад ва вақте пир мешаванд, он вақт ақлашон ба сарашон мезанад, ки аллакай дер мешавад. Ҷавонон бояд худашон фикр карда, аз ин корҳои нолозим сари вақт канораҷуӣ кунанд.

    Сунатулло Қурбонов, донишҷӯйи курси 4-и ДМТ

- Имрӯз аксари ҷавонон аз сабаби бекорӣ даст ба майхорагӣ ва сигоркашӣ мезананд. Албатта, мо ҳамаи ҷавононро наметавонем "алкаш" гӯем, зеро ҳастанд ҷавонони ҷасуре, ки аз пайи пешбурди зиндагӣ буда, намунаи ибрати дигарон мегарданд. Як сабаби ба майхорагӣ рӯ овардани ҷавонон ба андешаи ман мушкилоти оилавии онҳо мебошад. Аксарияти чунин нафарон ё қарздор ҳастанд ва ё дар зиндагии шахсиашон дучори мушкилоти равонӣ шудаанд.

Инчунин, ҳастанд ҷавононе, ки сигоркаширо имиҷи худ медонанд. Аз ҳамин сабаб, онҳо таъсири ин маводро ҳоло намефаҳманд. Бояд донист, ки май ё сигор дар зиндагӣ бесарусомониҳо меорад. Аксар ҷавонони оиладор дар ҳолати мастӣ ҳамсарашонро талоқ медиҳанд ё дигар амалҳои пушаймонкунандаро содир менамоянд. Ба ақидаи ман дар мағозаву бозорҳо маю сигорро ба фӯрӯш нагузоранд, хуб мешавад.

     Аниси Муҳаммадзода, донишҷуйи курси 4-и ДМТ

- Ба назари ман ҷавони имрӯз вақте бо зани худ ҷанг мекунад ё дучори мушкилоти калони иқтисодӣ дар зиндагӣ мешавад, ба майхораги ё тамокукашӣ мепардозад. Сабаби дигар ин ки танҳо барои як лаҳза "кайф" кардан ба ин кор даст мезанаду фикр мекунад, ки майнӯши ё тамокукашӣ ба онҳо кайфияти зӯр мебахшад. Аммо сахт иштибоҳ мекунанд. Аз ҷиҳати дигар, вақте ҷавон бо одамони аз худ калонсолтар ҳамсуҳбат мешаваду онҳо мегӯянд, ки сигор ё тамоку барояшон роҳат мебахшад, ба суханонашон бовар намуда, рӯ ба сигоркашӣ меоранд. Ин ба зарари худи он ҷавон аст. Ё писар вақте хурд асту мебинад, ки падари ӯ нос ва нӯшокиҳои спиртӣ истифода мекунад, ин амали ӯ ба мафкураи писараш таъсир мерасонад. Ман фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва истифодаи тамоку, сигор, нос ва ҳама чизҳои монанд ба инро аз байн баранд.

    Баҳруллои Маҳмадшариф, корманди Радиои Тоҷикистон

- Ба ақидаи ман моҷарои оилавӣ низ боис мешавад,ки ҷавонон май нӯшанд, ё сигор кашанд ва ё ба дигар корҳои зишт даст зананд.Боз як омили дигараш ин аст, ки баъзан донишҷӯён вақте зӯран ба дарс меоянду ҳавсалаи дарсхонӣ надоранд, машғулияти дӯстдоштаашон сигоркашӣ мешавад.

     Асадуллоев Парвиз, донишҷуйи курси 4-и ДМТ 

- Роҷеъ ба ин мавзуъ фикру андешаҳои зиёде мавҷуданд. Аммо ман ин мавзӯро ба се ҷиҳат ҷудо мекунам. Ҷиҳати якумаш ин ки вақте волидон фарзанди худро тарк мекунанд. Дуюмаш ин ки вақте инсон сарватманд асту яку якбора бойигариашро аз даст медиҳад ва сеюм ба хотири фаромӯш кардани ғаму андӯҳ. Ба фикри ман ана ҳамин мушкилот сабаби майхора гаштани ҷавонон мешаванд. Баъзе ҷавононе низ ҳастанд, ки сабаби майхора шуданашон духтари нағздидаашон мешавад. Ҳангоме, ки як духтарро бениҳоят нағз мебиниву он духтар ба ишқи худ хиёнат мекунад, баъд ҷавони ошиқ рӯ ба маю сигор меорад.

Хонандагони азиз, тавре худи шумо шоҳид шудед, дар ин бобат ақидаҳо гуногунанд. Ҳар кас ба таври худаш ин мавзӯъро шарҳ медиҳад. Мо тавсия медиҳем, ки аз нӯшокиҳои спиртӣ ва дигар воситаҳои дилхушкунанда, ки ба саломатӣ зиён доранд, даст кашед. Зеро саломатии ҳар шахс дар дасти худаш аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД