Зебо говро ҷӯшиду сатили ширро гирифта, аз оғил баромад. Хушдоманаш рӯйи кат нишаста, бо хусураш паст-паст дар бораи чизе баҳс мекарданд. Танҳо ду калима ба гӯши Зебо расид: духтари шавҳармурда ва безурриёт.
Дилаш таҳ кашид, фикр кард, ки безуриёт гуфтанашон ба ӯ дахл дорад, вале “духтари шавҳармурда кӣ бошад” гӯён, якбора табъаш хира гардид.
...Мабодо хоби дидаам рост барояду дар ҳақиқат Олимҷон зан гирад,он гаҳ ман чӣ кор мекунам? Эҳ зиндагӣ,мабод он рӯзе, ки шавҳарам зан бигираду маро пеш кунад.Бибиам буҷули асп дода буд, ки шояд писардор шавӣ,ба умед дар кунҷи сандуқат мон.Оҳ Олимчон,дар ин дунёи дурӯза ҳама меҳмонем.Мову ту ҳам ғаниматем. Вақте дар донишгоҳ бо ҳам шинос шудем,гуфтӣ ки бо як дидан ошиқам шудаӣ.Шаби тӯй гуфтӣ,ки як умр ҳамроҳ мемонем.Наход,ки ба хотири бефарзандӣ маро хоки раҳ кунӣ?! Майлаш, зан гир, аммо маро аз хонаат пеш накун.Хизматгори дари хонаат мешавам, фақат маро пеш накун.14 сол хизматгори падару модарат будам. Боре ба рӯят нигоҳ накардаам. Танҳо туро чашм кушода дидаму бо тамоми вуҷудам дӯстат доштам.
Зебо ширро ҷӯшонида, як тараф гузошту зуд дар пеши хусуру хушдоманаш дастархон кушода як косагӣ шӯрбои гармакак овард.
-Ҳа келин,чаротабъатгирифтагӣ?Касе туро ранҷонд?
-На,холаҷон,ҳамаашхубаст.
-Рангу рӯяткандагӣ,ким чӣхелҳастӣ?
-Не, холаҷон, ба назаратоннамудагист. Ҳамааш хуб аст.
-Биё, ту ҳам як коса шӯрбо хӯр.
-Не холаҷон, бегоҳиҳо баъди хӯрокхӯрӣ меъдаам ба сӯзиш меояд. Ин бегоҳӣ намехӯрам.
-Майлаш,эҳтиёт кун.Олимҷон имрӯз дер кард,дилам дар ташвиш...
-Ман ҳам дар ташвиш шудам. Ҳозир меомадагист.
Вақтҳои охир шавҳараш шабҳо дер ба хона меомадагӣ шудааст. Зебо то омадани шавҳараш хоб нарафта, интизорӣ мекашид. Ин бегоҳӣ ҳам ӯ дер омад.
-Олимҷон,хелеинтизоршудам,чаро дер кардед?
-Корат чӣ?Борҳо гуфтам,ки напурс маро. Зан набояд шавҳарро пурсад. Фаҳмидӣ?!
-Фаҳмидам.Шӯрбои бомазза аст,гарм кунам?
-Не,сер ҳастам.
Ҳамин вақттелефонашзанг заду шавҳараш семасар гӯширо гирифта, берун баромад.Дили Зебо сиёҳ шуд.
Эҳ Худоҷон,кош ҳамсуҳбаташ зан набошад.Кош, медонист чӣ қадар дӯсташ медорам. Олимҷон, ту маънии ҳаёти манӣ. Бе ту нафас кашида наметавонам.
Олимҷонбохонумидигаре шиносшуда буд, ки Дилоро ном дошт. Онҳо то дергоҳи шаб суҳбатиошиқона кардан, сипас Олмиҷон ба утоқи хобаш даромад.Зебо ҳанӯз хоб набуд.
-Зебо, чаро хоб нестӣ?
-Туроинтизорам.
-Хоб кун, шаб аз ним гузашт.
-Ту ҳам хоб кун.Хаста шудӣ.
Олимҷонғелидуҳамонзамонхобашбурд.Зебо ба абрӯвони пайвасти шавҳараш нигариста,бомуҳаббат зерилабгуфт:
-Оҳ,азизидилам.Бароят мемирам. Ҷони ширинам аз ту тавалло дорам, маронапарто.
ОлимҷонбоДилрабо,кишавҳарашфавтида буд,дар тӯйи бародараш шинос шудубоҳамаҳдупаймонбастанд.Аммо ҷавонзан шарт гузошт,ки зани қисиратро сар медиҳӣ, баъд ман барои никоҳ розӣ мешавам. Олимҷон ба фикр фурӯ рафт,дилаш ба занаш месӯхт, охир ин қадар сол бо Зебо зиндагӣ карда, ҳарфи баде аз ӯ нашунидааст.
Бо ҳам зиндагии орому ширине доштанд, вале фарзанддор нашуданд.Занаш зани хуб аст, вале бе кӯдак зиндагӣ маьние надорад.
Зебо гирякунон хоб рафт.
Субҳ аз садои мусиқии шавҳараш, ки дар телефон сабт карда будуҳангоми дар ташноб будани ӯ садо дод,гумон кард дилаш аз қафаси синааш баромад.
Дарунисинаи сардам дилисадпорамегиряд,
Миёнихонаибекӯдакамгаҳворамегиряд.
Зибазмигармишоҳонхандаимастонамеояд,
Ба чашмиман, вале ҳархиштибурҷу бора мегиряд.
Зебоякборасабрашохиршуду баланд гиря кард.
-ЭҳХудоҷонам,ба мани бефарзандфарзандато кун,ки садоикӯдак дар ин хона танинандозгардад.Худои ман дастамро бе раҳматат барнагардон,илтиҷо дорам.
Олимҷон ноништа накарда, ба коргоҳ рафт.Зебо бо чашмони сурхуаз гиря варамида сӯйи ташноб рафта, рӯяшро шуст.
Хушдоманаш ин ҳолати ӯро дида, нороҳат шуд ва хеле насиҳат карда, сипас гуфт, ки “ҳозир аз Олимҷон иҷозат мегирам, ба хонаи очаат рафта, як ҳафта дам гир, ҳамааш хуб мешавад”.
-Майлаш,холаҷон,-боз гиря гулӯгираш кард.
Зебо ба хонаашон омад. Модараш ҳис кард,ки духтараш сахт озурда аст, вале чизе напурсид. Хислати духтарашро медонист,ки то худаш дилаш кушода нашавад, аз ҳолати руҳиаш гап намезанад.
Ҷавонзан шабҳои дароз намози истихора мехонд,барои худаш дуо мекард.
Фируза редактор тсел, [29.09.2022 15:48]
Олимҷон муддати ду ҳафта ҳатто ба хабаргириаш наомад. Фақат бо телефон гуфт,ки “Зебоҷон,аз кори хонаи мо хаста шудаӣ, дар хонаи волидонат каме дам бигир.
Зебо мепурсид, ки чаро ба дидорбинӣнамеоӣ?
-Аз кор хаста меоям,вақтнадорам.
-Охир, дар вақташҳатто як соатбе ман наметавонистӣ?
-Зебо,гапизиёдатиромон.Хонаибекӯдакмазораст.Ту магарбароямписар ё духтартаваллудкардӣ?
-Оҳ...ту...бо ин суханатбе кордмаро куштӣ.
Зебо аз ҳушрафт.Падару модар ӯро ба беморхона бурданд.Муъҷизаи Худовандӣ рӯй дод. Баъди ташхиси тиббӣ табибзан хушхабар расонид, ки Зебо ҳомиладор аст.
Зебо ин хабаррошуниданзамонқарсак зад,тифлякмоҳа буд.
-Худоям, ташаккур ба ту.Садоямро шунидӣ,дастамро бе раҳматат барнагардондӣ.Дастам ба дастат Худоҷонам.
Ӯбуҷулиаспрогирифтухурсандона ба хонаишавҳаррафт.
Дами дари ҳавлӣмеҳмононмеистоданд.Ӯ ҳайрон шуда, салом доду ба ҳавлӣ даромад. Хусураш ӯро дидан замон:
-Ҳа келин, тинҷӣ мӣ, хабар накарда омадӣ?
-Тағоҷон,як хушхабар дорам.
-Хона даро,гап ҳаст.
Зебо ба меҳмонхона даромад. Шавҳараш бо ҷавонзани оростае таги чимилиқ меистод.
-Олимҷон,ту зангирифтӣ?
Меҳмононудомодуарӯсвахушдоманашҳайратзада ба ӯнигаристанд.
Зебобуҷулиаспро аз тугунчаашбароварда, бо гиря гуфт:
-Олимҷон,ба хотиратҳаст?Инро даруни сандуқ гузоштем,ки рӯзе соҳиби писар мешавем. Аммо ту ба ман хиёнат кардӣ? Ҳамагӣдуҳафтаманбо ту набудам,ту зангирифтӣ?
-Э говиқисир,рав аз ин ҷо,шавҳаратмароникоҳкард,-шарм надошта,сӯяшдод зад Дилоро.
-Олимҷон, холаҷон,манмеравам.Хушбахтбошӣ.Хабарихушам ин буд,ки ман ҳомиладоршудаам.
-Дурӯғмегӯӣ, -гуфтшавҳараш, аммоЗебо тез- тез қадаммонда, аз ҳавлӣбаромад.
Ашки талх дидагонашро мешуст.Касе аз пасаш набаромад.
Аз байн ду сол гузашт. Зебо ҳоло соҳиби як писарча асту ҳамроҳи бародараш дар муҳоҷират қарор дорад. Шавҳараш пушаймон шуда, аз Дилоро ҷудо шудаасту зорӣ дорад, ки бо ҳам зиндагӣ кунанд.Аммо ӯ намедонад,ки розӣ шавад ё на?Аз бевафоии шавҳар бисёр дилозурда гаштааст.
Шумо чӣ маслиҳат медиҳед?