Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз муҳаббат маънии зиндагии шумост. Вале агар онро бо ҳисобу манфиат омехта созед, хушбахтии хонаводагӣ аз даст меравад. Ба садои дили худ гӯш диҳед, на ба сухани атрофиён. Эҳтимоли муноқиша бо наздикон ва сарукор бо одамони носозгор вуҷуд дорад. Дар кор, маслиҳати ҳамкоронро нодида нагиред, ба осон анҷом ёфтани вазифаҳо мусоидат мекунад.
Савр (21 апрел-21 май)
Ҳисси дудилагӣ ва хаёлпарастӣ метавонад шуморо аз вохӯрии муҳими ошиқона маҳрум созад. Бо наздикон, бахусус падару модари ҳамсар, баҳсҳо рух медиҳанд, вале бо хирад онҳоро ҳал хоҳед кард. Фурсати хуб барои сайқал додани малакаҳои касбист. Имкони дарёфти пули ғайричашмдошт вуҷуд дорад. Шомгоҳӣ сайругашт барои оромии рӯҳӣ ва хоби хуб мусоид мешавад.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Шавқу эҳсосоти нав мехоҳед ва имрӯз имкони пайдо шудани муҳаббати тоза вуҷуд дорад. Ба корҳои рӯзмарра ва хонаводагӣ диққат диҳед. Хариди муштарак бо наздикон табъи шуморо болида месозад. Бо вуҷуди худбоварӣ эҳтиёт кунед, тасмимҳои шитобкорона ба нокомӣ мебаранд. Дар масъалаҳои молӣ эҳтиёт кунед, сарфакорӣ зарур аст. Оромӣ ва ҳушёрӣ ба шумо фоида меоранд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз шояд шахси аҷибе ба зиндагии шумо ворид шавад. Муносибатҳои гарм ва самимӣ оғоз меёбанд. Барои онҳое, ки заҳмат мекашанд, подоши хуб - афзоиши даромад ё пешниҳодҳои корӣ дар назар аст. Вале эҳтиёт бошед, тағйироти ногаҳонӣ дар вазъи молӣ эҳтимол дорад. Агар ният доред, ки саломатиро беҳтар созед, имрӯз вақти муносиб аст, парҳези сабук ва реҷаи дуруст фоидаовар хоҳад буд.
Асад (23 июл-21 август)
Агар муносибате шуморо хаста кардааст, беҳтар аст бо ростқавлӣ ҳама чизро равшан созед. Ба баҳсҳои хонаводагӣ бо нармӣ нигоҳ кунед. Шом метавонад хушиҳои ногаҳонӣ биёрад. Имрӯз шартнома набандед, диққат парешон хоҳад буд. Ҳарчи харед, бояд боақлона бошад. Хастагӣ эҳсос мешавад, машқҳои сабук ва дамгирии кофӣ муҳиманд.
Сунбула (22 август-23 сентябр)
Новобаста ба ихтилофҳо, муҳаббат дар зиндагии шумо ҷойгоҳи мустаҳкам дорад. Ба аҳли хонавода каме бештар вақт ҷудо кунед, ин фазои гарму самимиро меафзояд. Барномаи рӯзро бо тартиб анҷом диҳед, муваффақ хоҳед шуд. Рӯзи мувофиқ барои гуфтушунидҳо ва муомилоти ҳуқуқӣ аст. Аз муноқиша ва нигаронии зиёд худдорӣ варзед, оромии ботинӣ калиди хушрӯзист.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Агар мехоҳед муҳаббатро пайдо кунед ё дӯстдоштаатонро аз даст надиҳед, аз ҷустуҷӯи бемавқеъ даст кашед. Эҳтимоли нофаҳмӣ бо наздикон вуҷуд дорад, бо таҳаммул ба гапҳояшон гӯш диҳед. Агар фикрҳои худро равшан баён кунед, дар кор комёб мегардед. Барои соҳибкорон рӯз муҳим аст. Ба саломатӣ диққат диҳед, худро аз ҳад зиёд хаста накунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Муҳаббат аз ошхона оғоз мешавад, имрӯз бо муҳаббат пухтани ғизо метавонад дилҳоро ба ҳам орад. Шумо бо ёратон эҳсос мекунед, ки муҳаббат ҳанӯз зинда аст. Иваз кардани муҳит эҳсосотро нав месозад. Вохӯриҳо бо дӯстон рӯҳбаландкунандаанд. Имкони дарёфти фоидаи молӣ ё кӯмак вуҷуд дорад. Хастагӣ эҳсос мешавад, истироҳат ва чойи гиёҳӣ бо асал нерӯ мебахшанд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Бо наздикон муноқиша, бахусус бо сабаби камбудиҳои молӣ, эҳтимол дорад. Ба фикру эҳсоси дигарон таваҷҷуҳ кунед. Оиладорҳо бояд бо мулоиматӣ муаммоҳоро баррасӣ намоянд. Муносибати самимӣ бо ҳамкорон ба натиҷаҳои хуб мебарад. Имкони беҳбудии молиявӣ ҳаст, аммо бо эҳтиёт амал кунед. Аз таомҳои равғанин парҳез кунед, саломатии шумо дар дасти шумост.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Муҳаббатро аз якрангӣ наҷот диҳед, чизе наву ҷолиб ба он биёред. Агар бо наздикон нофаҳмӣ пеш омада бошад, бо изҳори самимият ва эътирофи гуноҳ муносибатро барқарор созед. Имрӯз шояд имкони рушд дар кор пайдо шавад. Харидҳои муфид ва оқилона рӯзгоратонро осонтар мегардонанд. Хастагӣ эҳсос мешавад, беҳтар аст дам бигиред ва витаминҳоро фаромӯш накунед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Агар худро танҳо ҳис мекардед, ин эҳсос ба охир мерасад, муҳаббат наздик аст. Ба эҳсосоти худ имкони ҷӯш задан надиҳед, оромӣ аз ҳама муҳимтар аст. Муносибат бо наздикон ва дӯстон муҳим мегардад, вақти бештар барои шодиву мулоқот ҷудо кунед. Дар кор пешравӣ имконпазир аст, агар фаъол бошед. Аз хароҷоти беҳуда худдорӣ варзед. Аз нӯшокиҳои зарарнок канора бигиред, организматон сипосгузор мешавад.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Бас аст танҳоӣ, қадаме ба сӯи муҳаббат бигузоред. Бигзор тарс ва дудилагӣ шуморо бознадорад. Оиладорҳо метавонанд бо якҷоя гузаронидани лаҳзаҳои самимӣ муносибатро гарм созанд. Дар кор, агар чизе душвор афтад, ором бошед, иштибоҳ бахшида мешавад. Таваккал, агар оқилона бошад, натиҷаи хуб медиҳад. Ба сифат ва тозагии ғизо диққат диҳед, саломатӣ гаронбаҳост.