Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз барои шумо шонси вохӯриҳои ғайриинтизор ва лаҳзаҳои ошиқона вуҷуд дорад. Аммо, эҳтиёт шавед, зуд ошиқ нашавед. Корҳо ва вазифаҳои рӯзмарра метавонанд шуморо аз наздикон дур созанд, бинобар ин, ба онҳо таваҷҷуҳи бештар диҳед. Дар ҷои кор кӯшиш накунед, ки аз ҳад зиёд заҳмат кашед, беҳтараш ба масъалаҳои хонаводагӣ диққат диҳед. Аз хароҷоти калон ва қарзгирӣ худдорӣ намоед. Ба саломатии худ таваҷҷуҳ кунед ва аз фишори зиёдатӣ парҳез кунед, зеро ин метавонад ба дарди сар оварда расонад.
Савр (21 апрел-21 май)
Дар муносибатҳои ошиқона меҳру самимияти зиёд эҳсос хоҳед кард. Муҳаббати худро бо шарики худ тақсим кунед. Ин рӯз метавонад барои нафарони муҷаррад бахтсоз бошад. Дар муҳити оилавӣ эҳтимоли пайдоиши муноқишаҳо вуҷуд дорад, кӯшиш кунед, ки бо ҳамдигар ба созиш бирасед. Дар ҷои кор, роҳбарият кӯшишҳои шуморо қадр хоҳад кард, аммо аз муваффақиятҳои худ ба ҳамкорон нагӯед, то ки аз ҳасад ва рашк эмин бошед. Дар сафарҳои дур эҳтиёт шавед, хатари фиреб ва талафи маблағ вуҷуд дорад. Барои нигоҳ доштани саломатии худ, аз даводави зиёдатӣ парҳез кунед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз барои шумо ва шарики зиндагиятон лаҳзаҳои пур аз муҳаббат ва меҳрубонӣ пешбинӣ шудааст. Ин фурсатест, ки вақти худро якҷоя гузаронед ва аз лаҳзаҳои ором ва ошиқона баҳра баред. Барои онҳое, ки оиладор ҳастанд, имкон дорад масъалаҳое, ки қаблан норозигӣ ба бор меоварданд, ҳал шаванд. Дар ҷои кор, бо осонӣ аз уҳдаи ҳама гуна вазифаҳо мебароед. Аммо, дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёт шавед, имрӯз бахт ба ҷониби шумо нахоҳад буд. Дар ғизо, аз хӯрокҳои равғанин ва тез лаззат набаред ва аз нӯшидани машрубот парҳез кунед. Шомгоҳон як души контрастӣ бигиред, то ки худро тароват бахшед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Агар шумо аллакай дар муносибат бошед, бидонед, ки ба зудӣ бо шахси наздикатон ҷудоӣ пеш меояд. Хушбахтона, ин ҷудоӣ тӯлонӣ нахоҳад буд. Имрӯз бояд ба атрофиён маслиҳатҳои зиёде диҳед. Бисёре аз одамон ба шумо эътимод доранд ва сирҳои худро ба шумо мегӯянд. Рӯзи корӣ душвор хоҳад буд. Иҷрои вазифаҳои оддӣ низ кӯшиши зиёд талаб мекунад. Ҳисоб кардани маблағ ба шумо энергияи молиявӣ медиҳад. Ба ниёзмандон кӯмак расонед. Дар машқҳои ҷисмонӣ эҳтиёт шавед, зеро эҳтимоли мушкилот бо сутунмуҳра ва буғумҳо вуҷуд дорад.
Асад (23 июл-21 август)
Имрӯз шумо бояд байни кор ва ҳаёти шахсӣ интихоб кунед. Ба эҳсосот диққат диҳед, хусусан агар муносибати нави ошиқона оғоз ёфта бошад. Баъзан лозим аст, ки фаъол бошед, ҳатто агар дилатон истироҳат хоҳад. Агар корҳои муҳимро ба таъхир андозед, мумкин аст ба низоъ оварда расонад. Роҳбарият метавонад имрӯз ба шумо эрод гирад, аммо инро ба дил нагиред, ин танқидҳо ба шумо зарар намерасонанд. Ҳодисаи номатлубе, ки аз он метарсидед, метавонад рӯй диҳад, вале натиҷааш хуб хоҳад буд. Аз хароҷоти беҳуда парҳез кунед. Барои рафъи изтиробҳои корӣ, кӯшиш кунед, ки бо чизҳои хушҳолкунанда машғул шавед.
Сунбула (22 август-23 сентябр)
Имрӯз эҳтимол шахсеро пайдо кунед, ки шуморо хеле хуб дарк мекунад. Рӯз барои вохӯриҳо, махсусан бо шахсони азиз, мусоид аст. Шумо метавонед эҳсосоти худро ифода кунед ва хабарҳои охиринро муҳокима кунед. Ҳар гуна харидҳо муваффақ хоҳанд буд. Аммо, имрӯз мумкин аст бо баъзе душвориҳо рӯ ба рӯ шавед ва муносибати нохуши ҳамкорон шуморо нороҳат кунад. Кӯшиш кунед, ки хулосаҳои шитобкорона набароред. Агар камбудиҳои молиявӣ дошта бошед, эҳтимол фикри олиҷанобе барои ислоҳи ин вазъият ба саратон ояд. Боздид аз духтури дандонро ба вақти дигар гузоред.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона ба дилатон шубҳа меафтад. Ба қалби худ эътимод кунед, он шуморо фиреб намедиҳад. Гарчанде ки шумо хусусиятҳои роҳбарӣ доред, кӯшиш кунед, ки онҳоро аз ҳад зиёд нишон надиҳед, то ки муносибатҳоятон бо дигарон вайрон нашавад. Аз нишон додани зӯрӣ ва хашм худдорӣ намоед, ин метавонад боиси нофаҳмиҳо гардад. Беҳтараш дар ҳама кор созиш намоед. Имрӯз эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳои вирусӣ зиёд аст, бинобар ин, ба фаъолияти ҷисмонӣ ва истироҳати кофӣ аҳамият диҳед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз кӯшиш кунед, ки ба рафтори шарики худ, агар он шуморо нороҳат мекунад, сабр накунед ва фикрҳои худро баён кунед. Шахси дӯстдоштаатон ба шумо таваҷҷуҳ хоҳад кард, кӯшиш кунед, ки бо меҳрубонӣ ҷавоб диҳед. Шомгоҳон бояд масъалаҳои молиявиро муҳокима кунед. Барои расидан ба муваффақият дар кор, қобилиятҳои худро нишон диҳед. Шумо метавонед натиҷаи дилхоҳро ба даст оред, агар ба худ шубҳа накунед. Аз хароҷоти беасос ва таъсири эҳсосоти муваққатӣ худдорӣ намоед. Дастурҳои духтурро дақиқ риоя кунед ва вақти гирифтани доруҳо ва гузаронидани муолиҷаҳоро аз даст надиҳед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз беҳтар аст, ки вақти худро ба шахси дӯстдоштаатон бахшед. Эҳтимол мушкилоти хонаводагӣ ба миён оянд, аммо кӯшиш кунед, ки оромиро дар оила нигоҳ доред. Саъй кунед, ки муносибатҳои хубро бо наздикон нигоҳ доред. Дар фаъолияти хизматӣ беҳтар аст, ки бо усулҳои санҷидашуда амал кунед, таҷрибаҳои навро ба таъхир андозед ва аз амалҳои хатарнок парҳез кунед. Аз хариди аз ҳад зиёд худдорӣ намоед, ба ҳеҷ ваҷҳ барои харидиани ашёи қиматбаҳо қарз нагиред.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз барои ором кардани муносибатҳои шахсӣ хеле мувофиқ аст. Якҷоя вақт гузаронидан бо дӯстдоштаатон метавонад нофаҳмиҳоро бартараф кунад. Аз гуфтани суханони танқидӣ ба шарики худ худдорӣ кунед, таваҷҷуҳ ва ғамхориро бештар намоед. Имрӯз барои пайдо кардани ҷойи нави корӣ фурсати муносиб аст. Тозаву озода нигоҳ доштани хона метавонад бароятон фоида биёрад. Имрӯз вақти хубест барои навсозии намуди зоҳирӣ, ба сартарошхона ё назди косметолог равед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Тағйироти муҳим дар ҳаёти шахсии шумо дар пеш аст, ҳам шиносоии нав ва ҳам хатми муносибатҳои кӯҳна имкон дорад. Шояд дар хона баъзе нофаҳмиҳои хурд пеш оянд, аммо онҳо дар давоми як ҳафта ҳал хоҳанд шуд. Дар масъалаҳои молиявӣ, ҳама чиз устувор боқӣ мемонад, аммо эҳтимол дорад, ки ниёзҳои шумо афзоиш ёбанд. Аз ин рӯ, фикр кардан дар бораи манбаи даромади иловагӣ мувофиқ аст. Дар айни замон, пайкари шумо, хусусан буғумҳо, ҳассосанд. Аз ин рӯ, машқҳои ҷисмониро камтар кунед ва ба саломатии худ диққат диҳед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз хотираҳои ошиқонаи гузашта шуморо фаро мегиранд, махсусан агар шумо танҳо бошед. Ин эҳсосот метавонад ҳам рӯҳбаландкунанда ва ҳам андешаангез бошад. Аввали рӯз эҳтимоли пайдоиши нофаҳмиҳо бо аъзои хонаводаро дорад. Агар ин рӯй диҳад, беҳтар аст шомгоҳон оштӣ кунед, вақте ки эҳсосот ором шудаанд. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед, эҳтимоли сару кор доштан бо қаллобон вуҷуд дорад. Имрӯз хӯрдани хӯрокҳои равғанин ва нӯшидани машрубот тавсия намешавад.