Arzon march 2024
8 роҳи халосӣ аз ожангҳои бармаҳал
25.05.2025
Oila.tj
41

Ҳар як зан орзу дорад, ки ҳамеша ҷавону зебо бошад. Мутаассифона, бо гузашти солҳо пӯсти инсон, хусусан пӯсти рӯй тадриҷан тағйир меёбад. Раванди пиршавии пӯст тақрибан аз синни 25-солагӣ оғоз меёбад. Бо вуҷуди ин, як қатор омилҳо метавонанд ин равандро суст намоянд ва пӯстро ҷавон нигоҳ доранд.

Омилҳои пиршавии бармаҳали пӯст

Ба пайдоиши ожанг ва пажмурдашавии пӯст сабабҳои зиёд таъсир мерасонанд, аз ҷумла:

•  Истеъмоли ғизои нодуруст

•  Нӯшокиҳои спиртӣ ва тамокукашӣ

•  Асабоният ва стресс

•  Таъсири муҳити зист ва ҳавои номусоид

•  Норасоии витаминҳо ва моддаҳои ғизоӣ

Ин омилҳо қобилияти барқароршавии ҳуҷайраҳои пӯстро заиф намуда, ба коҳиши эластин ва коллаген – моддаҳое, ки барои чандирии пӯст муҳиманд, таъсири манфӣ мерасонанд.

Чӣ гуна пӯстро ҷавон нигоҳ дорем

1. Фаъолияти ҷисмонӣ

Машқҳои мунтазами ҷисмонӣ ба беҳтар шудани гардиши хун ва чандирии пӯст мусоидат мекунанд. Варзиш мӯъҷизаест барои нигоҳдории ҷавонӣ.

2. Ғизои солим ва витаминдор

Хӯроки ҳаррӯза бояд аз сабзавот, меваҳо ва маҳсулоти дорои витаминҳои A ва E ғанӣ бошад. Аз ҷумла:

o  Сабзӣ, каду, қаламфури булғорӣ, пиёзи сабз

o  Меваҳо: зардолу, шафтолу, себ, ангур, тарбуз, харбуза

o  Шир, тухм, ҷигар, гӯшт ва ғалладонагиҳо

3. Худдорӣ аз стресс ва асабоният

Солимии системаи асаб бо зебоии пӯст робитаи зич дорад. Афсурдагӣ ва изтироб барқароршавии ҳуҷайраҳои пӯстро халалдор месозанд. Барои оромӣ машқҳои нафаскашӣ, йога ва сайругашт дар ҳавои тоза тавсия мешаванд.

4. Истифодаи равғанҳои табиӣ ва нӯшокиҳои муфид

o  Равғани зайтун ва кокос барои нарм кардани пӯст муфиданд.

o  Чойи сабз равандҳои мубодилаи моддаҳоро фаъол карда, пиршавиро суст мекунад.

o  Қулфинай бо таркиби фисетини худ бар зидди ҳуҷайраҳои кӯҳнашуда мубориза мебарад.

o  Панири камравған манбаи хуби витамини E мебошад.

5. Истеъмоли афшураҳои табиӣ

o  Шарбати сабзӣ бо афлесун ё себ пӯстро бо витаминҳо таъмин мекунад.

o  Шарбати лаблабу рӯдаҳоро пок месозад.

o  Шарбати бодиринг фишори хунро муътадил мекунад ва таъсири пешоббарор дорад.

6. Хоб ва истироҳати кофӣ

Хоби пурра барои ҷавонии пӯст муҳим аст. Онро бо дигар намудҳои истироҳат иваз кардан мумкин нест.

7. Муҳофизат аз офтоб ва муҳити зист

Нурҳои зиёди офтоб ба пӯст зарар мерасонанд. Барои пешгирӣ аз пиршавии бармаҳал, пӯстро бояд бо кремҳои муҳофизатӣ ҳифз намуд. Илова бар ин, асабониятро низ бояд идора кард, оромӣ занро ҷавон мекунад.

8. Сайругашти мунтазам

Ҳар рӯз сайругашт дар ҳавои тоза на танҳо рӯҳу равонро болида месозад, балки саломатии умумиро низ тақвият мебахшад. Роҳ рафтан яке аз осонтарин ва самараноктарин василаҳои ҷавон нигоҳ доштани организм аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД