Formula 2025 may
Зан ширин гап занад, мард мисли мум мулоим мешавад, вале...
39

“Мардро мард мекардагӣ ҳам зану зан мекардагӣ ҳам зан” гуфтани мардум дуруст аст ва инро мо дар ҳар сари қадам мебинем.

Занҳое ҳастанд, ки шавҳаронашон ягон вазифаи баланд надоранд ва ё маоши калон намегиранд, вале аз зиндагиашон ҳаваси кас меояд. Аммо онҳое низ ҳастанд, ки ҳарчанд серу пурранд, вале ҳар рӯз дар оилаашон моҷарою ҷангу ҷанҷол. Ба қавле хӯрдагиашон заҳру зиндагиашон марг аст. Аксар вақт, гунаҳгори ин моҷароҳо занони хона ҳастанд ва онҳо намефаҳманд, ки агар ҳатто худашон кор кунанд ҳам, ноновари асосии хона ин шавҳар аст ва эҳтироми ӯро бояд нигоҳ дошт.

Ман 43 сол боз бо шавҳарам якҷоя зиндагӣ дорам ва албатта дар зиндагӣ камиву костӣ буд. Мо баъзан бо ҳам қаҳрӣ мешудем, вале як  сухани раҳматии модаркалонамро фаромӯш намекунам, ки гуфта буд: “Агар бо мардакат қаҳрӣ шудӣ, то се рӯз бо вай бо кадом роҳе набошад, оштӣ шав, ки моҷаро кӯҳна шавад, мисли дарди кӯҳна давояш мушкил аст”.

То имрӯз ман аз рӯи ин насиҳат амал мекунам ва боре ҳам нашудааст, ки муҳлати қаҳрӣ будани мо аз ду-се рӯз гузашта бошад.

Аз худ илова карданиам, ки дили мардонро ёфтан душвор нест, ду-се сухани мулоим ва меҳрубонона гӯед, онҳо мисли мум мулоим мешаванд.

Моҳсанам РИЗОХОНОВА, н. Ашт

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД