arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 19-УМИ МАЙИ СОЛИ 2025
1732

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз беҳтараш хислат ва ақидаатонро нишон надиҳед, замони муносиб ҳоло нарасидааст. Тағйирот наздик аст, каме интизор шавед. Ба зиндагии хонаводагӣ навгонӣ ворид кунед, то якрангӣ онро дилгир накунад. Дар гуфтушунидҳо масъулиятшинос бошед, вале ба фоидаи зуд умед набандед. Қарорҳои муҳимро ба як ҳафта ба таъхир гузоред. Вазъи саломатӣ хуб аст, тамоми корҳои ҷамъшударо анҷом дода метавонед.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз фурсати хубе барои нишон додани меҳрубонӣ, саховат ва самимияти шумост, дар ҷавоб суханони нек мешунавед. Дар хона тағйироти ҷиддӣ нест, вале хоҳиши навсозии чизҳои кӯҳна метавонад пайдо шавад. Худнамоӣ метавонад дар пешрафти кор ва имзо кардани шартномаҳо кумак кунад, нерӯи худро нишон диҳед. Аз қарорҳои хавфноки молӣ худдорӣ намоед. Аз машқҳои сахт парҳез кунед, хавфи лат хӯрдан зиёд аст.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Фикри гузаштаро накунед, зиндагӣ пеш меравад. Ба оила, кӯдакон ва шарики зиндагӣ диққат диҳед. Дар масъалаҳои хона ва техника эҳтиёткор бошед. Дар кор вазифаи душворе ба шумо супурда мешавад, аммо шумо қодиред онро сари вақт иҷро кунед. Дар мавриди пул барори кор доред, вале аз сармоягузориҳои шубҳанок дурӣ ҷӯед. Эҳтимол аст, ки худро каме хаста ҳис кунед, вақти истироҳат расидааст.

Саратон (22 июн-22 июл)

Барои расидан ба ҳадафҳо оромона амал кунед: сухани хуб ва миннатдорӣ метавонад дили дилдодаро ба даст орад. Дар хона масъулиятҳои рӯзгор шуморо интизоранд, аз иҷрои онҳо саркашӣ накунед, то дар оянда пушаймон нашавед. Дар кор тағйироти ҷиддӣ наоред. Даромад мӯътадил аст, вале бо назардошти болоравии нархҳо, сарфакор бошед. Иммунитетатонро қавӣ нигоҳ доред, хатарҳои шамолхӯрӣ ва дарди миён вуҷуд доранд.

Асад (23 июл-21 август)

Агар муносибатҳои ошиқонаатон сард шуда бошанд, фикр кунед, оё ин шуморо қонеъ мекунад? Шумо каме асабонӣ ва зудранҷ шудаед. Барои оромӣ кошонаи ҳусн ё хариди нав кӯмак мекунад. Шумо коркуни масъулиятшиносед ва роҳбарият инро қадр мекунад, эҳтимоли мукофоти молӣ вуҷуд дорад. Имрӯз метавонед масъалаҳои зиёдеро ҳал кунед. Эҳтимоли дарёфти пул мавҷуд аст. Беҳтар аст аз амалҳои хатарнок ва васвасаҳо парҳез кунед.

Сунбула (22 август-23 сентябр)

Шумо муҳаббат ва оромиро эҳсос мекунед. Дар назди виҷдони худ ростқавл бошед, бар зидди принсипҳоятон наравед. Аз гуфтугӯҳои зиёдатӣ парҳез намоед, то сирре ошкор нашавад. Сарф кардани пул барои намуди зоҳирӣ сармоягузории фоиданок аст, бахусус агар бо одамони нуфуздор мулоқот доред. Рӯз пур аз рӯйдодҳо хоҳад буд, барои расидан ба мақсад нерӯи зиёд сарф мекунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз дилатон романтика мехоҳад, вале дудилагиатон метавонад дӯстдоштаатонро асабонӣ кунад. Қатъӣ бошед! Шомро ба корҳои хонагӣ бахшед, камбудиҳои рӯзгор ҳамеша ҳастанд. Дар кор масъалаҳои кӯҳна ба ҳал ниёз доранд. Агар раҳбар бошед, фазои хуби корӣ созед. Бе сабаб асабӣ нашавед, ин ба саломатиятон зарар мерасонад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Муҳаббат ба зудӣ ба дилатон роҳ меёбад, вале то миёнаи ҳафта интизор шавед. Шояд овозаҳои носазо дар бораи шумо паҳн шаванд, ба онҳо аҳамият надиҳед, наздикон шуморо дастгирӣ мекунанд. Дар муносибатҳо меҳрубон ва ғамхор бошед. Дар санадҳо ва ҳуҷҷатҳои муҳим тартиб ҷорӣ кунед, имкон дорад тафтишоти ногаҳонӣ шавад. Аз харидҳои шубҳанок худдорӣ намоед. Энергияи зиёдатонро бо машқҳои ҷисмонӣ бароред.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имкони вохӯрии тақдирсоз вуҷуд дорад, агар айни ҳол озод бошед. Аз суханони пасту баланд бо аҳли хонадон худдорӣ намоед, ҳарчанд худро ҳақ донед, ба фикри онҳо низ гӯш диҳед. Имрӯз рӯҳия тағйирёбанда аст, хатари муноқиша зиёд аст. Пулро бо худ нагардонед, эҳтимоли дуздӣ вуҷуд дорад. Ба шумо истироҳати ҷиддӣ лозим аст, ба боғ бароед, бо дӯстон биншинед ё каме харид кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз барои муносибатҳои ошиқона фурсати хуб аст, аммо муносибатҳои устуворро вайрон накунед. Фаъолияти аз ҳад зиёд дар хона метавонад дигаронро асабонӣ кунад, беҳтараш қувватро ба самти кор равона кунед. Агар ба кори нав итминон надоред, шитоб накунед, вагарна ба обрӯятон латма мерасад. Нимаи дуюми рӯзро бо наздикон гузаронед. Даромади устувор насиби онҳост, ки заҳмат мекашанд ва интизорӣ мекашанд. Санҷиши тиббиро ба таъхир нагузоред.

Далв (21 январ-19 феврал)

Шарикатон мехоҳад масоили муҳимеро ҳал кунад, шояд вақти қабули қарор фаро расидааст. Эҳтимол аст, ки хабари хуш ё туҳфаи ногаҳонӣ бигиред. Агар дар соҳаи ҳуқуқ кор мекунед, пешрафт дар кору парвандаҳо имконпазир аст. Ҳамкорон метавонанд шуморо ба низоъ таҳрик кунанд, бо хирад амал кунед. Интуиция метавонад фиреб диҳад, беҳтараш ба ақл такя кунед.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз шанси ҳақиқии шиносоии муҳиме доред, ки метавонад ба муҳаббати сӯзон табдил ёбад. Агар фикр кунед, ки бо наздикон фосила пайдо шудааст, хато мекунед. Роҳҳои мувофиқат зиёданд. Каме фидокорӣ нишон диҳед, то дастгирии муҳимеро ба даст оред. Аз қарзгирӣ ва додани пул худдорӣ намоед, вазъи молиявӣ муътадил нест. Фурсати истироҳати хуб аст, як шоми хонавода ё маъракаи хурд созмон диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД