Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз шонси саргузаштҳои ошиқона баланд аст, ҳатто агар шумо шахси ором бошед. Барои навоварӣ дар зиндагии оилавӣ, беҳтар аст муҳитро иваз кунед, ҳатто сафар кунед. Муваффақиятатон дар кор қадр мешавад, вақти фикр кардан дар бораи кор ё тиҷорати нав аст. Даромади хуб ва шартномаи фоидаовар имконпазир аст, аммо шитоб накунед. Ба саломатӣ диққат диҳед, фишори хун метавонад ташвиш диҳад.
Савр (21 апрел-21 май)
Муносибатҳои ошиқона шояд зудгузар бошанд. Дар оила бошад, низоъ эҳтимол дорад, бо наздикон эҳтиёт бошед. Дар кор як нафар метавонад асабатонро вайрон кунад, сабр пеша кунед, аммо мавқеи худро ҳимоя кунед. Дар тиҷорат комёбӣ имконпазир аст, ҳатто манбаъҳои нави даромад пайдо мешаванд. Барои таскин ва оромӣ, аз истироҳати хуб кунед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз эҳтимол шахси муҳимеро вохӯред, ки зиндагиятонро дигар мекунад. Барои ишқ омода бошед. Ба волидайн ва калонсолон бештар таваҷҷуҳ кунед, онҳо дастгирии равонӣ мебахшанд. Шиносоии нав фоида меорад, агар ҳунари дилёбӣ дошта бошед. Онҳое, ки одат доранд сарфакор бошанд, имрӯза маблағи зиёд масраф мекунанд ва ин хуб аст! Варзишро оғоз кунед, саломатиятон беҳтар мешавад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи хуш ва пурмуваффақият пешбинӣ мешавад, ҳатто тағйироти ғайричашмдошт боиси шодии шумо хоҳанд шуд. Агар ихтилоф бо ягон нафар рух диҳад, худро идора кунед ва баҳс накунед. Қувваатонро сарфа кунед, корҳои соддаро интихоб намоед. Имрӯз шодиву эҳсосоти мусбат шуморо ҳамроҳӣ мекунанд, ва даромади ғайриинтизор ҳам имконпазир аст. Худро аз лаззатҳои хурд маҳрум накунед, онҳо барои руҳиятатон заруранд.
Асад (23 июл-21 август)
Дар худ боварӣ пайдо кунед ва шояд муносибати пешинаи ошиқонаро барқарор намоед. Барои ошиқон рӯзҳои хуб фаро расидаанд, аз вохӯриҳо ва базмҳо лаззат баред. Дар кор масъулиятшиносӣ нишон диҳед, подош интизор аст. Ҳангоми анҷоми корҳои хатарнок имрӯз ба шумо бахт ёрӣ мерасонад. Саломатӣ хуб хоҳад буд, вале аз хӯрдани хӯрокҳои равғанин худдорӣ намоед, саломатиро эҳтиёт кунед.
Сунбула (22 август-23 сентябр)
Рӯзи хубест барои қарорҳои ҷиддӣ дар муҳаббат, шояд вақти расмӣ кардани муносибатҳо фаро расидааст. Дӯстони кӯҳна аз шумо ёд мекунанд, вохӯрӣ бо онҳо фоидаовар хоҳад буд. Рӯзро дуруст ба нақша гиред ва ба низом аҳамият диҳед. Дар кор шояд бо раҳбарият суҳбат карданатон лозим шавад. Аз эҳсосоти манфӣ дурӣ ҷӯед, то ба саломатӣ зиён нарасад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Баъзеҳо аз ҷудоӣ ранҷ мебаранд. Вақт ёфта, бо кори хуб машғул шавед. Дар хона корҳои зиёде шуморо интизоранд, ҳатто кӯдакон шуморо ба ташвиш меоранд. Аммо вазъи молӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад. Шонси пешрафт дар кор зиёд аст, агар аз рақобат наҳаросед. Дар як лоиҳаи нав, устуворӣ ва диққати зиёд зарур аст. Тарзи ҳаётро якбора дигар накунед, қувваатон метавонад тамом шавад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Шояд хоҳед муносибати кандашударо барқарор кунед, вале дар хотир доред, гузашта бояд дар гузашта монад. Ба тарбияи фарзандон диққат диҳед, вақт ва меҳри шумо барояшон муҳим аст. Харидҳо барои хона кайфияти шуморо боло мебаранд. Дар кори ҳаррӯза тавозунро риоя кунед, то ҳам дар хона ва ҳам дар кор муваффақ шавед. Ба ғизо аҳамият диҳед, хӯрокҳои вазнинро кам кунед ва меваҷотро бодиққат шуста истеъмол намоед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Ба наздикон барои камбудҳои хурдашон сахт нарасед, муҳаббат бахшишро талаб мекунад. Дар кор муваффақият интизор аст, шумо сазовори таҳсин ва пешравӣ ҳастед. Шояд пулатонро ба тиҷорати калоне сарф кунед, натиҷа норавшан аст, вале имкони бурд вуҷуд дорад. Аз ҷойҳои серодам канора гиред, хатари гирифторӣ ба вирус зиёд аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз вақти хубест барои иваз кардани муҳити дилгиркунанда, таътил ё сайругашт кайфият мебахшад. Як шиноси наздик шуморо бо рафтори худ шод хоҳад кард, илҳом хоҳед гирифт. Дар ҷойи кор эҳтимоли нофаҳмӣ вуҷуд дорад, ростқавл бошед ва пушти касе ғайбат накунед. Барои беҳбуди вазъи молӣ, бо садоқат ва меҳнаткорӣ кор кунед. Вақте эҳсоси ноумедӣ пайдо мешавад, фикри мусбат ва оромиро фаромӯш накунед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз дар назари ҳамсар хеле ҷолиб ва зебо менамоед, эҳсосотатонро пинҳон накунед. Вақте барои истироҳати пурра фаро расидааст, бо дӯстон бошед ва лаҳзаҳоро ғанимат шуморед. Корҳое, ки имрӯз оғоз меёбанд, хуб рушд хоҳанд кард. Дар кор каме муноқиша имкон дорад, оромиро нигоҳ доред. Шиносоии муҳиме имкон дорад, эҳтимоли оғоз кардани ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ низ ҳаст.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз воқеаҳои ногаҳонӣ ва хушҳолкунанда дар муҳити ошиқона имкон доранд, аз одамон канорагирӣ накунед. Бо хароҷот эҳтиёткор бошед, саросемавор пул сарф накунед. Шояд хоҳед либосҳоятонро нав кунед, вале аввал буҷаро ҳисоб кунед. Ба саломатӣ диққат диҳед, хусусан агар бемории музмин доред, табобатро дубора оғоз кунед.