Кампирбоз (ҚИСМИ 1)
1980

Салом ба аҳли қалам ва ҳамаи хонандагон! Дар дили ман меҳри мутолиаи китобу ҳафтаворҳоро модарам бедор намудааст. Модари фарҳангию бомаърифати ман ҳар ҳафта як даста ҳафтавори гуногунро харида мехонд ва мо ки он вақтҳо наврас будем, ба ў тақлид мекардем.

Ман аз хондани маводҳои чопшуда як ҷаҳон лаззати маънавӣ мегирам, аммо ҳама вақт як чиз маро ба ҳайрат меовард. Чаро мардум қиссаи зиндагии хешро рўйи коғаз оварда, пешниҳоди миллионҳо нафар хонанда месозанд? Аммо имрўз дили худам аз бевафоии шавҳари дўстдорам хун аст ва хома ба даст гирифта, сарнавиштамро рўйи коғаз овардам ва ба дарки дарди дили он нафароне, ки аз саҳифаи рўзномаҳо ба дарди дили худ марҳам меҷўянд расидам…

Суҳбати тақдирсоз

Донишгоҳи омўзгориро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, дар мактаби наздикии хонамон ба кор даромадам. Модарам низ дар амалӣ намудани ормонҳоям дар тарбияи насли наврас кумак менамуд. Як рўз директори мактабамон гуфт, ки мо оид ба робитаи мактабу оила чорабиние мегузаронем ва дар он журналистон низ ширкат меварзанд, аз ин рў, тайёрии хуб дидан зарур аст, то хандахариш нашаваем. Рўзи чорабинӣ аз телевезиону радио ва ҳафтаворҳо журналистон омаданду мо низ чорабиниро хеле хуб гузаронидем. Ман нав нафаси сабук кашида, ба ошхонаи мактаб барои нўшидани қаҳва фаромадам, ки модарам ҳамроҳи як ҷавони қоматбаланди абрўсиёҳи зебо аз пасам омада, гуфт:

- Гулмираҷон, шинос шав, ин кас Суҳроб Насимӣ, журналисти ҷавон. Ба ҷавонияш нигоҳ накарда, аллакай байни ҷомеа шинохта шудааст. Ман мухлиси навиштаҳои Суҳробҷон ҳастам, медонӣ-ку…  Ана ҳамин ситораи ҷавони журналистикаи тоҷик мехоҳад бо ягон муаллимаи ҷавон ҳамсуҳбат шавад. Директор туро пешниҳод кард…

Журналист аз таърифҳои модарам болу пар бароварда, бо лабони пурханда ва чашмони шарарбор ба ман нигоҳ мекард.

- Охир, Суҳроб-ако фақат бо ситораҳои саҳна суҳбат мекунанд, аз ман як муаллимаи ҷавон чӣ мепусида бошанд?,- гуфтам дар ҷавоб.

Суҳроб бо ҳамон хандаи зебанда посух дод, ки мехоҳад андешаҳои як омўзгори ҷавонро оид ба таълиму тарбияи насли наврас бифаҳмад…

Ишқи зархариди журналист

Суҳроб рақамҳои телефони маро гирифту рўзи дигар мо дар як қаҳвахонаи зебои маркази шаҳр бо ҳам суҳбат кардем. Баъди як ҳафта суҳбати мо дар ҳафтавори машҳуре ба чоп расиду ман ба журналист занг зада, изҳори миннатдорӣ кардам. Суҳроб «муаллима, ин хел намешавад, суҳбатро шустан лозим» гўён хирагӣ карду мо бо ҳам боз вохўрдем. Ин дафъа дар тарабхона, ба нею нестони Суҳроб нигоҳ накарда, пули ғизоро ман додам.

Баъд аз ин Суҳроб занг мезаду мо суҳбат мекардем. Оқибати суҳбатҳои мо ба вохўриҳои ошиқона мубаддал гашт…

(Давом дорад)

ГУЛМИРА

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД