Formula novemver 2024
Бойдухтар бахтамро дуздид
3324

 

Салом хонандагони меҳрубон. Мехоҳам дарду доғи худро бо шумо қисмат намоям. Духтари ягонаи хонадон будам. Дар синни 16- солагӣ волидонам маро ба шавҳар доданд. Зиндагиам хуб мегузашт. Шавҳарам бачаи меҳрубону дилсӯз буд ва намемонд, ки ба дили ман ғаму дард роҳ ёбад, вале баъд...

Дар 9 - ум моҳи ҳомиладорӣ қарор доштам, ки шавҳарамро ба хизмати ҳарбӣ бурданд. Пас аз як ҳафтаи рафтани ӯ духтарча таваллуд кардам. Хушдоманам ба ҷойи Худоро шукр гуфтан, қошу қавоқ гиронда, маро хеле таънаю маломат намуд, ки ту барои оилаи мо меросхӯр, яъне писар нею духтар зоидӣ. Суханҳои нешдори модаршӯям аз ҷавшани ҷонам гузашта бошанд ҳам, сирри оилавии худро ба касе нагуфтам, зеро умедвор будам, ки баъди баргаштани шавҳарам зиндагӣ ранги дигар мегирад, вале...


БА ЗАНИ МАРДУМ ЧАШМ АЛО НАКУНЕД, МАРДҲО!


Баъди ду соли пур аз ранҷу азоби танҳоӣ шавҳарам аз хизмат баргашт. Модаршӯям ба хотири омадани писараш маърака орост. Хона пур аз меҳмон ва ман машғули хӯрокпазӣ будам, ки баногоҳ садои миш-миши хушдоманам ба гӯшам расид. Вай тавассути телефон бо касе суҳбат карда, дар бораи тӯй гап мезад. Мани сода гумон кардам, ки писари хурдиашро хонадор карданист, вале баъдтар маълум шуд, ки барои шавҳари зану кӯдакдори ман як арӯси сарватманд ёфтаанд. Гиряву нола карда, аз шавҳарам пурсидам, ки "барои кадом гуноҳам дар болои ман зан мегирад?" Вай бо кибр гуфт, ки "ту духтари ягона будӣ, вале падару модарат ба ман хонаву мошин туҳфа накарданд. Арӯси навам як корхонаи калонро ба номи ман гузаронда, аз сарам пулу доллар мерезад".

Ҳамин тавр, як бойдухтари пулмаст бахти маро дуздида, шавҳарамро аз худ кард. Бо дили хунчакон ба хонаи волидонам баргаштам. Зиндагӣ дар назарам маънӣ ва рангу бӯяшро гум кардааст. Баъзан, ҳатто мехоҳам худкушӣ кунам, вале аз тарси оташи сӯзони ҷаҳаннам гиребони тавба медорам.

Ба духтарҳои ҷавон гуфтаниам, ки дар интихоби ҷуфти худ саросема шуда, бахти духтарони камбағалро насӯзанд. Чунки оҳи дили зан ва кӯдакони бегуноҳ як рӯз не як рӯз албатта зани шавҳардуздро мегирад!

Хонандаи “Оила”

                              

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД