Oila Navruz
Носфурӯш бой шуду писарони ман гадо монданд!
4614

Салом, инҷо сомонаи Оила?
Бале модари азиз, чи дархост доштед?
Ман дархост надорам фақат мехоҳам дар саҳифаи “Мӯҳоҷир” арзи диламро баён намоям.

Марҳамат, мо шуморо гӯш мекунем!
Ман модари 63 сола. Се писари калон дорам, соҳиби зану фарзанданд, лекин се фарзандам як муғамбири тайёрхӯранд. Корашон фақат ҷангу ҷидол аст. Таҳсуб ба якдигарияш намуда, дастбагиребон мешаванду занозанӣ мекунад. Шароити ҳозираро ҳамагон хуб медонанд. Аз як сӯ қиммати аз сӯи дигар дардмандии келинҳо. Ба ҳамааш пул лозим, вале ҳайрон мешавам, ки чаро фарзандонам кор намебароянд. Дипломдоранд, вале бо сабаби маоши кам доштан дар вазифаҳояшон кор намекунанд. Русия меравем гуфта, ду даст почаки бинӣ баргашта омада буданд. Дар ҳамонҷо ҳам байни худ ҷанҷол карда омаданд. Ҳеҷ соз намегиранд, фарзандонам. Мехоҳам ҳарсеяшро зуд ҷудо кунам вале шароити ҷудокардан надорем. Падарашон дардманд, се моҳ боз рӯйи ҷойгаҳ хоб аст. Ҳамсояи мо дар Русия нос мефӯрӯшад. Се фарзандаш ҳамроҳаш аст. Бовар кунед, бо пули нос тамоми ҳавливу ҳарами онҳо аз оби тилло сохта шудааст. Тайи пояшон мошинҳои қимматбаҳо, сару либосашон зебо, кӯчаҳои маҳалларо гулкорӣ карда, чанд оилаи ниёзмандро аз ҳисоби худашон ёрдам кардаанд. Охир, падари онҳо як подабони кашталкандаи, сиёҳҷурда аст. 


ШАҲЛО, МУҲОҶИРЗАН, Ш. ТЮМЕН: НОН НЕ, ЗАҲР МЕХӮРЕМ!


Чаро як бачаи подабонри камбағали бесавод Русия рафта, бо носфурӯшӣ милионер мешадасту фарзандони босаводи дипломдорӣ ман кори хуб намеёфтаанд. Чаро вай бача нангу номус карда, роҳи пулкоркуниро ёфта дару девори фарсудаашонро ба қасрҳои боҳашамат табдил дода метавонистаасту писарони ман не? Чаро носфурӯш бою бадавлат мешадаасту сефарзанди ман не? Охир ман ҳам ба умед фарзанд ба дунё овардам, ки дар пири ману падарашон дасгиру мададгорамон шаванд. Писарони мардумро мефаҳмем,ки дар Русия чӣ хизматҳое накарда, соҳиби пули калон нашуда бошанд, аммо фарзандони ман ба тайёрхӯри оддат карда, намегӯянд, ки модар чӣ гуфта истодаӣ. Корашон, бадҷаҳлӣ, асабҳояшон ором нест. Андак гапда якдигарашро то сару рӯяшон сиёҳу кабуд гаштан мезананду хонаро ба сарашон мебардоранд. Ба ҳамин хотир мехоҳам аз ин минбар ба Рухшеду Ҷамшеду Умедҷонам бигӯям: Писаронам, то кай рӯйканиву мӯйкании шуморо тамошо карда, зиқ гардем. То кай як бурда нонро аз хонаи хоҳаронатон оварда хӯрем. То кай нафақаи ману падари пиратонро нигоҳ карда мешинед. Мард шуда, аз дар як қадам ба берун бароед ва худатон ақалан нони даҳони худатонро ёбед, ба мо чизе даркор нест. Падаратон аз дасти шумо бистари бемориба афтид. Ман бошам, тоқати ҷангу ҷанҷоли шуморо надорам. Бас кунед, бароед кор кобеду нони даҳони зану фарзанданатонро ёбед. Айб аст, мисли занҳо дар хона нишастанатон.
Модари шумо Солиҳа аз н. Ҷиликӯл

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД