Шӯрои уламои Тоҷикистон талоқи смс-иро бекор хонданд, вале имрӯз аксари ҷавононе, ки дар кишварҳои хориҷианд, бо духтарони дар ин ҷо буда издивоҷ намуда, никоҳашонро тариқи скайп, яъне камера мегузаронанд. Оё ин дуруст аст?
Аҳмад Ҳоҷиев, ш. Душанбе
Посух
Аз нигоҳи мазҳаби имом Абуҳанифа (р) талоқ ва никоҳ тариқи скайп ва смс мамнуъ аст, яъне никоҳи онҳо дуруст нест.