“Ман духтарам” - гуфт писарчае зимни суҳбат бо журналист. Вақте аз ӯ пурсиданд, ки "Инро кӣ ба ту гуфт?", писарак кӯтоҳ “Модарам” гуфта ҷавоб дод. Ба гуфтаи ин писарак модараш ҳамеша ба ӯ либоси духтарона мепӯшонад, нохунҳояшро лак мекунад ва таъкид мекунад, ки ӯ духтар аст".
Қаҳрамони ин матлаб ҳамон шабу рӯз ҳамагӣ се сол дошт.
Пас аз чанд сол, ин видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои бузургтарин шабакаҳои телевизионии дунё пахш шуд ва дар ҷомеа баҳси гармеро ба вуҷуд овард. Кӯдаки ҳафтсолаи амрикоӣ бо номи Тексан Ҷеймс Янгер, ки модараш ӯро духтар мешуморад, дар соли 2019 ҳамеша дар сархати ахбори англисӣ буд.
Вақте ки ӯ ва бародараш Яҳудо кӯдак буданд, падару модари Ҷеймс аз ҳам ҷудо шуданд. Парастории кӯдакон дар байни волидайн баҳсро ба вуҷуд овард. Муноқишаи байни онҳо аз он сар шуд, ки модар мехост Ҷеймс ҳамроҳи ӯ монад. Ба андешаи модараш Ҷеймс аз бемории дисфорияи гендерӣ азоб мекашид, яъне ҷинси физиологии ӯ ба эҳсосоти дохилиаш мувофиқат намекард ва Ҷеймси дар асл писар худро ҳамеша духтар мешуморид.
Модараш сабаби ин тасмими худро чунин шарҳ дод, ки “кӯдак ҳамеша барои худ бозичаҳои духтарча интихоб мекард ва дар бозиҳо асосан нақши занро бозӣ мекард. “Ман бо писарам машварат кардам ва якҷоя ба хулосае омадем, ки Ҷеймс воқеан ҳам духтар будан мехоҳад”, - гуфт Анна, модари Ҷеймс.
Вақте падараш Георий ин қарори зани собиқи худро шунавид, тоқат карда натавонист ва хост, ки усули тарбияи писарашро аз нав дида барояд. Барои ин, ӯ давоми чанд сол маъракаҳои васеъ ташкил мекард ва дӯстони Ҷеймсро аз ҷинси мардон таклиф менамуд. "Ман ба манфиатҳои писарам сахт аҳамият медиҳам" - гуфт Георгий.
Ҷеймсро ба духтур нишон доданд. Табибони бавлшинос исбот карданд, ки кӯдак ҳарчанд ба таври биологӣ писар бошад ҳам, вале табиатан духтар аст. “Инро мо ба падараш Георгий фаҳмонидем. Аммо як мушкилии дигаре дар ин ҷо вуҷуд дорад, ки агар мо ҷинси кӯдакро иваз кунем, ӯ имкони наслдиҳии худро аз даст медиҳад”,-гуфт табиб.
"Волидони ӯ ҳатто наметавонанд хулоса бароранд, ки фарзанди онҳо мутааллиқ ба кадом ҷинс аст", - гуфт ҳуқуқшиноси хонаводагии онҳо. Ҳамсояҳои ин оила низ зимни суҳбат бо хабарнигорон гуфтанд, ки Ҷеймс доимо ба хонаи онҳо меомад. Ӯ ҳам монанди дигар писарон оддӣ буд, вале доимо шикоят мекард, ки модараш ба ӯ иҷозат намедодааст мӯи худро кӯтоҳ кунад. ӯ мӯи сари худро чун духтарчаҳо гузоштан мехоҳад.
Вақте ин қазия ба суд рафт, онҳо ба манфиати модари кӯдак ҳукм бароварданд. Аз 12 судя 11 нафар дар ҳалнома имзо гузоштанд, ки сарпарастӣ ва ҳама тадбирҳо оид ба табобати гендерии ӯ танҳо ба модари кӯдак супорида шаванд.
Бисёре аз сиёсатмадорони амрикоӣ низ ба ин қазияи пурмоҷаро таваҷҷӯҳ карданд. Аз ҷумла, губернатори иёлати Техас ҷаноби Грег Эббот баррасии махсуси парвандаи Ҷеймс Янгерро эълон кард. Ҳатто писари президенти ИМА Доналд Трамп амалҳои Ҷеймсро “хушунати кӯдакона” номид ва мардумро ба эътироз “муқобили ин фитна” даъват кард.
Аз замони ҳукмронии президенти пешин Барак Обама, ҳизби ӯ ба озодӣ ва ҳуқуқҳои одамони трансгендерӣ диққати махсус медод. Зимни сӯҳбат бо сенатори ИМА Элизабет Уоррен ин кӯдак худро "трансгендери нӯҳсолаи амрикоӣ" муаррифӣ кард, ки аз ҷониби ҳозирин вокуниши шадид гирифт.
Тадқиқоти тиббӣ оид ба трансгендерҳо чанд сол пеш оғоз ёфта буд. Дар ибтидо, онҳо асосан ба проблемаи иҷтимоии кӯдакон нигаронида шуда буданд, ки бо сабаби дизфорияи гендерӣ имкони соҳибҳуқуқии марду зан шуданро надоштанд. Ҷеймс волидонашро дар ин тасмими худ айбдор накард, балки аз терапияи гормонӣ ва як қатор ҷарроҳиҳо гузашт. Дэвид дар якчанд намоишҳои телевизионӣ низ иштирок карда, дар бораи сарнавишти номатлуби худ сӯҳбат кард ва ҳатто дар ҳаммуаллифӣ китобе ҳам дар ин бора чоп кард.
Бояд гуфт, ки трансгендерон ё “гей” ва ё ҳамҷинсгароёни ҷавон, ки терапияи гормонӣ доранд, метавонанд қарори худро дар бораи иваз кардани ҷинсашон бознигарӣ кунанд, вале бояд донист, ки баргаштан ба ҷинсии пешина барои онҳо ғайриимкон хоҳад буд. Баръакси одамони трансгендерии калонсол, ки аксар вақт эҳсоси дар баданашон мавҷуд будани олоти каси дигарро эҳсос мекунанд, аксарияти кӯдакон (аз 7, 3 то 8, 8 фоизи духтарон ва аз 7, 7 то 9, 4 фоизи писарон) дар давраи калонсолӣ чунин мушкилотро аз сар мегузаронанд. Яъне, аз миёни 10 писар 1 нафар трансгендер ё ҳамҷинсгаро буда, иҷрои амалҳои шаҳвониро ба ҷинси муқобили худ қабул надорад.