Sebiston new 2024 october
Имкониятҳои нав барои ҷавонони осебпазир
2521

 

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Хазинаи кўдакони Созмони Миллаи Муттаҳид (СММ) дар Тоҷикистон “ЮНИСЕФ” бо мақсади мусоидат ва татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба рушди иқтидори инсонӣ, роҳҳои тавонмандсозии ҷавонон тавассути таъмини ҷойҳои нави кори дар асоси омўзиши таҷрибаи намунавии глобалӣ «Модели шуғли фосилавӣ (дистансионӣ) барои ҷавонони осебпазир» - ро таҳия ва роҳандозӣ намуд. Ҷараёни ифтитоҳи ин марказ зери роҳбарии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонума Ҷабборзода Гулрӯ ва намояндаи Хазинаи Кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, ҷаноби Лучиано Калестини баргузор гардид.

“Модели шуғли фосилавӣ (дистансионӣ) барои ҷавонон (ба истилоҳи забони англисӣ “Impact Sourcing”) ин як шакли нави ташкили шуғл ба корманд имкон медиҳад, ки вазифаҳои меҳнатии худро берун аз бинои истеҳсолии корфармо ба воситаи технологияҳои компютерӣ ва иттилоотӣ, тавассути Интернет дар реҷаи воқеӣ новобаста аз вақт, ҷои истиқомат роҳандозӣ намояд. Ба роҳ мондани фаъолияти синфхонаи омўзишии “Модели шуғли фосилавӣ” барои ҷавонон ин қадами нахустин дар баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба қишри осебпазири ҷомеа буда, дар таҳким ва рушди фаъолияти минбаъда мусоидат менамояд ва ин раванд ба манфиати корфармоён ва аҳолии корҷуй мебошад.

Таҳқиқот нишон дод, ки ҳам ширкатҳои ватанӣ ва ҳам як қатор ширкатҳои бахши хусусӣ дар кишварҳои дигар, аз ҳумла ҷумҳуриҳои Русия, Белорусия ва Қазоқистон барои кормандони ҷавон, ки метавонанд корҳои мушаххасро дар асоси технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ иҷро намоянд, эҳтиёҷи калон доранд. Ба роҳ мондани фаъолияти синфхонаи омўзишии “Модели шуғли фосилавӣ” барои ҷавонон ин қадами нахустин дар баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба қишри осебпазири ҷомеа буда, дар таҳким ва рушди фаъолияти минбаъда мусоидат менамояд ва ин раванд ба манфиати корфармоён ва аҳолии корҷуй мебошад. Интизор меравад, ки дар се соли аввал то 8120 нафар духтарону писарони ҳавон соҳиби малака ва кор хоҳанд шуд. Ин рақам метавонад бо тавсеаи минбаъдаи корхона дар соли дуюм ду баробар зиёд гардад.

То соли 2021 Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Хазинаи кўдакони СММ дар Тоҷикистон ва дигар тарафҳои манфиатдор, аз ҷумла бахши хусусӣ тасмим дорад, ки ташаббуси шуғли фосилавиро барои ҷавонони осебпазир дар Тоҷикистон ба таври озмоишӣ бо роҳи марҳила ба марҳила ҷорӣ кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД