Барои бархе бемориҳо тавонбахшии тиббӣ мисли табобати асосӣ хеле муҳим ва зарурист.
Латхурии аъзои ҳаракаткунӣ, мағзи сар ва миён, фалаҷ ва порез аз пайдоишҳои мухталиф бо шумули фалаҷи мағзии кӯдакон, сколиоз ва финдиқи байни муҳраҳо, ҳолати пас аз сактаи мағз ва бемориҳои шадиди қалбӣ, бемории скелороз, ихтилолоти гуфторию нафасӣ миёни калонсолону кӯдакон-ин феҳристи нопурраи барои барқарорсозии тиббӣ пешбинӣ шудааст. Бо назардошти намуд ва вазнинии беморӣ мумкин аст қисмати осебдидаи бадан пурра барқарор шавад ё ҳолат ва кайфияти зиндагии мизоҷ ба таври қобили мулоҳиза беҳбуд ёбад. Албатта ин ба шарте, ки раванди барқарорсозӣ аз ҷониби мутахассисони ботаҷриба дар клиникаи махсус ҷиҳозонидашуда анҷом шавад.
Эҳтимол ин ба назар ғайримунтазира расад, вале имрӯз Туркия ба яке аз марказҳои ҷаҳонии физиотерапевтӣ ва тавонбахшии (барқарорсозии) сахтафзор мубаддал шудааст.
Дар даҳсолаи ахир дар ин кишвар бо пуштибонии ҳукумат ва сармоягузорони хусусӣ саноати тиббӣ бо технологияи пешрафта ва навоварӣ бунёд шуд, ки аз дастовардҳои беҳтарин ва таҷрибаи тибби ғарбӣ истифода карда ва ҳамзамон аз лиҳози молӣ дастрас мебошад.
“Имрӯз Туркия имконоти олиро дар бахши хадамоти тиббӣ пешниҳод мекунад. Мо ҳамарӯза аз 165 кишвар барои табобат ва тавонбахшӣ дархостҳо дарёфт мекунем. Дар соли 2018 клиникаҳои Туркия ҳудуди 890 ҳазор нафар мизоҷони хориҷиро қабул карда ва дар назар аст, дар соли 2019 теъдоди онҳо ҳудуди 1 миллион нафар шавад”-мегӯяд Эмин Чакмак, раиси Ассотсиатсияи тибби сайёҳии Туркия (АТСТ).
Бешак бартарии тибби тавонбахши Туркия ин тавонбахшии роботӣ мебошад. Дар кишвар як қатор клиникаҳое фаъолият мекунад, дар канори усулҳои анъанавии тавонбахшии физио ва гидротерапия, маҳскунӣ ва варзиши табобатӣ ва ғайра системаи роботкунонидашуда истифода мешавад. Ин система ҳатто дар мизоҷони фалаҷ ё дар ҳолати беҳушӣ қарордошта мушаку устухонро фаъол месозад.
Намунаи истифодаи муваффақонаи роботҳо дар дар тибби тавонбахш системаи роботии LOCOMAT ҳисоб меёбад, ки он ба ҳангоми қадамзании мизоҷон ба ҳаракати онҳо тақлид мекунад. Ин шахсон дар иллати фалаҷ, лат хӯрдани мағзи сар ва сутунмӯҳра, бемориҳои ортопедӣ ё имкони роҳ гаштанро аз даст додаанд, неврологӣ имкони қадамзаниро аз даст додаанд. Ин усул мағзи сар ва сутунмӯҳраро “ёдрас” мешавад, ки чи хел бояд қадам зад. Ҳаракатҳои (импулсҳои) асаб ба ҳангоми қадамзанӣ минтақаи мағзро, ки ба ҳаракат сарукор дорад, фаъол месозад ва ба барқароршавии амалкардаҳои он мусоидат мекунад. Имкони дар оина қадамзании худро дидани бемор ин эҳсосотро дар нигоҳаш ҳифз карда ба ангезаҳоитаъсири мусбӣ мерасонад. Бо таваҷҷӯҳ ба он ки марҳилаи тавонбахшӣ ба ҳангоми бемории вазнин мумкинааст моҳҳо ва ҳатто солҳо идома ёбад, ин ангеза хеле муҳим аст.
Бо кумаки робот-тренажер одаме, ки муддати тӯлонӣ бистарӣ буд, лаззати роҳгардиро эҳсос мекунад. Ҳатто тавассути бозиҳои компютерӣ, ки лозим меояд мувозинати баданро риоя карда ва аз монеаҳо убур намояд, шавқу завқи варзишро эҳсос мекунад. Тренажерҳое ҳастанд, ки шахси комилан беҳаракатро дар ҳолати амудӣ маҳс мекунад. Ин тарзи табобат гардиши хунро ба танзим оварда, ҳолати карахтиро дар бадан коҳиш медиҳад.
Роботҳо дар барқарорсозии амалкардҳои устухонҳо, мушакҳо ва ангушти дастҳо пас аз латхурӣ ё сактаи мағз ва табобати ғайрифаврии мушакҳои даридаи байни сутунмӯҳра бомуваффақият истифода мешавад.
Бар асоси маълумоти Ассотсиатсияи тибби сайёҳии Туркия, 74 фоизи беморони мушаки даридаи миён ва гардани сутунмӯҳра, ки дар ватанашон ҷарроҳӣ тавсия шуда буд, пас аз табобат дар марказҳои тавонбахшии Туркия тавассути дастгоҳҳои рафъи фишори камар беҳбудӣ эҳсос карданд.
Вобаста ба намуд ва вазнинии касалӣ бемор метавонад давраи тавонбахширо сарипоӣ, бидуни бистарӣ шудан дар марказҳои тавонбахшӣ сипарӣ кунанд. Дар ихтиёри онҳо дар клиникаҳо палатаҳо ва меҳмонхонаҳои муосиру роҳатбахш вогузор шудааст. Ба ҳангоми амалкардҳои тавонбахшӣ бо ҳар бемор ба таври хусусӣ мутахассиси тавонбахш хизмат мерасонад.
Дар марказҳои тавонбахшии Туркияба мутобиқатшавии маишию иҷтимоии бемор диққати махсус медиҳанд. Дар баробари табобати беморон ба онҳо истифодаи таҷрибаи тавонбахширо дар шароити маишӣ таълим медиҳанд. Масалан, ба онҳо нишон медиҳанд, ки чи тавр бояд дари яхдонро кушод, ашёи заруриро гирифт ва ғайра.
Ҳукумати Туркия талош мекунад, ки бемори хориҷӣ дар клиникаҳои ин кишвар озод ва бофароғат табобат гиранд.
Бо ин мақсад дар соли 2005 Ассотсиатсияи сайёҳии тиббии Туркия (АСТТ) таъсис шуд, ки ба беморони хориҷӣ ҳамаҷониба кумак мерасонад. Ба ғайр аз кумак дар интихоби клиника АСТТ бартариҳои иловагӣ, аз ҷумла, интиқоли ройгон аз фурудгоҳ, тахфифи будубош дар меҳмонхонаи Туркия, ба таври ройгон вогузор кардани тарҷумон ва ғайраро кафолат медиҳад.
Маълумоти бештарро дар бораи табобат ва тавонбахшӣ дар Туркия аз намояндагии Ассотсиатсияи сайёҳии тиббии Туркия (АСТТ) дар Тоҷикистон дарёфт кунед:
Тоҷикистон:
+992 988821288
[email protected]
Маълумоти муфассал: https://thtdc.org