Дар рӯзи аввали соли 2020 як маъмури милиса дар шарқиТоҷикистон, ноҳияи Лахш даст ба худкушӣ зад.
Мақомоти интизомии ин ноҳия субҳи 1-уми январ ҷасади Дилшодҷон Аҳлиддинов сержанти милисаро ба наздиконаш супурдаанд.
Дар ин бора бародари маҳрум Манучеҳр Аҳлиддинов, ки дар Русия қарор дорад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки бародараш субҳ соати 9 ба як анбори ангишти шӯъбаи милиса рафта, ба зери манаҳаш ду тир задааст. Ҳамон рӯз ҷасадашро ба деҳаи Ҷайлған бурда, дафн кардаанд.
Ба қавли Манучеҳр Аҳлиддинов, бародараш дар зиндагӣ ягон мушкилоти моддӣ ва ё оилавӣ надошт ва аз касе ҳам қарздор набуд. Ӯ ба оне, ки бародараш даст ба худкушӣ задааст, шубҳа дорад.
Дилшодҷон 6 моҳ қабл дар Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Лахш ба кор шурӯъ кард. Ӯ ҳамагӣ 32 сол дошт ва соҳиби тифли хурдсол буд.
Айни ҳол гурӯҳи тафтишотӣ дар маҳали ҳодиса аст, то сабаби марги афсарро маълум кунад.