Ӯро шахсан ман ҳаргиз девона намегуфтам, ҳар гоҳе деҳа равам, хабараш мегирифтам, барояш атр, ҷӯроб ё рӯймолаке ҳадя мебурдам, сӯҳбаташро хуш доштам, зеро аҷиб буд фикрронияш.
Ӯ низ маро дида, дандонҳои зарду каҷу килебашро нишон дода, механдид, чашми олусаш каҷтар мешуду бо ханда мегуфт:
-Дар зеби ҳавлию хонаву дар садқае, дар зеби дунё садқа, ту меоӣ ва ҳама ҷо рангу бӯи тоза мегиранд, чун ҳадяи ночизамро ба дасташ медодам, он қадар дуои давлатам мекард, ки…
Гулракат дар оилаи Сафари тракторчӣ ва Зебинисои говҷӯш фарзанди чорум буд. Сафар марди қоматбаланди паҳлавонсурати зебо фарзанди ягонаи кампири Моҳихуросон ба духтархолааш Зебинисо оиладор шуда, соҳиби даҳ фарзанд шуданд.
Кампири Моҳихуросон писараш, нишонаи ягонаи шавҳари ҷавонмаргашро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекарду дӯст медошт. Умрашро сарфи Сафари ягонааш намуда, духтари хоҳараш Зебинисои таннозакро барояш хостгорӣ намуда, келин кард.
Зебинисо танҳо зоданашро медонисту хӯрда хоб рафтанро, кампири Моҳихуросон тамоми кори хонаро мекард, боз набераҳояшро низ бонӣ менамуд. Кампир то нафақа баромадан дар фермаи колхоз говҷӯш буд, ордену медалҳои зиёде дошту пешсафи меҳнат ҳам буд.
Баъди ба нафақа баромадани кампир дар ҷояш келинаш ба кор даромад, акнун набераҳои калонӣ ба кору бори момаашон ёрӣ мерасониданд, оилаи калон бошад ҳам, зиндагияшон хуб буд, зеро марди хонадон Сафар хеле заҳматкаш буд.
Аз байни фарзандони ин оилаи пурнуфуз Гулракат бемор баромад, духтарак чашмони олус дошту аз ҳамсолонаш дида, ақлаш кам буд. Табобати табибону дуохонии муллоҳо таъсире накарданд. Кампири Моҳихуросон нағз медонист, ки сабаби бемории наберааш чист. Аммо хомӯш буд, зеро намехост гирди номи хонадонаш гапу ҳарфи зиёдатӣ овоза шавад.
Келинаш Зебинисо, ки орову тороро зиёд дӯст медошт, аз рӯйи муди ҳамон солҳо рафта, дандонҳояшро тилло кардан хост. Чун назди духтури дандонсоз рафтанд, ӯ гуфт:
-Хоҳарам, шумо ҳомиладоред, арра намудани дандонҳои солим душвор аст ва он метавонад ба саломатии тифли батнатон зарар расонад.
Аммо ин гапро ба кӣ мегӯӣ, Зебинисои дар доми мӯд афтода ба гапи духтур гӯш накарду дандонҳои солимро арра карда, дандон шинонд. Баъди шаш моҳ Гулракат таваллуд шуд, ки бемор буд…
Солҳо гузаштанд, духтарак рӯз аз рӯз калон мешуд ва касалияш баръало намудор мешуд. Ӯ камақлу заиф буд, дар мактаб муаллимон ба рафторҳои беақлонаи ӯ танҳо ду моҳ тоқат карданд, оқибат Гулракатро аз мактаб гирифтанд.
Кампири Моҳихуросон то метавонист Гулракатро тарбия мекард. Духтар рӯз то рӯз қад кашида, калон мешуд, хеле содда бошад ҳам, тамоми корҳои хонаро иҷро мекард, хона меруфт, ҳавлию боғро тамиз мекард. Бо волидонаш сари замин рафта, дарав мекарду барои гову мол алаф меовард.
Солҳо пайи ҳам мегузаштанд, иттиҳоди шӯравӣ пош хӯрд, колхозу совхозҳо барҳам хӯрданд ва Сафари тракторчӣ замини калонеро иҷора гирифт. Бо фарзандон он ҷо сабзавоту ғалладонагӣ корида, ба савдо мебаровард, акнун Гулракат аз саҳар то нимаҳои шом дар сари замин буд.
ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:
Бибии ғамгусораш дар зери хок буду падару модар ва бародаронаш ба вай раҳм надоштанд, хӯрокашро ба сари замин меоварданд, ҳамон ҷо мехӯрду зиндагӣ мекард.
Дар бари замини онҳо ҳамдеҳаашон Мирюсуф замин дошт ва дар сари ин замин ҳамқисмати ӯ Ашуралӣ посбон буд. Ашӯралӣ писари кенҷаи Мирюсуф низ ба девонагӣ машҳур буд, аммо он қадар беақле набуд, ки мардум мепиндоштанд.
Ин ду дӯсти Худованд, ду содда, ду коркушта ҳамин ҷо бо ҳам шинос шудаву ба ҳам меҳру муҳаббат бастанд. Сафари тракторчӣ розӣ буд, ки духтараки меҳнатрӯзияш хонадор шаваду бо инояти Худованд соҳиби фарзанди солиме гардад, то дами пирӣ асои дасташ бошад. Аммо Мирюсуф, ки занаш вафот карда буду худаш дастнигари келину фарзандҳо буд, ҳаргиз намехост ба хонааш нонхӯри зиёдатие биёрад.
Мардуми деҳа маслиҳат карда, сари ин ду ҷавони аз тақдир ҷабрдидаро ҷуфт карданд. Зеро Ашӯралӣ дар тӯйи шодиву маросими маъракаи мардум то аз по афтодан хизмат мекард. Гулракат низ табақу коса мешусту баъди маъракаҳо ёрдамчии аҳли деҳа буд, ин ду нафарро мардуми деҳ дӯст медоштанд.
Дар тӯйи Гулракату Ашӯралӣ ҳама дастовезе меоварданд, тӯй баргузор гашту акнун ҷойи Гулракату Ашӯралӣ сари замини Мирюсуф буд. Бечора Гулракат гоҳе чашми хусурашро хато карда, ба ёрии падараш мешитофт, Сафару Зебинисо пушаймон буданд, ки ба ин издивоҷ розигӣ доданд. Зеро Мирюсуф ба келину писараш раҳме надошт, баҳору тобистону тирамоҳ дар сари замин буданду зимистон бошад “ту бисёр мехӯрӣ” гӯён, Гулракатро ба хонаи модараш мефиристоданд. Ин ҷуфт соҳиби духтараки солиму зебое шуданд, аммо касе дар фикри ободии зиндагии эшон набуд.
Ҳоҷӣ Аваз як сарватманди деҳа ба Мирюсуф гуфт, ки “агар розӣ шавӣ, ман аз заминам се сотихро ба номи писарат мекунаму ту барои онҳо хона андоз”, аммо мӯйсафед розӣ нашуд. Сафари тракторчӣ аз олам гузашту Зебинисо нагузошт, ки Гулракат дигар ба хонаи шавҳараш баргардад.
Ашӯралӣ ба хонаи хушдоманаш омада мерафт, аммо падару бародаронаш ба ҷойи обод намудани хонаи ӯ ӯро зери мушту лагат мегирифтанд, ки дигар пеши зани девонаат нарав.
Дар ин байн Зебинисо низ аз бемории қанд аз олам гузашт, вале пеш аз марг аз писари калонаш хоҳиш кард, ки талоқи Гулракатро аз Ашӯралӣ бигираду ӯро саробонӣ кунад. Як рӯз Салим Ашӯралиро ба хона хонду ба вай каме маблағ дода, талоқи хоҳарашро гирифт. Гулракат мегирист, азоб мекашид, аммо илоҷ надошт…
Пас аз шаш моҳи талоқ гирифтани Гулракат барояш хостгор пайдо шуд, ӯ марди аз ин зани баргаштабахт бист сол калони занмурда буд. Сафо дар ҳамсояги холаи Гулракат мезисту аз зиндагии талхи ҷавонзан аз даҳони завҷаи раҳматияш шунида буд.
Сафо шаш писару ду духтари хонадор дошт ва ба бародарони Гулракат гуфт, ки “хоҳари шумо оби таҳоратамро диҳаду чой карда, пешам гузорад” бас аст. Ҳамин тавр Гулракат ғайри хоҳиши худ зани Сафо шуд, писарону духтарон ва келинҳои мард дилашон ба ин зан месӯхт ва ӯро эҳтиром мекарданд.
Оҳиста-оҳиста Гулракат ба як зани хушлибоси озода мубаддал гашт, мӯйсафеди Сафо ӯро пеши мошини қимматбаҳо шинонда, ба куҷое хоҳад мебарад ва ӯ аз чизе танқисӣ надорад, духтаракашро низ мӯйсафед духтархонд кардааст.
Ашӯралӣ, баъди марги падар сари замини иҷораи бародарон мисли ҷуғз танҳо монд. Ҳар гоҳе ба деҳа мераваму аз аҳволи ин ду нафар мепурсам, аз гардиши қисмати Гулракат хурсанд мешаваму аз аҳволи Ашӯралӣ ғамгин.
Охир мешуд, ки хонаяке сохта, рӯзгори ин ду нафарро обод мекарданд, аҷаб бераҳманд одамон…