(Идомааш)
Вақте духтарон ба автобус нишастанд, ӯ ба донишгоҳ даромада ҷадвали дарсҳои донишҷӯёнро дид, ки Миҷгон ҳар рӯз чанд соат дарс дорад.
Роҳпойӣ
Аз он ҷо берун шуду ба мошинаш нишаст.
- Ҳа, ака ёфтед-мӣ?-гуфт. - Бале, ҷӯра, номаш Миҷгона, дар курси дуюм мехондааст, Худо хоҳад рӯзҳои наздик шинос мешавем,- хушҳолона посух дод, ба ронанда. Ронанда ба сӯи раисаш маънидорона нигариста, табассуми малеҳе карда, мошинро ба ҳаракат даровард. Акнун ӯ вақту соати аз дарс баромадани Миҷгонро хуб медонист ва дар вақти муайяншуда худ мошинро ронда, назди донишгоҳи духтар ҳозир мешуд . Ӯ як марди ҷасур буд, аслан шарм намедошт. Чанд бор бо ҳар баҳона хост бо духтар шинос шавад, аммо Миҷгон ба ӯ аҳамияте намедод. Ин амали мардро дигар ҳамсабақони духтар пай бурда, ба ӯ тавсия доданд, ки бо ин марди пулдору номдор шинос нашавад, Миҷгон бошад, таъкиди онҳоро шунида бо ханда: - Модоме ки ӯ аз думболам шудааст, чӣ ҷои бадӣ дорад, шинос мешавам.
Дил ёбу қанд хӯр
Магар бо гуфтугӯ ягон ҷоям кам мешавад? Ин гуна “кавалер”- и хушсиратро ман аз куҷо меёбам, мӯяш ҷингила бошад ҳам, тануманду нотарс менамояд, чунин мардҳо ба зан муттакои хуб мешаванд,- гуфт Миҷгон. Ӯ тарзе гап мезад, ки гӯё мардҳоро хуб мешинохт. Комилан пас аз ҳафтае боз ҳамон ошиқи хира дар пеши роҳаш пайдо шуд. Ин дафъа онҳо бо ҳам гуфтугӯ карданд. Минбаъд ҳар ҳафта дар рӯзҳои истироҳат Акмал ба Миҷгон занг зада, ӯро ба беҳтарин тарабхонаҳо даъват менамуд. Духтар низ даъвати мардро рад накарда, бо дугонааш ба вохӯрӣ мешитофт. Акмал таоми дӯстдори Миҷгонро фармоиш медоду нозу карашмаашро мебардошт, барояш тӯҳфаҳои қимматбаҳо тақдим менамуд ва мехост ба ин васила дили ӯро ба даст орад.
Домоди бой
Духтар дигар камбудӣ надошт, охир “кавалер” – и сарватмандаш тамоми шароити зисту зиндагиро барои ӯ муҳайё карда буд. Ӯ давоми ду моҳ саховаташро нишон дода, арӯсашро ҳамаҷониба дастгирӣ мекард. Рӯзи зодрӯзи Миҷгон ҳам фаро расиду Акмал дар андешаи чӣ гуна тӯҳфа тақдим намудан шуд.
Пас аз фикр кардан ба хулосае омад, ки барояш тилловорӣ гирад, зару зеварро занҳо дӯст медоранд, шояд ин барои азизам беҳтарин тӯҳфа ҳисоб ёбад. Воқеан ҳам, тӯҳфаи мард ба духтар писанд афтод, ҳарчанд, ки дар назди ӯ хомӯш буд, вале ҳангоми ба донишгоҳ рафтан ба ҳамсабақонаш аз дилкушоду бепарво ва меҳрубон будан ва беҳтарин тӯҳфа тақдим кардани мард қисса намуд. Охир гарданбанди харидаи мард дар ҳақиқат ҳам, зебову қимматбаҳо буд. Рӯзи дигар Миҷгон онро ба гарданаш баста, ба дарс рафт.
Чашми ошиқ кӯр
Ҳангоми танаффус ба даҳлез баромада, гарданбандро ба дугонааш нишон дод. Аз зевари калонҳаҷми нақшунигордор чашми ӯ мош барин кушода шуд. - Инро Акмал рӯзи зодрӯзам тақдим кард, бо ин гуна тӯҳфаҳояш ӯ ба ман маъқул шуда истодааст, - бо ишва гуфт ба дугонааш Миҷгон. - Ту медонӣ-ку, вай ду зан дорад ва мардони чандзана дар муҳаббат содиқ нестанд, - иброз дошт дугонааш. Ин маслиҳати дӯсташ ғазаби ӯро овард: - Агар чунин мард ба ту таваҷҷӯҳ мекард, ҳатто розӣ мешудӣ, ки ба болои занаш туро зан кунад. Азбаски чунин хушдор надорӣ, ба ман бахилӣ мекунӣ, - ҷавоб дод ба вай. Чанд рӯз пас Акмал пешниҳод намуд, ки агар Миҷгон зани вай шавад розӣ аст, дар беҳтарин тарабхона тӯйи бодабдабааш кунаду дӯстону наздиконашро ба ҳайрат биёрад. Ҳамчунин ба духтар ваъда дод, ки худи ҳамон рӯз хонаи чорҳуҷрадори бо тамоми шароиташ ба ӯ тӯҳфа мекунад. Миҷгон аз шодӣ дар куртааш намеғунҷид. Ҳамон рӯз дар бораи Акмал ба модараш нақл намуд, ҳарчанд модараш нисиҳат кард вале ба гӯши Миҷгон панд намеғунҷид.
Тӯйи пинҳонӣ
Хулоса тӯй баргузр гашт, афсӯс, к туй пинҳонӣ сурат гирифт. Миҷгон озурда гашта бошад ҳам вале ба хотири хушбахти ва ишқи нав ба ҳама шартҳои домоди бой розӣ шуд. Зиндагии навхонадорон оғоз шуд. Дугонааш зуд зуд ба хонаи Миҷгон меҳмон шуд вале Миҷгон ҳатто дар гӯшаи хотираш намеоврад, ки як руз не як руз ин мори даруни остин шавҳари сарватмани ӯро медуздад.
Миҷгон дар ошхона хӯрок мепухт ва дугонааш дар паҳлӯи язнамулло нишастан давлат аст гуфта худашро ба Акмал ҷафс намуда суханҳои саршори ошиқона мегуфт. Акмали духтарбоз ин рафтори дугонаи занашро зуд пазируфта, ба ӯ ваъда дод, ки аз ҳамсараш пинҳони ишқварзӣ хоҳанд кард.
Акмал шабҳо гум мешуд, Миҷгон шаб то саҳар роҳи шавҳар поида ашки зиёд мерехт вале Акмали гумроҳи ишқ як моҳ ҳаминхел гум шуд.
Пушаймонӣ
Миҷгон дер фаҳмид, ки фирефтаи ишқи Акмал гаштааст, чунки як шоми бебарор Зулфия дугонаи ҷонияш вориди хонаи ӯ гашта бо виқор гуфт: Ту инҷо истоданат бефоида аст. Шавҳарат Акмал моли ман шуд ва ин ҳуҷҷатҳоро бин, шавҳарҷонакат хонаро ба номи ман кард. Ин хабар Миҷгонро аз худ бехуд кард ва чанг зада аз муйҳои дугонааш дошта, ӯро лагаткӯб намуд. Лаҳзае пас милисаҳо ба хонаи ӯ омада, аз моҷарои ин ду зан пурра хабардор гаштанд ва Миҷгонро бо кӯчу бандаш аз дар берун карда, хонаро ба Зулфия морсифат доданд.
Акмал ҷуръати ба рӯи Миҷгон нигоҳ карданро намекард ва тариқи телефон ба ӯ талоқатро додам гуфту як алами Миҷгонро сад алам гардонд.
Миҷгон аз он, ки ба як марди духтарбоз ошиқ шудааст, сахт пушаймон аст. Аз минбари сомонаи Оила ба духарони ошиқ гуфтанист, ки ҳеҷгоҳ дугонабозӣ накунанд, то мисли ӯ бадбахту хонавайрон нагарданд.
Анҷом!