Arzon march 2024
Бахтамро сӯхтӣ, отаҷон!
1360

Бахтамро сӯхтӣ, отаҷон!
Хушрўйи дења
Назокат дар хонаводаи зиёї чашм ба оламї њастї кушода буд. Падараш омўзгори сахтгиру соњибобрў, модараш китобдори мактаб ва яке аз занони бомаърифати дењаашон ба шумор мерафт. Ӯ дар оила фарзанди нахустин буда, ду хоњару як додар дошт. Бо сабаби абрўвони сиёњи пайвастаю чашмони бодомӣ ва миљгонњои баргаштаву кокулони заминрўбаш Назокатро соњибљамоли дења мегуфтанд. Хоњаронаш њам дар њусну љамол ва одоб аз апаашон камї надоштанд…
Назокат дар деҳаашон аввалин духтаре буд, ки баъди хатми мактаби миёна ба шаҳр барои давом додани таҳсил дар мактаби олї рафт. Панљ соли таҳсилаш дар Донишгоњи омўзгорї вай аз зумраи бењтарин донишљўён ба шумор мерафт. Шањрӣ шуда бошад ҳам, бо либоси миллӣ ба дарс омада мерафт. Пас аз хатми донишгоњ ба деҳа баргашта њамроњи падараш ба тарбияи насли наврас камар баст. Акнун хушрўйи дења яке аз муаллимањои љавону навовари ноњия буд.

Як гулу сад харидор
Назокат дар мактаб ягона муаллимаи мањаллї буд, ду муаллимаи дигар аз маркази ноњия ба мактабашон барои дарс гуфтан меомаданд. Њар субњ бо пирањани хушдухти атлас, дар сар тоќии зардузї мўйњои майдабофташ аз хами зонуњо поин хиромон-хиромон қадам зада, љониби мактаб рафтани ўро дида, чанд нафар духтарон њаваси маълумоти олї гирифтанро карданд. Кадом падару модаре, ки ба хоњиши духтараш зид мебаромаду «шањр љойи духтари ќишлоќ нест» мегуфт, Назокатро мисол меоварданд. Назокат, ки муаллимаи фанни риёзї буд, тавонист дар як сол се нафар шогирдашро ба донишгоњ барад. Пайравони ин духтари хушхулќи зебо дар дења рӯз то рӯз афзудан мегирифтанд, вале…
Падари љоњил
Харидорони Назокат аз мўйи сараш зиёд бошанд њам, падараш, муаллими Аслам на њар касро ба духтари соњибљамолу њунармандаш лоиќ медонист, ҳамин буд, ки дањњо хостгорро аз дараш новмед гусел кард. Солҳо турнасон мегузаштанд ва корвони умри Назокати соҳибҷамол низ бомаром пеш рафта, харидорони ин гули зебо рӯз то рӯз камтар мешуданд. Боре њамсояашон кампири Нурбибї Назокатро ба хилват хонда гуфт:
-Духтарҷон, чаро шавњар намекунї?
Назокат намедонист ба саволи кампир чї љавоб дињад. Зани солхӯрда аз хомӯшии ин зебосанам ба таври худ маънӣ бардошта гуфт:
-Духтарам, бо ҳусну ҷамолат маѓрур нашав, зебоию ҷавонӣ мисли баҳор аст, зуд мегузарад. Ман дар тӯли умри дарозам бисёр хушрўёнро дидам, ки оќибат пушаймон аз ин дунё рафтанд…
Назокат медонист, ки кампири Нурбибї «алам» дорад, зеро падараш додари ўро, ки барои писараш хостгорї омада буд, ноумед намуд. Асалан Рустам, љияни кампир, љавони ќоматбаланди зебо, ронандаи автобус ба Назокат маъқул буд. Садњо духтарон њавасашро мехўрданд, аммо Рустам ошиќи зори Назокат буд ва ба умед ба хонаи онҳо хостгор фиристод, аммо падари Назокат чун ҳарвақта рад кард. Назокат маҷбур монда хиљолатомез рози дилашро ба кампири Нурбибї кушод:
-Момаљон, ман худамро њељ гоњ зебою доно намешуморам, охир падарам як бор аз ман намепурсад, ки шавњар мекунї ё не?! Намедонам ў киро дар бари ман дидан мехоњад. Ман «шавҳар мекунам» гуфта ба рӯйи падарам давида наметавонам-ку!
-Худо гирад њаму падари «сурханбус»-и туро!-Бо ќањр нидо кард кампир. Назокатро аз ташбењи кампир хандааш омад, зеро дар ѓайбаш мардум падари ӯро «Аслами сурх» мегуфтанд. Ҳангоми ба ѓазаб омаданаш чењрааш арѓувонї мегашт ва ҳамин чиз боиси он гашт, ки ҳамдеҳагонаш ба ӯ лақаби «сурх»-ро часпонанд.
Пас аз як њафтаи ин суњбат кампири Нурбибї бо хоњиши љиянаш худаш дастархон бардошта хостгорї омад. Модари Назокат-Заронгул ўро хуб ќабул карда бошад њам, «Сурханбус» боз ба издивољи ду љавон розї нашуд. Барои Заронгул гапи шавњараш ќонун буд, аз ин рў кампирро љонибдорї карда натавонист. Кампир пеш аз рафтанаш гуфт:
-Кори хуб намекунї муаллим, духтарро њайф мекунї!

Пирдухтар

Пас аз ин воќеа дигар касе Назокатро хостгорї наомад. Бо «гуноњ»-и ў хоњарони ба ќадрасидаашро, ки яке омўзишгоњи тиббї ва дигарї омўзишгоњи педагогиро хатм намуда, кор мекарданд, харидор намешуд. Хоњари калонияш Малоњат бо љавоне ањди муњаббат дошт, чун аз тарафи љавон хостгор омад, падараш боз бо њамон «оњанг»-и ќадимӣ ба гап даромада буд, ки ѓайричашмдошти њама Назокат гуфт:
-Падарљон, бахти маро сўхтед, кифоя аст, ба бахти Малоњат зомин нашавед! Бигзор хонадор шавад…
Падар хашмгин шуда чизе гуфтанї буд, ки Назокат гапашро бурид:
-Агар розї нашавед, ман аз хона баромада меравам ва ба Малоњат маслињат медињам, ки бе ризоияти шумо бо дӯстдоштааш хонадор шавад!
Муаллим исёни духтари боодобашро дида чизе нагуфт ва хоњаронаш пайи ҳам оила бунёд карда, хушбахт шуданд.
Назокат њамроњи зани додарашу волидонаш зиндагї мекард, зеро синнаш аллакай ба чил расида буд. Ӯ тамоми њавасњояшро ба фарзандони хоњаронаш мекард, барояшон либосу пойафзолњои ќиммат харида медод, зодрўзњояшонро ботантана ќайд менамуд, онњоро ба тамошои мавзењои таърихии кишвар мебурд… Ғами дили зангорбастаи Назокатро танњо хандаи беѓаши љиянњояш зудуда мекард.

Таънаи янга
Падару модараш акнун пир шуда буданд ва янгааш худро хуљаини мутлаќи хона дониста, гоњ-гоњ ба Назокат бењурматї мекард. Боре янгааш писарчаашро берањмона лату кўб кард, Назокат кўдакро аз зери дасти модари золимаш кашида гирифта келинро, ки шогирди собиќаш буд, сарзаниш намуд:
-Э садќаи номи модар шавӣ ту беинсоф, кўдаки бечораро зада мекушї?!
-Кори ту чї, мекушамаш, мехӯрамаш, бачаи худам, аввал шў ёфта якта зой, баъд ба ман маслињат дењ,-фарёд зад келин.
Назокатро барќ задагї барин якбора карахт шуд ва кўдакро ба замин гузошта рӯяшро бо кафи дастонаш пӯшида ба замин нишаст…

Азми сафар
Рўзи дигар Назокат ба падару модараш гуфт, ки бо коре ба пойтахт меравад. Падараш кайњо ба нафаќа баромада бошад њам, то ҳол дар мактаб дарс медод, Назокат аз ў хоњиш кард, ки то омаданаш дарсњои ўро назорат кунад. Аз даѓалии янгааш ба касе лаб накушода буд, маќсади сафарашро низ ба падараш нагуфт. Назокат мехост назди дугонааш Гавњар, ки муаллимаи яке аз донишгоњҳои бонуфуз буд, рафта љойи кор ёбад ва минбаъд дар пойтахт монад. Њукми тасодуф буд ё хандаи бахт, ки ў дар автобуси Рустам, ки акнун марди хушќомату чорпањлўи зебое буд, нишаст. Рустам дар маркази ноњия зиндагї мекард ва Назокатро дер- дер медид, вале то њол ҳамон ишќи поки љавонї вуљудашро месӯхт. Вай Назокатро дар курсии наздикии худаш шинонд, то раҳораҳ чақ-чақ кунанд. Дили духтар њам пури гап буд, аз ин рӯ аз гап гап баромаду рози дилашро ба Рустам кушод. Мард маслиҳатомез гуфт:
-Ман дар пойтахт як хонаи якњуљрагии холї дорам. Пештар писарам он љо зиндагї мекард, вале баъди хатми донишгоњ вай ба деҳа баргашт. Агар хоњӣ дар он љо зиндагї кардан гир...
Назокат, ки ин хел ранг гирифтани корро интизор набуд, саволомез ба Рустам нигариста гуфт:
-Мабодо њамсарат фањмида қиёматро қоим накунад…
-Аввалан, зани ман лӯлӣ не, одами хуб аст, дуюмаш, вай њатто намедонад, ки хонаи зиндагї мекардаи писарам хонаи шахсии мо буд,-қотеона ҷавоб дод Рустам.
Њамин тавр Назокат ба нею нестони модар ва зорињои падараш нигоњ накарда сокини шањр шуд. Рустам гоњ-гоњ аз ањволаш хабар мегирифт, вале суњбаташон дўстона буд…
Баҳои бахти сӯхта

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД