1xbet
Эрониҳо яҳудиёнро аз фашистон наҷот доданд, акнун яҳудиҳо Эронро бомбаборон мекунанд
96

Исмоил Бақоӣ, як масъули Вазорати умури хориҷии Эрон изҳор доштааст, ки дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон маҳз эрониҳо паноҳгоҳи яҳудиёне гаштанд, ки аз зулми фашистони гитлерӣ дар гурез буданд ва онҳоро аз марги яқин наҷот доданд, вале ин қавм аз рӯйи масали “Бар ивази некӣ - бадӣ” амал намуда, акнун Эронро мушшакборон карда истодаанд. Дар ин бора saheh.islam хабар додааст.

Дар идомаи суҳбат Исмоил Бақоӣ гуфтааст, ки оташи ҷанги якум ва дуюми ҷаҳонро маҳз Германия афрӯхта буд ва Эрон ба гурезаҳои поляк ва фаронсавӣ дар он давраҳои душвор шиносномаи эронӣ дода, онҳоро аз таъқиб ва ҷабру зулм наҷот бахшид. Ин далелҳои таърихӣ гувоҳи инсондӯстӣ ва меҳрубонию ғамхории мардумӣ Эронзамин мебошанд.

Воқеан, Эрон дар қатори аввалин мамлакатҳое буд, ки соли 1950 давлати Исроилро эътироф намуд ва то аввалҳои солҳои 1980 яке аз дӯстони наздики ин кишвар ба шумор мерафт, вале ҷойи дӯстиро душманӣ ва кинаю адоват гирифта, акнун Эрон ва мардумашро мушакборон карда истодааст.

Тавре “Интерфакс” рӯзи 16-уми июн дар такя ба маълумоти Вазорати тандурустии Эрон хабар дод, бар асари мушакборони Исроил дар Эрон 224 нафар ба ҳалокат расида, 1277 каси дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористонҳо бистарӣ карда шудаанд, ки аксарияташон мардуми осоишта мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД