1xbet
Шавҳарам маро ба Амрико бурд, вале...
18.06.2025
Oila.tj
585

Ману шавҳарам одамони замонавӣ ҳастем ва тавассути скайп бо ҳам никоҳ карда будем. Он замон Ҷамшед дар яке аз шаҳрҳои Амрико таҳсил мекард ва аз рӯйи гуфтаи волидонаш, имконияти ба Ватан омаданро надошт.

Домодро ягон бор надида будам, вале хешу табор «Худо ба ту додааст духтарҷон, акнун шавҳари зӯр карда, дар Амрико кайфу сафо карда мегардӣ» гӯён, Ҷамшедро таърифкунон ба осмони ҳафтум бароварданд ва бачаи босаводу бомаънӣ будааст гуфта, ба издивоҷ розигӣ додам. Волидонам бо шунидани номи Амрико аз хурсандӣ дар куртаашон нағунҷида, осемасар аз пайи тӯй шуданд. Ҳамин тавр моро тавассути скайп никоҳ карданд ва баъди як ҳафта ман ба тайёра нишаста, ба кишваре парвоз кардам, ки ҳатто дар хоби ширинам ҳам надида будам.

Пас аз расидан ба ин диёри орзуҳо фаҳмидам, ки Амрико он биҳиште набудааст, ки бисёриҳо таърифашро мекунанд. Шавҳарам дар кадом як корхонаи калон кор мекард, ки субҳи содиқ аз дар баромада, баъди шом бармегашт. Ман рӯзи дароз дар хона танҳо будам ва ғайр аз чор девор дигар ҳамрозу ҳамнафасе надоштаму худро дар Амрико мисли мурғи дар қафас афтида эҳсос мекардам, аммо ба хотири бахт ба ҳамааш тоқат карда, сир бой намедодам.

Аввалҳо муносибати шавҳарам бо ман чандон бад набуд, вале рафта-рафта вай нисбати ман чунон бепарво гашт, ки аз сардиву бемеҳрии ин тоҷики амрикоишуда дилгир шуда, мехостам ба парандае табдил ёбаму ба Ватан парвоз кунам. Борҳо аз шавҳарам хоҳиш кардам, ки маро ба Тоҷикистон гусел кунад, вале бо шунидани ин гап вай қариб девона шуда, ба сарам дод мезад, ки ин ҷо ба ту Тоҷикистон нест, ки бо ду пули пучак ба куҷое хоҳӣ, чипта харида, парвоз кардан гирӣ, ман он қадар пули калоне надорам, ки туро ба хона гусел кунам...

Хулоса, бар асари танҳоӣ ва ҷангу ҷанҷоли зиёд саломатиам торафт бадтар шуда, ба бистари беморӣ афтидам ва шавҳарам маҷбур шуд, ки маро ба Тоҷикистон равон кунад.

Инак, ду моҳ мешавад, ки дар Ватан дар ҳалқаи азизонам нафаси осуда мекашам. Падару модарам ҳар рӯз маро насиҳат мекунанд, ки девонагӣ накарда, ба назди шавҳарам баргардам, вале ростӣ дилам ҳеҷ намехоҳад боз ба ҳамон қафас баргашта, азоби дурӣ аз Ватан ва азизонамро таҳаммул намоям. Дугонаҳоям мегӯянд, ки бахти худро аз даст надиҳам, чунки чунин шавҳар на ба ҳар духтар насиб мегардад. Ҳайронам, ки чӣ кор кунам.

Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Д. М.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД