Formula novemver 2024
Бахт аз мотамхона
2318

Овозаи сари фарзанд рафтани Анори зани муаллими Самад деҳаи хушманзараи кӯҳистонро ба ғамистон мубаддал кард. Охир, Анорро Самад аз шаҳр оварда буд, ин духтараки мӯйдарози қоматбаланди зардина, ки чашмони кабуди обӣ дошт, хоҳари шафқат буд ва хизматаш ба ҳама аҳли деҳа мерасид.

Самад писари ягонаи кампири Марям зани шаҳрӣ овард, ки дар хонаи бачаҳо ба воя расида буд. Кампири Марям ӯро аз рӯзи аввали ба хонааш қадам мондан дӯст надошт. Самад занашро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошту ҳамеша ба сабру тоқат даъваташ менамуд.

-Анори ман, модарам зани дарёдилу хуб аст, ӯ мехост духтари хоҳарашро келин кунад, аммо ман ошиқи ту шудам ва орзуҳои ӯро помол кардам, ҳоло мебинӣ, вақт мегузараду ӯ ба ту моил мешавад. Анор, ки кӣ будани падару модарашро намедонисту дар хонаи бачаҳо ба воя расида буд, қадри хушдоманашро медонист.

Ҳар нозу бозоре, ки кампири Марям мекард, ба дида мебардошт. Анор аз рӯзе худро ёд дорад, дар хонаи бачаҳо буд, баъди хатми мактаб ба омӯзишгоҳи тиббӣ дохил шуду дар як вохӯрии донишҷӯён бо Самад вохӯрд.

Чавонон аз як нигоҳ ошиқи ҳам шуданду баъди хатми донишгоҳ Самад дасти дилдодааш дар даст ба деҳа омад. Анор дар пункти тиббии деҳа кор мекарду дар як муддати кӯтоҳ дили аҳли деҳаро ёфт, аммо қулфи дили хушдоманаш дар куҷо буд, ки дастрасаш нагашт. Чун дар қади Анор кӯдак зад, духтурон гуфтанд, ки гурдаҳояш иллат доранду онро табобат кунад, кори вазин накунад.

Аммо аз тарси хушдоман Анор бо азоб ҳомиладорияшро пушти сар кард ва духтаракаш ба дунё омаду гурдаҳояш аз кор монданд. Дар марги арӯсаки берӯзӣ ҳама мегиристанд, танҳо кампири Марям бо наберааш овора, ҳатто дуруст болои мурдаи келинаш оби чашм нарехт.

Нишона

Кампири Марям мехост Самад духтарчаашро ба сағирахона бараду зан гирад, аммо ҷавонмард бори аввал бо модараш баҳс карду ба ин мавзӯъ нуқта гузошт. Модар ба орзуяш расид, духтари хоҳарашро, ки то ҳол шавҳар накарда буд, келин гирифт.

Самад аз ғами Анори сиёҳпичааш сараш сафед шуда буд, барояш фарқ надошт, ки модараш чӣ кор мекунад. Руқия аз рӯзи аввали ба хонаи холааш пой мондан Нишонаро чашми дидан накард ва тифлаки берӯзӣ медонисту кампири Марям.

Бо гузашти солҳо Руқия соҳиби ду духтар шуд, кампири Марям бар асари фишори хун дунёро падруд гуфт, риштаи тақдири Нишонаи даҳсола ба дасти моиндари золим зад, ки як мушташ зада, як бурдаи нонаш медод. Ягона пушту паноҳи духтарак падараш буд, вақти дар хона будани ӯ Руқия наметавонист ба кӯдак ҷабр кунад.

Тамоми кору бори хона бар дӯши Руқияи бечора буд, хоҳарони эркааш ба вай чун канизак муомила мекарданд. Духтарак як орзу дошт, мактабро тамом карда, ба донишгоҳ дохил шудану ин ғамхонаро тарк кардан, аммо...

Марги падар

Падараш ба бемории саратони мағзи сар гирифтор шуд, Самадро ин беморӣ дар шаш моҳ ба он дунё бурд. Акнун дунё дар назари Нишона ба шоми зулмат мубадал гашт. Моиндар ба вай раҳм надошт, сархӯру бепоиқадамаш меномид, модари кайҳо хоку туробшудаашро фоҳишаву бесоҳибу кимчиҳои дигар мегуфт.

Нишона шабу рӯз мисли як мард бори хонаи калонро мекашид, Худо накунаду ягон кораш дертар шавад, аз моиндар шаттаву шаллоқи зиёде мехӯрд. Баъди синфи нӯҳ моиндараш ӯро аз мактаб гирифт, хостгоронаш аз мӯйи сараш зиёд буданд. Ҳаққу ҳамсоя, хешу табор, ҳатто роҳбари синфашон мехостанд ин духтараки меҳнатрӯзиро келин гирифта, аз ҷабри моиндари золим халос намоянд, аммо…

Руқия ӯро ба писари амакаш фотеҳа кард, Асрор як ҷавони пулмасти бадахлоқ буд, ки аз ҳисоби пули падари тоҷираш айш меронд. Мегуфтанд, ки ин ҷавон нашъаманд ҳам ҳаст, аммо Руқия аз амакаш қалинги калон гирифта, Нишонаро бо ду куртаи арзонбаҳо ба хонаи «бахташ» равон кард.

Падару модари Асрор дар маркази вилоят дар ҳавлии калони дуошёна зиндагӣ мекарданд, онҳо аз дори дунё як писар доштанду тӯйи осмонкафе доданд. Асрор ҷавони зебое буд, вале ба Нишона як зарра меҳр надошт. Хусуру хушдоманаш келинашонро дӯст медоштанду мегуфтанд, ки сабр кунад, ҳамааш хуб мешавад.

Дар хонаи шавҳар ҳам Нишона мисли хизматгор буд, аммо ин ҷо метавонист истироҳат кунад, зебо мепӯшид, бомазза мехӯрд, аз хусуру хушдоманш меҳрубонӣ медид. Ӯ ҳаргиз ёди хонаи падар намекард, аммо Асрор ӯро гоҳе зери мушту лагад мегирифт, ҳангоми маст шуданаш бадгӯӣ мекард. Нишона сабр мекард ба умеди рӯзи нек, вале рӯзаш бадтар мешуд.


Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД