Sebiston new 2024 october
Бачаи шартномавӣ
6076

Ё қиссаи макри шавҳару кӯдаки зархарид ва сарсониҳои модари фиребхӯрда

Рӯзе (соли 2001) шавҳарам ҳамроҳи Амонулло ном шахс тифлаки лоғари якунимсолаеро ба хона оварданд. Шавҳарам номи тифлро “Аминҷон” муаррифӣ намуда гуфт, ки ӯро ба фарзандӣ мегирем, то дар пирӣ соябони сарамон гардад. Оҳ, чӣ бахти бузурге буд. Ба гуфтаи Даврон Аминҷонро 150 ҳазор рубли ҳамонвақта (150 сомонӣ) фурӯхтаанд. Мани ташнаи фарзанд ӯро на ба зару зевар, балки бо меҳри гарми модарӣ гӯё харидаму ба сина пахш намудам. Даврон ваъда дод, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳоро барои ба расмият даровадан, омода месозад ва мо Аминҷонро расман фарзанд мехонем. Аммо бар хилофи ҳамаи ин ваъдаҳояш аксаран ӯро дар хона боз як нонхӯрӣ зиётӣ дида, ҷангу хархашаро давом медод. Соле як бор ба аёдати падари беморам мерафтаму сири зиндагиамро ошкор намесохтам. Баъзе ҳамсоязанҳо дар бораи Аминҷон ким чӣ хел миш-миш мекарданд.
Салом редаксияи азиз! Ҳафаномаи дардошно ва ғамгусор “Оила”!
Беморе назди табиб, баҳри давои беморӣ мераваду сараввал аз сухани хуш, баъди аз ташхису табобати ӯ шифо меёбад. Ман низ баҳри таскини дил ба ту муроҷиат мекунам. Хома дар даст дуриҳои дур, зиндагии носозгори 41-солаамро пеши назар меорам. Чӣ дидам аз зиндагӣ. Тақдирамро талх нигоштаанд. Мегиряму аз умри бесамаррафта афсӯс мехӯрам. Вақте аз навозиши модар маҳрум гардидам, ҳамагӣ 9 сол доштам. Падарам, Алӣ, ки худ ҷабру ҷафои моиндарро сер чашида буд, дигарбора хонадор шудан нахост. Хеле душвор буд барои ӯ, ҳам нигоҳбину ҳам хӯронидану пӯшонидани мо. Бо розигиаш апаам Саъдигул ба кори саҳро баромад. Худ, ки дар “Текстилкомбинат”-и шаҳр кор мекард, бо маслиҳати хешовандонамон додаркалонам Саидалию Эмомалиро ба ятимхонаҳои шаҳр дод. Шералӣ, ки калонакак шуда буд, дар хона бо мо монд. Чанде нагузашта Эмомалии хурдакакро, ки акнун дусола мешуд ва роҳгардӣ меомӯхт, ба хона гирифта овард. Рӯбу чини хона, шустани дегу табақ ва либоси додараконам, ба онҳо машғул гардидан бар дӯши ман буд. Падари азизамон ҳамаи инро дида, дилаш реш-реш мешуд ва кӯшиш мекард, ки бо хӯроку пӯшок хуб таъминамон намояд. То бемодариамонро ҳис накунем. Бо мурури замон мо ятимакони аз модар маҳрум калон шудем. Апаамро дар ҳамсоядеҳа ба шавҳар доданд. Сариштаи корҳои рӯзгори хона пурра ба зиммаи ман монд. Ба шавҳар баромадани ман, барои додараконам ниҳоят мушкил мешуд. Бинобар он то хонадор намудани Шералӣ ман нахостам ба шавҳар бароям. Солҳо паи ҳам гузаштанд. Падарам синну соли маро ба назар гирифта, додари донишҷӯямро оиладор намуд. Тақдири мани 26-сола бо Даврон ном ҷавоне ки дар шаҳри Хуросон итиқомат дошт пайваста шуд. Тӯи хоксоронае барпо карда, намедонам бо чӣ сабабе маро ба хонаи хушдоманам неву ба хонаи бародаршӯям фароварданд. Зиндагии мустақилона бо саргардониҳои зиёде оғоз гардид. Ҳамин лаҳзаҳо бемодариамро эҳсос намуда, хун мегиристам. Ду сол дар участкаи Варвасток (Хоҷамастони ҳозира) зиндагӣ кардем. Низоҳои дохилӣ ва майдоншиниҳо оғоз гардид. Шавҳарам тракорчигиро партофта, акнун дар ҳеҷ ҷой кор намекард. Зиндагиамон рӯз то рӯз мушкилтар мегашт.
14 октябри соли 1992 мо ба шаҳраки Ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ кӯч бастем. Ҳафт сол иҷоранишин будему аз иҷорае ба иҷорае мегашем. Умри пурғамам бо хориву гуруснагиҳо бесамар мегузашт. Худованди карим ба мани шӯридабахт фарзанде лоиқ намедид. Даврон бошад, гоҳе барои бесоҳибиам таънаам мезаду гоҳе барои бефарзандиам. Неши забонаш ҷо-ҷои ҷигарамро шикфота буд. Ӯ кори муайяне надошт ва ман, ки сармоя надоштам, назди табибу духтурҳо рафтаву худро табобат карда намеавонистам. Шавҳарам бошад, гоҳ дар бозори Ҳисор ошфурӯш мешуду гоҳ бензинфурӯш. Пули ёфтаашро ба май сарф мекард. Байни мо танҳо номи зану шавҳарӣ монда буду халос. Ӯ парво надошт, ки ман чӣ мехӯрам ва ё чӣ гуна зиндагӣ мекунам. Ман дар ба дар гашта, кор мекофтам. Дар хонаи яке пиёз хишова мекардаму дар хонаи дигарӣ дегу табақшӯӣ. Гоҳе азми бозгашт ба хонаи падар менамудам, вале боз аз раъйам мегаштам, чунки падари дардмандамро бо ғами бахти худ сӯзондан намехостам.


НОМУС ДОРӢ МАРДАК, ДУХТАРАТ ҲАМСОЯРО ДАДА МЕГӮЯД!


Хешовандон ҳатто ҳамсоязанҳо ба хонаи мо намеомаданд. Боре писари холаи Даврон Садриддин бо хушдоманам маслиҳат карда, Давронро ба мардикорӣ ба Русия бурд. Маро холааш ба хонаи худ овард. Ин зани мушфиқ маро келини панҷуми духтари худ ҳисобида, меҳрубониҳои зиёде мекард. Ман ба ҳайси фарроши макаб чанде кор кардам. Тӯли якуним сол Даврон танҳо як бор ба ман 100 рубли русӣ фиристода бошад ҳам, вале бо пули хуб баргашту мо соҳиби хона шудем. Хурсандӣ мекараму шукр мегуфтам, аз он ки билохир бахт ба рӯям хандиду сарсониҳоям хотима ёфт. Аз Даврон илтиҷо мекардам, ки маро назди духтур барад, шояд табобат карда фарзанддор шавем. Ӯ бошад, ҷои раҳмат гуфан писари холаашро носазо гуфта, ҳамеша ғур-ғур мекард, ки пулашро хӯрдаанд, вагарна ба тиҷорати калон машғул мегардид, маро бошад, касофат мехонд ва дар касодии рӯзгору бефарзандиамон гунаҳкори асосӣ меҳисобид. Зиндагиамон беҳбудие надид. Камбағалӣ ва гуруснагӣ ҳамеша думболагирамон буд. Рӯзе (соли 2001) шавҳарам ҳамроҳи Амонулло ном шахс тифлаки лоғари якунимсолаеро ба хона оварданд. Шавҳарам номи тифлро “Аминҷон” муаррифӣ намуда гуфт, ки ӯро ба фарзандӣ мегирем, то дар пирӣ соябони сарамон гадад. Оҳ, чӣ бахти бузурге буд. Ба гуфтаи Даврон Аминҷонро 150 ҳазор рубли ҳамонвақта (150 сомонӣ) фурӯхтаанд. Мани ташнаи фарзанд ӯро на ба зару зевар, балки бо меҳри гарми модарӣ гӯё харидаму ба сина пахш намудам. Даврон ваъда дод, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳоро барои ба расмият даровадан, омода месозад ва мо Аминҷонро расман фарзанд мехонем. Аммо бар хилофи ҳамаи ин ваъдаҳояш аксаран ӯро дар хона боз як нонхӯрӣ зиётӣ дида, ҷангу хархашаро давом медод. Соле як бор ба аёдати падари беморам мерафтаму сири зиндагиамро ошкор намесохам. Баъзе ҳамсоязанҳо дар бораи Аминҷон ким чи хел миш-миш мекарданд. Ман рустоии дунёбехабар намедонистам, ки “зери коса нимкоса”-е ҳасту онҳо дилсӯзона гапам мезаданд. Соли 2002-юм ману Даврон дар яке аз ошхонаҳои шаҳр деги самбӯсаро ба иҷора гирифтем. Аз субҳ то шом меҳнат мекрадем, вале баракати кор набуд. Қарздор шуда, қарзро дода наметавонистем. Шавҳарам ҳатто 20 дирам роҳкиро намедод ва ман бо Аминҷон пиёда 3 км роҳро тай намуда, ба хонаи додарам мерафтам. Аминҷон аз ғояти гуруснагӣ ва хастагӣ мегирист. Бисёрҳо маслиҳатам медоданд, ки аз баҳри чунин шавҳар бароям. Аммо мани бесавод, ки ҳисоби китоби самбӯсафурӯширо намедонистам, ба гапҳои шавҳарам бовар мекардам. Ва ниҳоят рӯзе ворисони Аминҷон пайдо шуданду ӯро бурданд. Хеле аламовар буд бароям дидани ин манзара. Бо азобҳое ба ин ҷудоӣ тоқат мекардам. Аммо пас аз ҳафтае кӯдакро ворисонаш боз гардонда оварданд. Ҳамсояҳо гуфтанд, ки беҳуҷҷат сад сол гузарад ҳам ин бача бачаи ту шуда наметавонад. Даврон “қонунӣ мекунам”- гуфта, боз маро фиреб дод. Афсӯс, хаёли хом будааст. Пас аз як сол аз ошхона моро ронданду Даврон “ин хона баракат наовард”-гӯён хонаамонро ба 3700 доллар фурӯхт. Акнун ӯ аз баҳри ман низ гузаштанӣ буд. Ҷангу ҷидол пуқувватар гардиду он ба гӯши Мухтор ном корманди ҷамоати шаҳраки ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ расид. “Азбаски ақди никоҳ доред, ба тақсимоти баробар ҳақ доред”-гуфт Мухтор. Даврон зуд аз раъяш гашта, дар кӯчаи Космонавт-2, ҳуҷраи 2 хонаи дуҳуҷрагиеро ба 2500 сомонӣ харид ва қасам хӯрд, ки зани сар медодагӣ надорад. Домонамро пур аз чормағзи пуч карда будааст. Ба хонаи нав гузашта, дар ҳаётамон аввалин бор маъракачае оростем. Баъди ин Даврон боз ба майнӯшӣ машғул гардид. Аз ҳамсоязан бор-ҷӯробу рӯймолу дигар майда чуйда гирифта деҳа ба деҳа бо Аминҷон мегаштам, то қути лоямуте пайдо кунем.
Рӯзе шавҳарам эълон кард, ки зан гирифтааст. Маст, ки буд шӯхиомез гуфтам: “Майлаш, бача кунад, якҷоя калон мекунем”. Ин гап ба ӯ маъқул нашуду “се талоқат кардам”,-гуфт. Моту маҳбут мондам. Ӯ бошад, тақозо дошт, ки аз хона баромада равам, вагарна маро мекушад. Дар идораи ҷамоат Мухтор гуфт, ки ҷанҷоли шуморо танҳо суд ҳал карда метавонад. Аминҷонро 4 сол модарвор тарбияву ғамхорӣ мекардам. Ӯ маро “очаҷону” Давронро”отаҷон” мегуфт. Даврон бошад, ман зан дораму рӯзе ба ман писар таваллуд мекунад, ба ту лозим бошад, судбозӣ карда кӯдакро ба номат гузарон, то рӯзе соҳибиат кунад”-мегуфт. Даврон пинҳонӣ аз ман Аминҷонро ба модараш, ки дар деҳаи ҳамсоя истиқомат доштааст, бурда додааст. Ин зани бероҳагарди айшу ишратпарастро ҳама дар шаҳраки Айнӣ мешиносанд. Шояд ӯ яке аз арӯсони онвақтаи Даврон буд, ки барояш чунин ғамхорӣ кард?
Ҳоло дар чорроҳаи зиндагӣ ҳайрону нигарон мондаам. Куҷост он савобҷӯй, он инсони некдил ки хайрхоҳона дастам бигирад?
Хонандагони азизи “Оила”, чӣ маслиҳатам медиҳед?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД