Салом сомонаи Оила! Ман хонандаи доимии шумо Амакова Меҳринисо мебошам. Духтарам Меҳрангез 8- сола шуда бошад ҳам, то ҳол рӯи падарашро надидааст.
Шавҳарам чандин сол боз дар Русия буда, ёди хонаву дар ва зану фарзанд намекард. Вай на ягон бор пул мефиристод ва на занг зада, аз ҳоли мо пурсон мешуд. Ҷонам аз роҳпоӣ ба лабам расид ва рақамҳояшро ёфта занг задам. Шавҳари номардам ба ҷойи он ки аҳволпурсӣ кунам, бо димоғи сӯхта “ба ту кӣ даркор?” гуфта пурсид. “Ман ҳамсарат, аз Тоҷикистон занг зада истодаам. Наход, ки маро нашиносӣ”,- гуфтам бо ҳайрат. Шавҳарам “ман ягон хел ҳамсар-памсар надорам”,- гуфту телефонро хомӯш кард. Дубора занг задам, вале он нокас телефонро набардошт. СМС навиштам, ки мурдани ту барин падар беҳтар аст, ки духтарчаат мардҳои ҳамсояро дадаҷон гуфта, худашро ба оғӯши онҳо мепартояд. Ба ман занг назанӣ ҳам, ақаллан гоҳ-гоҳ занг зада, бо ҳамон кӯдаки бегуноҳ гап зан, то фаҳмад, ки падараш кист, аммо шавҳарам ба паёмакҳоям низ ҷавоб надод.
Хулласи калом, аз байн чанд вақт гузашту додари шавҳарам хабар овард, ки бародарашро дар Русия ҳабс кардаанд. Падару модараш ин хабари шумро шунида, хеле гиристанд, вале дили ман аллакай аз шавҳарам монда буд. Аз нақли додаршӯям фаҳмидам, ки шавҳарам дар Русия бо Ягона ном узбекдухтар зиндагӣ мекардааст, вале баъди он ки ӯро ҳабс кардаанд, зани ҷавонаш тамоми боигарии ӯро фурӯхта, шавҳари нав карда рафтааст. Медонам, ки сомонаи Oila.tj-ро дар тамоми дунё мехонанд ба шавҳари фарзандбезорам гуфтаниям:
-Алиҷон, медонам, ки имрӯзҳо ту дар кунҷи зиндон азоб кашида истодаӣ ва ниёз ба дилбардорӣ дорӣ, вале бидон, ки ман туро интизор намешавам. Ҳашт соли дароз бо умед роҳатро поидам, вале ҳатто ба фарзандат раҳм накардӣ. Ақаллан як бор занг зада, напурсидӣ, ки духтарат чӣ ҳол дорад ва чӣ мехӯраду чӣ мепӯшад. Ба умед нашав, ки аз зиндон бароӣ, ман туро бо оғӯши кушода пешвоз мегирам, мардак. Ман ба ту дигар на кор дорам ва на интизорат мешавам. Паноҳи ту ҳам ба Худою паноҳи ману духтарам ҳам ба Худо, Алиҷони бевафо!
Меҳринисо