Давомаш. Қисми аввалашро дар ин ҷо хонед.
Гулмурод Ойбек арӯсашро ба хона оварду чашмаш ба ҳусни гулӯсӯзи ӯ бархӯрда, каме хиҷолат кашид, зеро бону ба писараш ҳамсол буд, Гулноз сӣ сол дошт, вале духтару ҷиянаш ӯро чилсола гуфта буданд.
Пас аз гузаронидани маъраки хоксоронаи никоҳ ҳамаи хешу таборон рафтанд ва дар хонаи боҳашаммати зебо ду нафар як марди шастуяксола ва ҷавонзани нагунбахти бистунӯҳсола танҳо монданд.
Гулмурод ба Париноз, ки аз тиреза ба берун назар мекард, наздик шуда, бо ӯ хеле сӯҳбат кард. Онҳо дар роҳ ба ҳам хуб унс гирифта буданд, духтарак ба мард саволҳои гуногун медоду посух мегирифт.
Шаби аввал Гулмурод дар меҳмонхона ва очаву бача дар хонаи хоб хоб рафтанд. Рӯзи дигар Гулмурод духтарашро ба мошин шинонида, ба сайри шаҳр бурд, барояш тӯҳфаҳои зиёд, рахти хоби зебо, либосҳои мактабии нав харида, рӯзи дигар ӯро ба литсеи бонуфузе бурда монд, ки то соати панҷ дарс мешуд.
Париноз акнун утоқи алоҳидаи худро дошту ҳар субҳ бо падараш (ӯ аз рӯзи аввал ин марди гармчеҳраи меҳрубонро ота номид) ба мактаб мерафту бегоҳ ҳамроҳ бармегаштанд.
Мард духтури дандон буду якҷоя бо духтараш Нозанин кор мекарданд, Гулноз дар як муддати кӯтоҳ бо Нозанин, ки пешакӣ шинос буданд, мисли апаву хоҳар гаштанд. Париноз ҳам апаҷонашро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошт, Гулмурод модари фарзандонашро сахт дӯст медошт ва панҷ соли аз бемории саратон ранҷ бурданаш ӯро ба куҷоҳое, ки набурд.
Фарзандон ва хешу табори ҳамсари пешинааш ӯро зиёд эҳтиром мекарданд. Марди ҳамсаргумкарда Гулнози меҳрубону ростқавлу кушодчеҳраи хеле зеборо аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошт. Зеро аз рӯзи аввал ӯ сарнавишти талхи худро ба ин мард нақл кард, дурӯғ нагуфт ва аз таҳти дил ба зиндагӣ камар баст.
Гулмурод ҳаваси духтур шудани ҳамсарашро ба назар гирифта, ӯро ба Коллеҷи тиббӣ дохил кард. Гулноз мегирист ва дар намозҳояш Худоро шукр мегуфт, ки мушкили ӯро ҳал кард.
Оштӣ
Соли дуввуми оиладорияшон онҳо соҳиби ду писар шуданд, Гулноз дугоник тавлид кард. Шаҳболу Шаҳбоз ду писараки ба ҷон пайвандаш дунёи модарро равшан намуданд, Гулмурод Ойбек гаҳворабандон карду хешу табори ҳамсарашро ба хонааш таклиф намуд. Ҳама омаданд, ҳама мегиристанду аз ҳам бахшиш мепурсиданд.
Гулноз бори аввал баъди чанд сол акаҳояшро ба оғӯш гирифта, аз таҳти дил гирист ва аз онҳо бахшиш пурсид. Танҳо дили кӯдаконаи Париноз онҳоро бахшида натавонист ва пеши тағоҳояш наомад. Падари хушбахт барои тифлаконаш доя гирифт ва занаш коллеҷро хатм карда, духтур шуд…
Солҳо гузаштанд, Шаҳболу Шаҳбоз мактабхон шуданду Париноз бошад, литсейро бо медали тилло ба итмом расонида, дар Русия ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуд. Гулноз ҳамроҳи ҳамсараш якҷо кор мекард ва ҳама бадбахтиҳои аввали умрашро фаомӯш карда буд, аммо Париноз не...
Париноз дар донишгоҳ бо баҳои аъло мехонд, хеле хушахлоқу соҳибҳунар буд. Ӯ дар дилаш интиқом мепарварид, интиқом ба падараш ва тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро ҷустуҷӯ карда ёфт.
Ному насаби падарашро медонист ва профессори кадом соҳа буданашро ҳам, ба саҳифааш даромада, суратҳояшро тамошо кард ва чашмони худро дид. Чашмонаш ба чашмони падараш хеле монанд будаанд.
Профессор ҳамагӣ як писар доштааст, бо номи Фарҳод, ҳамсараш Шақоиқ Баротӣ тоҷир будааст. Париноз дунболи Фарҳод шуд ва ӯро низ ёфт ва ҳамроҳаш мукотибаро оғоз намуд. Ҷавон аз вай се сол калон буда, дар Маскав дар факултаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил мекардааст.
Париноз тавонист Фарҳоди сиёҳаки пастқоматро ошиқӣ худ созад, ин хеле осон буд, зеро ӯ он қадар зебо буд, ки бинанда албатта боз якбор гашта нигоҳаш мекард. Бародари угаяш Амир ин ҷо сарпарасти Париноз буду ӯ аз чизе танқисӣ надошт, рӯзҳои истироҳатро ҳамроҳи янгаи озарияш Мино ва ду ҷияни хубчеҳрааш дар ҳавлии бошукӯҳи бародар мегузаронид.
Париноз Фарҳодро шефтаи худ кард ва онҳо дар як моҳ як бор вомехӯрданд, духтар намегузошт, ки ҷавон дасташро дорад. Фарҳод наметавонист бе Париноз, вале духтар давоми ҳафт соли таҳсил нагузошт, ки дасти ӯ ба доманаш расад. Фарҳод ба хотири Париноз баъди хатми донишгоҳ се соли дигар дар Маскав монд…
Давом дорад ...