Париноз аз рӯзе худро мешинохт азоб дошт, ашкҳое, ки модараш шабҳо дар хомӯшии махуфу ваҳшатзои кулбаи лоини хунукашон дар деҳаи дурдасти бобоӣ мерехт, қалби кӯчаки ӯро хун мекарданд. Ин ҳама кам набуд, ки тағову янгаҳояш ҳамеша ӯро бо нӯги по ё силтави даст аз рӯи роҳашон дур мекарданд. Гӯё ӯ кӯдаки маъсум не, ягон латтаи кӯҳна бошад. Бечора духтарак аввал ин ҳамаро намефаҳмид, оҳиста-оҳиста калон шуду баъд фаҳмид, ки дар дунё чӣ гап аст…
Гулноз духтари кенҷаи хонаводаи зиёие дар деҳаи дурдасти кӯҳистон буд. Падараш директори мактаб, модараш бошад, китобдор шуда кор мекарданд. Дар деҳаи онҳо духтарон хеле кам таҳсил мекарданд, аммо падари ӯ ҷавонмарди донишманде буд. Ҳангоми оиладор шуданаш дар курси сеюми донишгоҳ мехонд ва ҳамсараш духтараки деҳотиро ба омӯзишгоҳи фарҳангие дохил намуд.
Модари Гулноз Шаҳригул омӯзишгоҳро чун китобшинос хатм намуда, дар мактабе, ки шавҳараш кор мекард, китобдор шуд. Муаллими Довуд аз оилаи серфарзанд буд ва баъди тавлиди духтари калонияш хона сохта, рӯзгорашро ҷудо карда буд. Баъдан ду писари дигар ва Гулнози дӯстдораш ба дунё омада, зану шавҳари соҳибмаърифат фарзандонро дар рӯҳияи донишпарвариву хирадмандӣ ба воя расонида, ба ҳар кадом маълумоти олӣ доданд.
Шаҳноз чун падараш муаллима шуд ва ба хотири аз деҳаи бобоӣ дур нарафтану чун мутахассис мондан, падараш ӯро ба писари амакаш ба шавҳар дод. Духтар дар баробари падараш дар саводнок шудани мардуми деҳаашон саҳм мегирифт.
Панҷ сол ба қавле бо обу рӯйи муҳаммадӣ хонда омадану ба бачаи деҳотӣ расидани Шаҳноз духтарони деҳаро шерак карду баъди ӯ ду духтари дигар ба хондан рафтанд. Онҳо яке агроном, ду нафар муаллима ва саввумӣ духтур шуданд.
Шаҳбозу Шоҳин низ ба донишгоҳҳои дӯстдоштаашон дохил шуда, баъди хатм ба ноҳия омаданд. Яке бонкир ва дигарӣ соҳибкор шуда, дар деҳа сехи баровардани шарбати себу зардолу сохтанд ва духтарони маҳалиро ба кор таъмин намуданд. Келинҳои ин хонавода низ соҳиби маълумоти олӣ ва зиндагии шоиста буданд.
Ду бародари Гулноз аз ду тарафи хонаи падарӣ ҳавлиҳои боҳашаммат сохта, ба зиндагӣ оғоз намуданд. Гулноз бошад, бо падару модараш дар хонаҳои пастаки бобоӣ хурсандона умр ба сар мебурду барои дохил шудан ба Донишгоҳи тиббӣ тайёрӣ медид.
Кабӯтарбачаи озод
Холаи Шаҳригул каме хавос буд, зеро Гулноз каме романтик ва зудбовар буду мисли апааш Шаҳноз ҷиддиву бадқавоқ набуд. Ӯ ҳамеша духтарашро таъкид мекард, ки шаҳр хонаи очаат нест ва он ҷо пеши поятро нигоҳ карда, роҳ мегардӣ, эҳтиёт мешавӣ…
Гулноз, ки дар дунёи ҷавонӣ парвоз карда, оламро аз пушти айнаки сабзи орзуҳо медид, ба ин гапҳои модар хандида шӯхӣ мекард:
- Оча, о ман пеши поямро нигоҳ накарда, пушти сарамро нигоҳ карда, роҳ меравам мӣ? Аҷаб гапҳое мезанед…
Гулнози нозанину доно ва ҳозирҷавобу хушсухан бо дониши худаш ба донишгоҳ дохил шуд ва сари падару модарашро ба осмон расонид. Падару модар худашон духтарашонро якуми сентябр ба дарс оварда, хобгоҳу шароиташро дида, баъд бо хотири ҷамъ ба хона баргаштанд.
Гулноз шаш моҳ фақат ҳушу ёдаш ба хондан буд, то он даме, ки дар як маҳфили ҷавонон бо олими ҷавоне вонахӯрд. Олими қоматбаланди зебо, ки физик буду дар як донишгоҳ дарс мегуфт, дили ҳассоси духтарро бо як нигоҳ рабуд. Акнун онҳо шабу рӯз якҷо буданд, оқибат кор ба ҷое расид, ки духтар шабҳо ба иҷорахонаи Назар рафта, он ҷо мемонд.
Тобистон фаро расиду ҷуфти ошиқ аз ҳам ҷудо шуда, ҳар кас ба ватани бобоии хеш рафт. Назар ба Гулноз ваъда дод, ки аз оғози таҳсили нав хостгоронашро мефиристаду дар соли нав тӯй мекунанд.
Он вақтҳо телефонҳои мобилӣ набуд ва Гулноз ду моҳи таътилро бо пазмонии зиёд пушти сар кард. Аз ҳама бадаш он буд, ки ӯ зуд-зуд касал шуда, аз ҳуш мерафт, қай мекарду иштиҳо надошт, чун соли нави таҳсил оғоз шуд, як ҳафтаи дароз аз Назар хабар набуд.
Гулноз назди духтур рафту бад шудани ҳолаташро гуфт. Духтур тавсия дод, ки ба назди духтури занҳо равад. Танҳо дар ҳамин даҳзаҳо ба сари ӯ зад, ки сабаби касалии ӯ чист.
Давом дорад ...