Давомаш. Қисми аввалашро дар ин ҷо хонед.
Духтур ба ӯ хабари ҳомиладор шуданашро гуфт ва Гулноз аз ҳуш рафт. Баъд аз чанде ҳушу ёдашро ҷамъ карда, рост ба иҷорахонаи Назар рафт. Дарро ба рӯяш ҷавонзане кушод, ки доманашро писарбачаи тақрибан ду-сесола медошт. Гулноз Назарро пурсон шуд, ҷавонзан гуфт:
-Ту ба Назар кӣ мешавӣ?
-Ман духтари дӯстдоштааш,- пичиррос зад Гулноз, ҳамин дам зан шаппотие ба рӯи Гулноз фароварда гуфт:
-Манҷалақии беҳаё, ман зан ва ана ин писари Назар аст, ту чӣ гуна тавонистӣ бо шавҳари ман ишқварзӣ кунӣ!- Гулноз аз тарс гурехт ва рӯзи дигар кофта-кофта, ҷои кори Назарро ёфт ва ба ӯ ҳомиладор буданашро гуфт. Назар дасти Гулнозро гирифта, ӯро ба синфхонае дароварда гуфт:
-Гулноз, ана ҳамон зане, ки дидӣ, зани ман аст, ӯ духтари як нафаре ҳаст, ки маро дастгирӣ мекунад. Аз шавҳараш бо як писар ҷудо шуд, падараш як шахси машҳур аст, ҳамон хонаи боҳашаммат ва мошину ҷойи корамро низ падари Шақоиқ фароҳам овардааст, ман наметавонам аз ӯ ҷудо шавам. Ман як сағираи зери зулми амаку янгаҳо калон шуда, намехоҳам аз нав ба қишлоқи чиркин баргардам, ту метавонӣ кӯдакатро исқоти ҳамл намоӣ, аз пушти ман надав, ки Шақоиқ барои ман ба ҳама кор қодир аст.
Гулноз ба чашмоне нигарист, ки як вақтҳо ӯро мафтун карда буданд ва танҳо як калима гуфт:
-Паст!
Меҳри падар
Бечора духтар чӣ балоҳоеро аз сар нагузаронд, аммо кӯдакашро накушт! Духтараки нозанинашро бо хориву зорӣ таваллуд кард ва овоза ба деҳа рафт. Падараш омада, ӯро бо кӯдаки бегуноҳаш, ки дар пешонаякаш тамғаи ҳаромиро алаккай зада буданд, ба хонаашон бурд.
Аҷаб рӯзи сиёҳе буд он рӯз, аҳли деҳа ба тамошои ин саҳнаи нангин баромаданд. Муаллими Довуд, бовиқортарин марди на танҳо деҳа, балки музофот дар дасташ парпечи тифли ҳаромии духтараш аз мошин поин шуд ва аз қафояш Гулноз дар рӯймоли сиёҳе печида…
Касоне, ки имону виҷдон доштанд, мегуфтанд, ки Худо аз шармандагӣ нигоҳ дорад, аммо бадбинону ғайбатчиён акунун мавзуъ ёфта буданд. Муаллим ҳама фарзандонашро, ки ба хоҳарашон чун як ифлосӣ менигаристанд, бо овози омирона гуфт:
-Ба Гулнозу духтараш касе кордор намешавад! Пули нафақаи ман барои нигоҳубини онҳо кофист, ҳамин хонаву дари бобоиро ба Гулноз медиҳам!
Падараш, падари обрӯманди бовиқораш болои ғуруру шарафу мардонагияш по монда, ба духтари гумроҳи хеш сипар гашт, чун ҳама ғамгину саркашол берун рафтанд, Гулноз худро ба пойи падар андохт ва нола кард.
Модараш ҳамроҳи ӯ гап намезад, ба рӯяш нигоҳ намекард, ӯ дар хоначае ҳамроҳи Паринози парирӯяш танҳо рӯзро бегоҳ ва шабро саҳар менамуд. Падараш гоҳ-гоҳ наздаш даромада, аҳволашро мепурсид ва сари духтарашро сила мекард.
Паринозро дар ин хона касе дӯст намедошт, ӯро ба синфи якум бобояш бурд, зеро модараш аз хона берун намебаромад. Баъд бибияш, ки ӯро дӯст намедошт, пас аз як сол ягона меҳрубонаш бобоҷонаш оламро падруд гуфтанд ва ӯ танҳои танҳо монд.
Худованд гунаҳбахшу сахӣ аст, шояд гиряҳои пушаймонии модарашро дид, ки ба рӯйи ӯ дари бахтро кушод, барояш хостгор баромад. Марди аз худаш сӣ сол калон мехост ӯро ба занӣ гирад ва Гулноз ба хотири берун рафтан аз ҳамин деҳаи зебо, ки барояш зиндон шуда буд, розӣ шуд.
Акаву янгаҳояш ӯро одам намедонистанд, Шаҳноз як табақ нон карду дасти ӯро ба дасти марди занмурда дода, аз хона гуселаш кард.
Бахти деромада
Чӣ қадар хурсанд буд Париноз, аз дугонаву ҳамсинфи модараш холаи Зулайхо аз замин то осмон розӣ буд, ки барои тағои занмурдааш модари ӯро тавсия дод.
Гулмурод шавҳари нави Гулноз табиби собиқадору баобрӯе буд, ки ҳамсараш ду сол пеш вафот карда буд. Ӯ як писару як духтар дошт, писараш бо аҳли оилааш дар пойтахт зиндагӣ мекарду духтараш дар ҳамсоягии падар дар маркази яке аз вилоятҳои Тоҷикистон шаҳри ободу зебову бобаракате.
Нозанин табиб буду то ба шавҳар баромаданаш хизмати падари бузурговарашро мекард, акнун дар ҳавлии калони дуошёна падарашро танҳо монда, ба хонаи шавҳар омад. Ҳарчанд шавҳараш писари ягонаи рафиқи падараш ҳасту ба ӯ касе намегӯяд, аз ҳоли падарат бохабар нашав, вале хонаи шавҳар қонуну қоидаи худро дорад.
Нозанин бо аммаи ягона ва духтараммаи меҳрубонаш Зулайхо маслиҳат карданд, ки падарашро зан медиҳанд. Чун қиссаи зиндагии талхи Гулнозро шунид, бо як овоз ӯро интихоб намуданд. Шарти Гулноз ҳамин буд, ки мард ӯро бояд бо духтарчааш қабул кунад…
Давом дорад ...