Sebiston new 2024 october
Анъанаҳои аҷиби тӯёна дар Индонезия
2215

Дар тамоми кишварҳои дунё анъанаҳои аҷибу ғарибе ҳаст, ки метавонад шуморо дар ҳайрат гузорад.

Имрӯз мо дар бораи анъанаҳои тӯёнаи мардуми индонезия ба шумо маълумот медиҳем. Дар ҷамоати Тидонги Индонезия як анъанаи аҷиб вуҷуд дорад,ки аз давраҳои хеле қадим ҷорӣ аст. Баъди тӯйи арӯсӣ вақте домод арӯсро ба хонааш меорад, ба ангушти арӯс ангуштарини никоҳиро домод нею, модари домод меандозад.

Барои навхонадорон баъди туйи арӯсӣ се рӯз рафтан ба ҳоҷатхонаю ҳамом мамнуъ аст. Дар ин се рӯз бояд зану шавҳари ҷавон аз хона ба берун набароянд. Тибқи анъана, дар давоми се рӯз навхонадоронро зери назорати ҷиддӣ мегиранд ва онҳоро аз озмоишҳои душвор мегузаронанд. Дар ин муддат онҳо обу хӯроки кам мехӯранд то ниёз ба ҳоҷатхона пайдо нашавад. Аз вуҷуд доштани чунин анъана бисёри шаҳрвандони Индонезӣ хабар надоштанд, аммо чанде пеш Вазорати фарҳанг ва санъати ин кишвар эълон намуд, ки ин анъана то ҳанӯз дар баъзе минтацащои индонезия вуҷуд доштааст.

Табибон ба хотири зинда мондани тифли батни зан ҷисми ӯро ба дастгоҳи таъмини ҳаёт пайвастанд.


GIgm6mT6kwSkoGyxGjLoCRO8gZ1l0z5oaESg5vN0


Раиси ҷамоати Тидонг-Марукин Долла исрор дорад, ки риоя накардани урфу одати гузаштагон метавонад боиси афзоиши талоқ, безӯрётӣ ва фавти кӯдакон гардад.
Дар ҷамоати дигари Индонезия-Сулук тӯйи арӯсӣ бештар аз як ҳафта давом мекунад. Тӯли як ҳафта арӯс набояд аз хона берун барояд. Дар ин муддати арӯсро дар паси парда мешинонанд, домод бошад, бояд як ҳафтаи дароз барои арӯсаш сурудҳои ишқӣ мехонад, танҳо пас аз ин, вай ҳуқуқи дидани арӯсро пайдо мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД