Селена Гомес, ҳунарпеша ва овозхони машҳури амрикоӣ чанд сол боз аз бемории гурда азият мекашид.
Гурдаҳои Силена қариб аз кор монда буданд ва ба ин зебосанам хатари марг таҳдид менамуд. Дили дугонаи ҷониаш Франсия Райса ба ҳоли Селена сӯхту як гурдаашро ба ӯ туҳфа намуд. Пас аз ҷарроҳӣ ҳоли ин ҳунарманди шӯҳратёр рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.
Табибон таъкид карда буданд, ки баъди ҷарроҳӣ Селена бояд саломатиашро сахт эҳтиёт намояд, аммо пас аз ба по бархостанаш ин зебосанами эркатулфор боз ҳамон зиндагии пуршӯру шарашро идома дода, шаб то саҳар бо ошиқони шилқинаш дискотека ба дискотекаю бар ба бар мегашт. Ишқварзиҳои бетартибона ва аз ҳад зиёд шароб нӯшиданаш боиси он гашт, ки саломатии Селена боз бад шавад.
Франсия Райса дугонаи машҳурашро дар меҳмонхонаи “Four Seasons”-и шаҳри Ню-Йорк дар ҳолати мастӣ дарёфт ва миёни онҳо муноқиша бархост. Франсия Селенаро насиҳат кард, ки худро бо дасти худаш ба марг маҳкум насозад, зеро табибон таъкид кардаанд, ки дар сурати аз одатҳои бад даст накашиданаш ӯ метавонад бо ҳаёт абадан падруд бигӯяд. Ба ҷойи раҳмат гуфтан Селена аз эродҳои дугонааш сахт ранҷида, бо ӯ ҷанҷол кард ва таъкид намуд, ки дигар биниашро ба ҳаёти шахсии вай нахалонад. Ҳамин тавр ду дугонаи ҷонӣ аз ҳам ҷудо шуданд.
Пас аз ин ҳодиса Селена Гомес ба ҳолати афсурдагии рӯҳӣ гирифтор шуда, ба беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ афтид.
Хабаргузории амрикоии “Radar Online”дар ин бора хабар дода, таъкид намудааст, ки Селенаи кӯрнамак о имрӯз бо дугонаи ҷониаш, ки як гурдаашро ба ӯ туҳфа карда буд, гап намезанад.
Ёдрас мешавем, ки дугонаи Селена-Франсия Райса ҳунарпешаи амрикоӣ буда, 26-уми июли соли 1988 дар шаҳри Лос-Анҷелоси иёлоти Калифорнияи Амрико ба дунё омадааст. Мухлисон ин паричеҳраро аз филмҳои “Яхи тиллоӣ 4: Оташ ва ях”, “Тобистони нуронӣ”, “Дурӯғи ифлос” ва ғайра мешиносанд.